ONLINE-РАДИО

Дар бораи радио

Радиои «Ватан» 7 майи соли 2003 ташкил шуда, аввалин радиои мустакили шабонарузи дар Душанбе аст. Мо 80% барномахои худро бо забони точики ва факат 20% барномахоро бо забони руси пешниход мекунем. «Ватан» - аввалин радиои хусуси аст, ки дар тамоми каламрави кишвар кобили шунидан аст: моро дар Душанбе ва атрофи он дар мавчи 106, дар Кургонтеппа  ва перомуни он шахр дар мавчи 102,4, дар Хоруг дар мавчи 105 ва дар Хучанду атрофи он шахр дар мавчи 103,3 FM шунидан мумкин аст. Сиёсати мусики мо ба завки шунавандаи имруза мувофик аст: мо таронахои руси, точики, гарби ва шаркиро пай дар хам –шабонарузи пахш мекунем. Дар Радиои «Ватан» худуди 20 нафар штати фаъолият доштаву нафарони зиёде тарики шартнома ва гайриштати машгули кору эчод хастанд. Овозхонони имруз машхури кишвар-Зайнура Пулодова, Тахмина Ниёзова, Фарид Мухаммад, хунарманди театр ва синамо -Абдукарим Машрабов ва боз чанднафари дигар махз ба воситаи лоихаи мусикии «Ситорахои асри нав», ки онро Радиои «Ватан» баргузор карда буд, ба сахнаи  калон  ворид  шудаву  аввалин бор дар Кохи Борбад дар барномаи дастачамъонаи  консерти  ширкат  намудаанд. Бори аввал ба Точикистон  овардани  ситорахои  эстрадаи  чахони–мисли Ингрид, Фируза Чумъаниёзова, Юлдуз Усмонова, Насиба  Абдуллоева, Катя Лель ва чанд  нафари  дигар  дар якчояги  ва  хамдасти  бо  Радиои «Ватан»  сурат  гирифтааст.

Давраи  фаъолияти босамар  ва инкишофи комили журналистони имруз хеле машхури кишвар мисли Рустами Чони (газетаи Имруз нюс), Фируз Хакимов (DjFire, Радиои Ориёно), Зеваршо Махмадов (радиои БИБИСИ), Наргис Косимова (ТВ Сафина), Дилафруз  Комилова (ТВ Сафина), Аъзам Насриддинов (ТВ Варзищ), Хуршед  Исмоилов (Радиои Точикистон, ТВ Пойтахт), Аличон Чураев (газетаи  Минбари халк), Ворис (Симои  Мустакили Точикистон, Садои Мардум), Исмоил Пирмухаммадзода (рухони), Зарина  Эргашева (журналисти  мустакил), Тахмина  Охонвалиева (ТВ Чахоннамо), Баха84 ва Мастер Исмайл (рэперони  машхур) махз  ба замони  фаъолияти онхо дар Ширкати ТВ ваРадиои «ВАТАН» рост омадааст.

Директори  кулли  Ширкати  телевизион  ва  радиои «Ватан» феълан Кулакова-Браннеруд Вера Владимировна аст. 

Нишонии  мо: шахри Душанбе, хиёбони С. Шерози 16, бинои  нашриёти «Шарки Озод», ошёнаи 12. Тамос: 2385106.

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.