ONLINE-РАДИО
27июн
Ваҳдати  миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Оре, сулҳу Ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи Сулҳ –ин  якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. 24-сол аст, ки дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст. 25-умин солгарди Рузи Ваҳдати миллӣ муборак!!!
1июн
Дар пайи тадкикоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» имсол ҳам ширкати телевизион ва радиои "ВАтан" дар мақоми аввал қарор гирифт.  Мувофики назарсанҷӣ, ки  созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» анҷом доданд, зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, шабкаҳои телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва дигар ВАО-и мақбули дили хешро интихоб карданд. Бояд гуфт дар миёни шабакаҳи радиоии хусусии пешсаф сегонаи пештозони радабандӣ дар Тоҷикистон бе тағир бокӣ монд. Воқеан соли ҷори зинаи аввали пешсафонро шабакаи радиоии "ВАтан" бо 14,5 фоиз ишғол кард. Пешсафи тадқиқоти пешин радиои "ИМруз" ба зинаи дуввум фаромад. Руйхати сегонаро радиои "Азия-плюс" анҷом мебахшад. Тадқиқот моҳҳои январ ва феврали соли 2022 бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар ҶТ баргузор шуд.
1июн
 Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Cоли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар шуд. Аммо баъзе кишварҳо 20 ноябр, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон ҷашн мегиранд. Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон  Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак амал мекунад, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Дар ин рузи фархунда ҳамаи кӯдакони ҷахонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хохонем.    
15май
    Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд. Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд. Тули 24 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рузи байналмилалии Оила» бо як шукуху шахомати хосса тачлил мегардад. Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд. Таъсиси Рӯзи ҷаҳонии оила аз ҷониби СММ беҳуда нест. Ба андешаи СММ, вақте ки ҳуқуқҳои як оила осеб мебинанду вайрон карда мешаванд, ин таҳдид ба ягонагии оилавии тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро ҳар оила мансуби он аст. Оила ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва зинаи аввали ҷомеаи инсонӣ ба тарзи худ ба талаботи замон ва ҷомеа ҷавоб гуфта, худ онҳоро шакл дода, дар якҷоягӣ бо олами атроф пеш меравад ё коҳиш меёбад. Муҳаббататонро пинҳон накунед, ошкоро ибрози эҳсос намоед. Ба рафиқи ҳаётиатон шунидани ин суханҳо гуворо хоҳад буд, ки шумо ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар муҳаббати шумо, бидуни ин ҳам ошкоро маълум бошад, ба баёни пайвастаи он коҳилӣ накунед. Баъзан кифоя аст як навиштаи муҳаббатангез ё гулакеро рӯйи миз дар ҷойи намоён гузоред. Як навозиши самимона ва табассуми гузарон низ гармие ба нишоти хонаводагии шумо метавонад зам кунад. Ширкати телевизион ва радиои «»Ватан»  тамоми оилаҳои хушбахти диёрро бо  Рузи байналмилалии оила табрику муборакбод намуда, бароятон тансихативу хонаобод, меҳру садоқат ва зиндагии босаодату бардавомро таманно менамояд.    Бигзор, ҳамеша чароғи хонаатон фурузону қалбҳоятон гарму равшан бошад.
7май
7 май рузи умумиҷаҳонии радио ва алоқа қайд мешавад. Ҷашнгирии рӯзи радио ба номи олим ва физики барҷастаи рус Александр Попов алоқаманд аст. Маҳз бо ташаббуси ин олими забардаст соли 1895 радио ихтироъ шудааст.Дар ин руз яке аз маҳбубтарин радиоҳои кишвар радиои "Ватан" 19 солагии рузи таъсисёбии хешро таҷлил мекунад. Радиои "Ватан" 7 майи соли 2003 таъсис ёфтааст. Муддати 19 соли фаъолияти пурбарор радиои "Ватан" бо барномаҳои ҷолибу рангину шунидани тавонист дили ҳазорҳо ҳаводорону дустдорону шунавандаҳои гиромиро ба худ ҷалб созад. Тайи 19 сол радио талош кард ва мекунад, то ки баҳри шумо шунавандаҳои гиромӣ барномаву гуфторҳои аҷибу рангинро таҳия ва пешкаш кунад. Бояд гуфт дар рузи ҷашн ҳамкорон ва шарикони тиҷоратии радиои "Ватан" баҳри шодбошиву таманниёти худ паҳлуи радиои "Ватан" буданд. Сипос ба шумо ки ин рузро боз ҳам фараҳбахштар кардед.
29апр
 Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем. Ба ин муносибат ширкати телевизион ва радио кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рӯзи Саиди Фитр  табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамояд.
2апр
Ба ифтихори ҷаҳонии Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон аз 2 то 9 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки ин ҷашнвораро бо унвони "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!" роҳандозӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар намоиши китобии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, намоиши “Лаҳзаҳо аз фестивал”, ва намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад. Намоиш – фурӯши китоб рӯзи 3 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, Мактаби таълими миёнаи умумии № 32 ноҳияи Сино, соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соати 14.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода доир мегардад. Рӯзи 4 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод, Мактаби таълими миёнаи умумии № 1 ноҳияи И. Сомонии пойтахт ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун соати 14.00 баргузор мешавад. Рӯзи 5 апрел, соати 10.00 дар Китобхона-филиали №10 ноҳияи Варзоб ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №17 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Идомаи фестивал рӯзи 6 апрел, соати 10.00 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, Мактаби таълими миёнаи умумии № 55 –и ноҳияи Шоҳмансур ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад. Фестивал рӯзи 7 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва соати 11.00 дар Мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе идома меёбад. Рӯзи 8 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, Мактаби таълими миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 70-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад. Ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрели соли 2022, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва бо супоридани тӯҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар саросари ҷаҳон ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад.
29мар
Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел  оғоз мегардад. Тавре аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд, Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҷаласаи имрузи худ  изҳор дошт, ки тибқи далелҳои илмӣ, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел фаро мерасад. Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, мутобиқи фармудаҳои дини ислом, ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».
21мар
Ҳамватанонаи азиз! Ширкати телевизион ва радиои "Ватан" ҳамаи шумо- азизонро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта,  бароятон тансиҳатию дарозумрӣ,  сарбаландию саодатмандӣ  ва муваффақиятҳои беназирро  таманно дорад. Бигзор  баҳори зиндагиатон саршор аз меҳру муҳаббат ва дастархонатон  пур аз файзу баракот  бошад. Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист. Қадамат хуҷаставу эъҷозҳоят барҷаста бод, ай Наврўзи дилафрўз! Ало, эй обшорон,  Навруз муборак бод, Ало, эй рудборон,  Навруз муборак бод. Бувад дар хамдилимон камоли хамдиёри, Ало, эй хамдиёрон,  Навруз муборак бод!

Асос

дар бораи мо

Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Etiam luctus diam vitae eleifend sollicitudin. Donec dictum interdum lacus vel porttitor. Phasellus id luctus urna, eget malesuada felis. Quisque facilisis ligula vel lacus volutpat, vel tristique quam ultricies. Donec purus justo, semper quis ante in, consectetur gravida diam. Donec quis nulla lacus. In eget pharetra massa, ut euismod orci. Fusce tempor cursus nunc, et euismod massa porttitor ac. Donec vel nunc vitae purus consectetur rhoncus vel vel massa.

ШАРҲИ БЕШТАР
РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.