ONLINE-РАДИО

Барномаҳо

Дар чомеъаи муосир ва шароите, ки  мо зиндаги дорем, накши радио дар тахрики андешаи мардум, дигар шудани чахонбини ва тафаккури онхо ва ба миён овардани афкори ахли чомеъа хеле мухим аст. Эхсос мешавад, ки имруз мардум ба радио бештар аз  телевизион бовари ва эътимод дорад ва дар холи зарурат ба ин дастгохи пуркуввати таблиготи ру меорад. Мо аслан ба ин назар нестем, ки радио бояд хатман ба минбари насихату маслихату ошноии марду зан табдил биёбад, вале чонибдори он хастем, ки радио барои бехтар сохтани зиндагии мардум хатман бояд мусоидат кунад. Бо кадом рох? Бо рохи пешниходи ахбори саривакти ва мухим, бо рохи, сохтани барномахои гуногуни омузиши ва маърифати, бо рохи муаррифии имкониятхо ва иктидори мавчуда дар самтхои гуногуни кишвар, бо  рохи хамкори дар лоихахои муштарак бо муассисот ва  ташкилоти байналмиллали дар амали сохтани ин ё он тарх  ва мисли инхо.   Радиои «Ватан» дар самти дастгирии ичтимоии мардум, фарохам овардани имконияти рушд барои сокинони кишвар баъзе лоиха ва тарху накшахоро хам амали кардааст ва мекунад. Дар бораи баъзеи онхо дар ин макола муфассалтар хохем навишт.

Аввалин намоишгох-фуруши хайрияви

Холо ширкату ташкилот ва чамъиятхои зиёде пайдо шудааст, ки ба чамъоварии маблагхо барои корхои хайр машгул аст, барномахои консертиро ташкил карда, маблагашро ба суратхисоби касе ва ё барои табобати касе сарф мекунад, дар рузи иду чашнхо барои баргузории чорабинихои идона барои ятимону мухточон мусоидат мекунад. Радиои «Ватан» икдоми каме фарккунандаеро аввалин шуда дар кишвар пиёда  кард: мо молу ашёи гуногунро аз нафарони машхур ва хохишмандон чамъ карда, онхоро дар богчаи канори Театри Опера ва Балет ба фуруш гузоштем. Нархи кимматтарин 20 сомони буд. Он молу ашё истифода шуда хам буду нав хам. Нафарони машхур аз кабили сарояндахо, сиёсатмадорон, рассомон молу ашёеро ба намоишгохи мо оварданд, ки арзиши баланд доштанд. Мо онхоро тарики музояда (аукцион) фурухтем. Факат дар як руз бештар аз 1000 доллари амрикои ба даст омад, ки он барои гузаронидани иди соли нав барои ятимон ва тарбиятгирандагони чанд хонаи кудакон, богчахои бачагона ва беморхонахо сарф шуд. Ин идея аз чониби мардум хеле хуб кабул карда шуд. Тасаввур кунед, ки мо дар ин икдом як бастаи китобхоро тарики музояда бештар аз 200 сомони фурухтем. Нафаре, ки харидори кард, медонист, ки маблаги у барои дастгирии ятиме сарф мешавад ва бо камоли майл нархро боло мебардошту мехост харчи бештар сахгузори кунад. Ин гуна намоишгох-фурушро мо ният дорем, ки дар як сол ду маротиба –дар бахор ва тирамох баргузор кунем.

Аввалин клуби ихтиёриён (волонтёрхо)

Радиои «Ватан» дар доираи як лоихаи худ бо дастгирии Сафорати Амрико дар кишвари мо бори аввал миёни хама воситахои ахбори оммаи Точикистон Клуби ихтиёриён (волонтёрхо)-ро ташкил кард. Мо дар ин лоиха чавонони фаъол ва ихтиёриро аз Кулоб-8 нафар, Кургонтеппа-5, навохии атрофи Душанбе ва албатта аз пойтахт-кариб 20 нафар  гирди хам овардем. Хамаи онхо, ки  хохиши кумакрасони, эчодкори ва неки кардан доштанд, аз курси якмохаи махсус гузашта, сохиби Сертификат шуданд. Ихтиёриёни мо аз Кулоб баъди бозгашт ба зодгохашон тавонистанд, ки шумораи ихтиёриёнро ба гурухи худ, ду маротиба бештар кунанд. Холо акнун онхо зери номи «Гурухи Мадад» дар Кулоб чорабинихои идона, маърифати ва хайриявиро анчом медиханд. Дар доираи фаъолити худ Клуб  дар баргузории идхои гуногун барои бачахо мусоидат кардааст. Мо дар беморхонахо барои кудаконе, ки табобат мегирифтанд, бо ширкати кахрамонхои афсонави чорабинихои идона баргузор кардем, ба хона-интернати дехаи Чорбоги нохияи Варзоб рафта, барои кудакон тухфахо бурдем,  мо ба чандин хонахои ятимон рафта, тухфахои идона, ширини ва маводи дигари гизо бурдем ва хар гуна бозихоро барои онхо ташкил намудем. Имруз низ ин клуб фаъолият дорад ва сари чанд вакт дар чорабинихои радиои аъзоёни он , ки хамзамон дар чамъияту ташкилоти дигари хайрияви фаъолият мекунанд, гирди хам меоянд.

Лоихаи «Дармонгохи хукуки»-ёрии ройгон ва махфии хукуки барои занхо

Ин лоиха чанд сол кабл бо дастгирии сафорати Норвегия пешниход шуда буд. Механизми ин лоиха хамин гуна аст, ки мардум, махсусан занхо ба раками  телефони хатти фаъол занг зада, хатто бе гуфтани ному насаб ва маълумоти бештаре дар бораи худ, саволи худро пешниход мекунад. Хукукшиносони мо, ки хамзамон ровии барнома хастанд, аввал ба воситаи телефон ва баъд дар вакти пахши барнома ба он саволхо чавоб мегардонанд. Мохона шояд бештар аз 100 нафар ба раками 989107272 занг мезананд ва кумаки хукукии ройгон мегиранд. 

Соли 2014 ин лоиха бо дастгирии Сафорати ИМА дар Точикистон баргузор шуд. Занхо имкон доштанд, ки хатто адвокатро бепул (аз хисоби ин лоиха) ба мурофиахои суди баранд то хукуки онхоро химоя кунад. Чанде пештар гурухи занхо аз минтакаи Кургонтеппа ба телефони бовари тамос гирифта, хостгори сухбати ру ба ру бо адвокат аз барномаи «Дармонгохи хукуки» шуданд. Муаллифи ин барнома адвокат Чахонгир Шодиев ва Директори барномахои Радиои «Ватан» - Субхон Чалилов ба он деха рафта, бе восита бо мардум, махсусан бо занхо дар хонаи як сокини хамон деха чамъ омада, сухбат карданд. Мушкилоти гуногун доштанд онхо: якеро хамсараш партофта рафта буд, шавхари дигари дар Русия бедарак шуда буд, часади хамсари якеашро бе чону бе сар аз мухочират оварда буданд, яке масъалаи маскункуниро ба миён гузошта буд….  

         Дар кисмати нихоии ин лоиха мо семинарии якрузаро бо ширкати намояндахои макомоти давлати ва гайридавлати, намояндагони сафорату ташкилоти хоричии мукими Точикистон ва доираи васеъи хабарнигорон дар Маркази Тадкикоти Стратегии Точикистон баргузор кардем. Чихати фаркунандаи ин семинар тачрибаи нахустини Радиои «Ватан» бо истифода аз хизмати актёрони касби буд. Идея чунин буд:

-Мо ду актёр-марду занро, ки гуё бо хамдигар чанчол карда истодаанд,  дар кучахои серодами Душанбе гузошта, аз дур пинхони онхоро сабт кардем. Зан дар холе, ки гиря мекард, аз рохгузарон имдод металабид. Ачоибат ва чизи гайриинтизор барои   мо хамин буд, ки касе ба у намехост кумак кунад. Аз бари у мусафедон, галстукдорон, либоси низоми пушидахо, занхо, донишчуён ….мегузаштанд. Хама бетараф ва бепарво буд. Максади мо хам аз ин тачриба - то чи андоза бетафовут набудани мардумро фахмидан буд. Аммо афсус, ки  тачриба нишон дод, ки мардум кариб ки ба мушкилоти як оилаи чавон комилан беахамият асту намехохад, ки кумак кунад: яек барои он, ки либосхои он зан (актрисаи мо) аврупои буд, як кас барои он, ки худаш ба занхо бовари надорад, каси дигар барои он, ки ба чанчоли бегона хамрох шуданро хуб намешуморад…..

Дар ин семинар мо хамон расмхо ва наворхои дар чараёни сафари кориамон ба шахри Кургонтеппа ва нохияи Чалолиддини Руми бардоштаамонро хам ба намоиш гузоштем. Семинарии амали барои иштирокдорон хеле писанд омада буд.

Татбики лоихахои  радиои тарики шабакахои ичтимои (махсусан Фейсбук)

Холо Фейсбук ба  кароргох, утоки кори ва хатто хонаи баъзехо табдил ёфтааст. Хама чизи шавковар –хох пайём бошаду хох сурат ва хатто хох як чумла шархихоли дар ин сахифа вокуниш ба амал меораду барои пешниходи назари дигарон сабаб мешавад. Бо назардошти он ки аксарияти барномахои мо тарики ин шабака муаррифи мешаванд, мо баъзе накшаву тарххои худро махсус ба фейсбук мутобик мекунем. Масалан, хатто волидони хушсаликаро барои Чоизаи харсолаи ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе ба воситаи Фейсбук интихоб мекунанд. Озмунхои «Гулхои Ватан», «Хотироти аскари», «Дав бо туфлихои пошнадори занона барои мардхо», «Караоке», озмунхои кудакона, чамъоварии тухфа барои кудакони ятимхонахо, чамъоварии китоб барои шогирдони яке аз мактабхои нохияи Рудаки бо хохиши муаллиамаи фанни забони русии хамон мактаб….ва боз чандин озмуну тарххои ичтимои ва шавковар ба воситаи Фейсбук баргузор шудаву тарики Радиои «Ватан» таблиг ва инъикос шудаанд.

Махсулоти радио ва инъикоси мавзуъоти мубрами руз

Тачрибаи дигаре, ки мо намунаи онро дар радиои дигари кишвар  нашунидаем, сохтану пахш кардани роликхои ичтимои дар мавзуъоти гуногун аст. Масалан, дар мавзуъи хомуш кардани чарогхо дар Рузи чахони Замин (День земли), сохтани роликхои огохкунанда дар мавзуъхои истифодаи окилонаи об, барк ва хифзи мухити зист, риоя кардани коидахои харакат дар роххо ва мисли ин аз махсулоти радиои аст, ки ба хотири савоб ва хам боло бурдани маърифати мардуми шахр, сокинони кишвар ва доираи васеъи шунавандахои радиои тахияи ва пешниход шудаанд ва феълан дар мавзуъи хифзи молу чон хангоми обхези, заминларза ва селу сухтор дар эфир пахш шуда истодаанд.  Мавзуъи барномахои мо «Бе тахрир», «Репортёр», «Чашмандоз», «Алифбои тандурусти», «Помогиня», «Экоквартира», «Мама, папа, я», «Чойхона», «Пайрохаи зиндаги», «Гуфтумон», «Имруз», «Пайгоми рушнои», «Хафтавранг» (барномаи динни) аслан ба ичтимоиёт, фарханг ва болобурди сатхи маънавиёту чахонбинии мардум равона шуда буд.

Хамкории Радиои «Ватан» бо ташкилоти байналмиллали

Навтарин лоихаи мо ва Созмони Чахонии Мухочират барномаи «Дур аз Ватан…» аст, ки агар то хафтаи гузашта, факат дар 12 руз як маротиба ва дар доираи як соат баргузор мешуд, акнун рузхои чоршанбе аз соати 10:10 то 12:00 мустакиман бо ширкати хукукшиносон ва  мутахасисон аз он созмони чахони ва хам аз макомоти дахлдори давлатии ватани баргузор мегардад.  Бо хамкори ва мусоидати созмону ташкилоти чахони, сафоратхонаи кишвархои гуногун мо чандин марафону рузхои махсусро – мисли рузи чахонии мубориза алайхи СПИД, Рузи пешгирии мехнати кудакон, Рузи чахонии духтарон, маъракахои гуногунуи эмгузарони, рузи мубориза бо варача, бо бемории сил, рузи дастгирии кудакони дорои аутизм ва чандин рузу махфилу марафонро тарики эфир ва дар кучахои Душанбе бо инъикоси онхо дар эфир баргузор кардаем, ки хамаги хотирмону таъсирбахш буданд. Дар самти хамкори бо ташкилоти Окфам хам натичахо каноатбахш хастанд. Лоиха бо ин ташкилот то охири мохи марти соли равон бо номи «Зан. Замин ва Замон»  идома меёбад.

Хамкории мо бо Сафорати Амрико, Британия, Фаронса, Русия, Норвегия, Озорбойчон, Белорусия, Маркази фархангии «Бактрия» ва мисли инхо дар сатхи хеле хуб ба рох монда шудааст ва лоихахои муштараки мо хамеша шавковару натичабахш хастанд.

Радиои «Ватан» -  садои «Ватан» дар фазои Ватан !!!

==============================================================================

         Барномаҳои сахарӣ – аз ҳар нуқтаи назар аз ҷамъи барномаҳои дигари  радиоӣ мухимтаранд.Махсусан, агар гап сари радиоҳои тиҷоратӣ биравад, ки даромади асосии он фақат таблиғ ва таҳияи барномаҳо бо сарпарастон аст. Тибқи омор ва мушоҳидаҳо ҳам шумори шунавандаҳои барномаҳои саҳарӣ ба маротиб бештар аст. Маълум аст, ки касбияти ровӣ, мӯҳтавои барнома, сатҳи омодагии муаллифон, истеъдод ва ҳунари ҷалби таваҷҷӯҳи шунаванда ҳам дар қатори вақту соати мувофиқ ва қулай барои пахш инҷо нақш дорад.

Барномаи саҳарӣ дар радиои «Ватан»ҳам аз замони оғози фаъолияти ин радио – соли 2003 таҳия ва пешниход мешавад. Бояд қайд кард, ки барномаи саҳарии «Ватан», ки «Рӯзи нав» ном дошт, аз ҳар ҷиҳат –ҳам шаклу услуби пешниҳод, ҳам мӯҳтаво, ҳам вақту соат ва ҳам тарзи таҳия ва сохтор аз барномаҳои дигари саҳарӣ, ки фақат дар ягона Радиои кишвар - «Радиои Точикистон» таҳия мегардид, ба куллӣ фарқ дошт. Он замон барномаи «Рӯзи нав»дар таҳияи аввалин ровиёни радиои «Ватан» - Наргис Қосимова ва Зеваршоҳ Маҳмадов пешниҳод мешуд.  Баъзе пахлуҳои фарқкунандаи ин барномаро аз барномаҳои радиои Тоҷикистон ва шабакаи дигари радиои хусусии «Азия Плюс», ки чанд моҳ пештар аз Радиои «Ватан» кори худро сар карда буд, баён мекунем:

  1. Агар ба ёд орем, ки барномаҳои саҳарии Радиои Точикистон аксаран аз саҳафоти қаблан сабтшуда (сӯҳбат, гузориш, очерк ва мисли ин)  иборат буд ва барномаи саҳарии Радиои «Азия Плюс» бо забони русӣ садо медод, барномаи саҳарии Радиои «Ватан» - «Рузи нав» аввалтар аз ҳама якбора бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ва баъдан пурра мустақим садо медод.Яъне, омехта кардани забонҳо ва як бора дар эфир будани ровии тоҷик ва русзабон таҷрибаи нав набуда, ҳанӯз 14 сол кабл дар радиои «Ватан» корбаст шуда буд.
  2. Дар «Рузи нав»қариб тамоми саҳафоти барнома мустақимансадо медод ва акнун шунавандаҳо  тариқи телефон метавонистанд озодона тамос гирифта, иштирокчии барнома бошанд. Ҳамон вақт ширкати мустақим ва телефонии шунаванда дар барномаҳои радиои навгоние буд, ки аввалтар аз ҳама ба худи шунавандаҳо писанд омада буд.
  3. Ҷихати дигари фарқкунандаи барномаи «Рӯзи Нав» ба сиёсати мусиқии он барнома (ки ҷузъе аз сиёсати умумии мусиқӣ дар радиои «Ватан» буд) вобаста аст. Маълум буд, ки ҳамеша (ҳатто замони шуравӣ низ) мардум тарона ва мусиқии мақбули худро ба ҳар роҳу восита пайдо мекард ва мешунид. Ҳарчанд таронаҳои хориҷӣ, барои мисол – англисӣ, эронӣ, афгонӣ дар барномаҳои Радиои Тоҷикистон қариб  ки садо намедод,  ин ба хеҷ ваҷҳ маънои онро надошт, ки мардум дар хона ин гуна таронаҳоро гуш намекунад. Фиттаҳо бо ҳар роҳ дастраси мардум мешуд ва кам набуданд нафароне, ки Аҳмад Зоҳиру гуруҳи Битлз ва таронаҳои дигари хориҷиро гуш мекарданд. «Рузи Нав» ба шакли омехтаи пахши таронаҳо гузашт. Акнун дар Радиои «Ватан» ва барномаи саҳарии ин радио - «Рӯзи Нав» чор гурӯҳи таронаҳо пайдарҳам садо медоданд – таронаҳои тоҷикӣ, русӣ, шарқӣ ва ғарбӣ.
  4. Ҳаҷми кутоҳи бахшҳои барномаи саҳарӣ яке аз дигар хусусиятҳои фарқкунандаи он барнома буд. Дар Радиои тиҷоратӣ акнун кушиш мекарданд, ки як мавзӯъ дар бештар аз як бахш мавриди таҳлил карор нагирад. Як бахш то 12-13дақиқа метавонад бошад. Бештар аз ин гуфтан дар як барнома барои шунавандаи замони нав, ки акнун имкони интихоби барномаҳои зиёди радиоиро дошт, тавсия намешуд. Чизе, ки баракси дигар барномаҳои радиоӣ дар радиои хусусӣ дарозтар карда шуд – ин вақти умумии барнома буд. Масалан, барномаи саҳарии «Рӯзи нав» дар Радиои «Ватан» акнун ду соат идома мекард.

Дар тули 3-4 соли аввали таҳия ва пешниҳоди барномаи саҳарии «Рузи Нав» чанд тан аз ровиёни ҳамон вақт машҳури радио ва телевизион – Наргис Қосимова, Зеваршоҳ Махмадов, Зарина Эргашева, Лола Саидметова, Фируз Ҳакимов,Фарзона Абдулқайсова ва дигарон барои сохтани он барнома ва таҳияи бахшҳои алоҳидаи он саҳм доштанд. Ман низ замони ба кор омаданам ба радиои «Ватан» дар қатори барномаи табрикотӣ, ки ҳар нимрӯзӣ пешниҳод мешуд, ба барномаи «Рӯзи Нав» ҷалб шудам. Барои ҳамкорони мо, ки қариб ҳамаги мухаррир ва ровиёни  собиқи радио ва Телевизиони Тоҷикистон буданд,  Радиои «Ватан» мактаби таҷрибаи пешрафта буд. Имкониятҳо ҳам аз нигоҳи техникӣ, ҳам аз нигоҳи эҷодӣ ва ҳам аз нигоҳи молиявӣ инҷо васеътар ва беҳтар буд. Ба ҳайси сарвари радиоҳои нав ба кор шурӯъ кардани баъзе кормандони собиқи радиои «Ватан»  ва ба шабакаҳои дигари машҳур даъват шудани гурӯҳи дигари онҳо исботи ҳамин гуфтаҳост.

Тақрибан 10 сол қабл, таҳия ва пешниҳоди барномаи «Рӯзи нав» ба дӯши ман уфтод. Як муддат он боқолаби қаблӣ – бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ таҳия мешуд. Баъдтар бо он ки рақобат дар ин самт акнун пурзӯртар мешуд, талаботи рекламадиҳандагон ҷиддитар мегашт, шунавандаҳо акнун тамоман дигар буданд, зарурати ҷорӣ сохтани як катор тағирот ба миён омад ва мо онҳоро фикр ва ҷорӣ сохтем:

  1. «Рӯзи нав» акнун бо пешниҳоди шоир Ворис, ки он замон масъули бахши фарҳангу иҷтимои радиои «Ватан» буд, «Субҳи Ватан» ном гирифт.
  2. Новобаста ба он, ки мо фақат дар ҳудуди Душанбе ва атрофи он иҷозаи расмии пахши барномаҳоямонро доштем, доираи шунавандаҳои радиои «Ватан» ба маротиб васеъ гашт.
  3. Мо саҳифа ва бахшҳои барномаи саҳарии «Субҳи Ватан» -ро акнун ба завқи шунавандаҳои худ мувофиқ мекунондем. Барои мисол, бо назардошти он, ки аксарият имкони фақат дар дохили воситаи нақлиёт гӯш кардани радиоро доштанд, мо саҳифаи «Маршруткаҳо» -ро фикр кардем, ки баъдтар номи «Ҳамсафар»-ро гирифт. Бори аввал дар таърихи радиои тоҷик буд, ки барои ронандаҳо бензин тақдим карда мешуд. Ин таҷриба ҳоло ҳам дар Радиои “Ватан” мавҷуд аст ва аз ҷониби мардум, махсусан ронандаҳо хуб қабул карда мешавад. Тартиби саҳифаи мазкур ин гуна буд, ки дар он чор шунаванда занг зада, чор рақамро номбар мекард, яъне ҳар шунаванда як рақамӣ интихоб мекард. Ҳамон чор рақам ба рақами мошини кадоме аз шунавандаҳои мо рост меомад, ӯ соҳиби 5 литр бензин мешуд. Баъдтар замоне, ки мо таваҷҷӯҳи бештари мардуми мусофир ва ронандаро ба ин саҳифа ҳис кардем, ҳаҷми бенизинеро, ки тӯҳфа мешуд, бештар кардем. Акнунғолибон 10 литр бензин ба даст меоварданд. Ҳоло дар ҳамин саҳифа барои ғолиб 20 литр бензин тақдим карда мешавад. Ин саҳифа ҳамзамон барои таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ саҳмгузорӣ мекунад.
  4. Тарзи фарқкундаи таҳия ва пешниҳоди «Субҳи Ватан», ки аз соати 6-и субҳ то 8 садо медод, чунин буд, ки акнун шунаванда дар таҳияи он саҳифаҳо нақш дошт. Яъне, мо бахшу саҳифаро фикр мекардем ва шунавандаҳо дар аввалин нашри он назари худро баён мекарданд ва мо ҳатто ваъда мекардем, ки агар 10 шунаванда аз шеваи пешниҳоди он саҳифа ё бахш розӣ набошад, мо онро тағир медиҳем ва ё тамоман аз он даст мекашем.

Бо бештар шудани шумори шунавандаҳои мо, бо назардошти он, ки онҳо намояндагони касбу кори гуногун ҳастанд, мо пайваста саҳифа ва бахшҳои навро тахия мекардем. Дар зер ман ном ва мавзуъи сӯҳбату мӯҳтавои аввалин саҳифаҳои барномаи саҳарии «Субҳи Ватан» -ро меорам:

Бо бештар шудани таваҷҷӯҳи мардум барномаи «Субҳи Ватан»
 акнун фақат бо забони давлатии тоҷикӣ на ду соат, балки се соат – ҳар рӯзи корӣ аз соати 6 то 9-и субҳ садо медод. Шумораи саҳифа ва бахшҳои ин барнома дар тӯли чанд сол ба бештар аз 50 расонида шуд, ки миёни тамоми барномаҳои радиоӣ ҳоло ҳам ба гумони ғолиб рекорд аст. Аксарияти саҳифаҳои барномаи мо бештар аз даҳ сол аст, ки бе таваққуф садо медиҳанд. Дар қатори чанд бахше, ки болотар шарҳашон рафт, саҳифаҳои дигаре, мисли «Раҳорах», «Бе ном», «Андарз», «Як рӯз дар таърих», «Агарҳо», «Дарвозабон», «Рост аст, ки...», «Фақат мо...», «Гиждалла», «Ман бо духтаре вохурдам...», «Тарҷумон», «Навиштаҷот»,  «SMS –шӯхиҳо», «Саҳарбозор»,  «Лаҳзаҳо», «Муаммо»,  «Аввал пурсиш», «Радиотеатр», «Як хабар»,  «Хандарез»,  «Садои таҳрифӣ», «Боғча-яслии Ватан», «Буд ва ё  набуд...», «Мавҷи ханда», «Субҳи чолу кампир», «Шоми чолу кампир», «Хазина», «Таронаи рӯз», «Чарх»,  «25 сония», «Бе дурӯғ», «Нақшаи рӯз», «Меҳмонхона», «Киву куҷо», «Нома ба Бобои Барфӣ», «Қитъахонӣ» (частушкаҳо), «Панҷгонаи коғазӣ», «Пораоҳангҳо», «Ризқи ҳавоӣ» ва «Теорема»таҳия мешуданд ва қариб ҳамаашон имрӯз ҳамҳастанд.

  1. Ҷиҳати дигари фарқкунандаи барномаи «Субҳи Ватан» таҳияи барномаҳои фармоишӣ аз ҷониби сарпарастон аст. Ин гурӯҳи бахшу саҳифаҳо доимӣ набуда, дар тӯли эътибори шартномаи сарпарасти он саҳифа бо Радиои «Ватан» таҳия мешаванд. Барои мисол, мо бо сарпарастии ширкатҳои суғурта бахши «Боварӣ», бо ширкати заргари ва фурӯши маснуот аз тилло саҳифаи «Кристал Шоу», бо як созмони хориҷӣ саҳифаи «Зан. Замин ва Замон», бо ширкатҳои доруфурушӣ ва тиббӣ саҳифаи «Алифбои тандурустӣ», «Пардифен шоу»,бо нуқтахои фурӯши сӯзишворӣбахши «Джи Драйв»,бо ширкати лотофурушӣ бахши «Фурсати бурд..» ,  «Футбол» ва мисли инҳоро омода кардаем.
  2. Ба назар гирифтани завқу табъ ва хоҳиши шунавандаҳои радио, ҳарчанд, ки каме мушкилӣба бор меорад, аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки шумо дигар дар барномаи худ саҳифаи нолозим ва ё камаҳамият надоред. Шумо медонед, ки онро намояндаҳои ҳамин самт ва ё соҳибони ҳамон завқҳатман гӯш мекунанд. Ва инро аз зангҳои телефонӣ ва паёмҳои онҳо ҳам фаҳмидан мумкин аст. Дар «Субҳи Ватан» бахши “Лаҳзахо” бо назардошти завқи дӯстдорони шеъру ғазал, саҳифаи «Радиотеатр» барои дустдорони театр ва ҳунар, саҳифаи «Чарх» барои дӯстдорони сайру саёҳат ва сафарҳо, саҳифаи «Навиштаҷот», «Субҳи чолу кампир», «Шоми чолу кампир», «Агарҳо», «Рост аст, ки..», «Фақат мо..», «Қитъахонӣ»  барои онҳое, ки дӯстдорони навишта, эълон ва маъниву ҷумлаҳои шавқовару хандаоваранд, саҳифаи «Саҳарбозор» ва «Ризқи ҳавоӣ» барои онҳое, ки барои ҷавобҳои дуруст пул бурд кардан мехоҳанд, «Боғча-яслии ватан» барои кӯдакон, наврасон ва волидони онҳо таҳия ва пешниҳод мешавад. Мақсади асосии мо то ҳадди имкон фаро гирифтани шунавандаҳо бо тамоми табъу завқ аст.
  3. Паҳлуи дигар фарқкунандаи барномаи «Субҳи Ватан» ба пахшу қироати хабарҳо вобаста аст. Мо дар ин барнома дар саҳифаи «Як хабар», «03», «Ҳамсафар» ва мисли инҳо хабару маълумотро қаблан ё пешакӣ омода намекунем. Яъне, ровӣ онҳоро аз саҳафоти гуногуни интернет, ки дар вақти пахши барнома ҳатман кушода аст, интихоб карда, дар эфири мустақим ҳамзамон тарҷума ва нақл мекунад. Нақли хабар, маълумот ва ё ягон далел бо забони содда, равон ва фасеҳ, ки аз ровӣ касбият, донишу саводи мукаммал ва истеъдоди тарҷумониро талаб мекунад, нисбат ба қироати рӯякии хабарҳо  аз сӯйи шунавандаи радио  хубтару беҳтар қабул мешавад. 
  4. Барои шунаванда хушоянд нест, ки барномаҳои радиоӣ умри кӯтоҳ доранд, дар онҳо ровиён тез-тез иваз мешаванд, мавзуъҳо ва саҳафоти бениҳоят содда ва обшуставу забонзада пешниҳод мегардад. Дар барномаи «Субҳи Ватан» (агар баъди ним соли фаъолияти радиои «Ватан» ба кор омадани муаллиф ва ровии онро ба назар гирем) ҳудуди 13 сол аст, ки ҳамон як муаллиф ва ровӣ фаъолият мекунад. Устуворӣ дар касбу кор, ҳамеша пайдо кардани кадом мавзуъ ва хайёлбофии рангин, хаста нашудан аз саҳархезии ҳамешагӣ шояд пахлуҳои хеле муҳиме барои кори ровии барномаҳои саҳарии радиоӣ бошад. 
  5. Тафовути дигари фарқкунандаи барномаи «Субҳи Ватан» аз соири барномаҳои радиоӣҳаминаст, ки он аз рӯзҳои аввали таҳияаш бе кӯмаки коргардон, муназзими овоз ва ё каси дигари сеюм пешниҳод мешавад. Дар барномаи мо ҳамон як кас ҳам муаллифаст, ҳам ровӣ ва ҳам масъули идораи тамоми таҷҳизоти сабту пахши барномаҳои радиоӣ! Ин тарзи кор албатта кори мушкил аст, вале аз он ҷихат хуб аст, ки  он вақт рушди касбии корманд таъмин мегардад, ӯ худро комилан озод ва мустақил эҳсос мекунад, тамоми ҷараёни барнома –сабти он, зангҳои телефонӣ, қабули смс-пайёмҳо, дарёфти хабарҳои мувофиқ, наву шавқовар ва мисли инҳоро худаш тахти назорат дорад. Аз нуқтаи назари молиявӣ ҳам камтар будани кормандони маошгир барои радиои тиҷоратӣ сабукӣ аст.
  6. Дар вақти таҳия ва пешниҳоди барномаи «Субҳи Ватан» мо ҳатман чанбаъҳои фароғатӣ ва омӯзиширо ба инобат мегирем. Таҷрибаҳои мо дар дохил ва хориҷи кишвар нишон медиҳад, ки қариб тамоми барномаҳои сахарӣ дар тамоми дунё ҳатман содда, саргармкунанда, шавқовар, рӯҳболокунанда ва мароқангезанд. Шабакаҳои радиои тиҷоратӣаслан дар вақти муҳиме чун субҳ барномаҳои таҳлилии вазнин, ток-шоуҳои пур аз ҷангу ҷанҷол ва баҳс, барномаҳои сиёсӣ ва мисли инҳоро пахш намекунанд. Аз сӯйи дигар ҳоло масалан дар кишвари мо сарпарастоне ҳам, ки омода бошанд барои ҳамин гуна барнома пул бидиҳанд, қариб ки ёфт намешаванд. Яъне, агар соддатар карда гӯем, шунавандаи радиои тиҷоратӣ аз субҳ бояд бо шунидани қиссаи кушта шудани келин аз ҷониби хусур ва ё вазъи ногувори як зани танҳое баъди ҷудошавӣ аз ҳамсари майзадааш гиря накунад. Баракс, мо ӯро бояд ба рӯзи нав омода кунем - вай дар ҷараёни хабару тағироти нав бошад, муҳимтарин далелу иттилоъро, ки барояш зарур аст бишнавад, таронаи дӯстдоштаашро гуш кунадва соҳиби тӯҳфаи хотирмоне шавад. Барои радио барномаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва мисли инҳо ҳам мухим аст, аммо ҷой ва мавқеъи пахши онҳоро дар ҷадвали пахши барномаҳои радиои тиҷоратӣ бояд дуруст пайдо кард.
  7. Ҷиҳати дигари фарқкунандаи барномаи саҳарии Радиои «Ватан» -«Субҳи Ватан» -ро, ки дар дигар радио ва телевизионҳо қариб ки мушоҳида намешавад, метавон кулоҳи оғози барнома гуфт.Кӯлоҳи оғози барномаи мо як пора тарона аст, ки он аз ҷониби муаллиф ва ровии барнома суруда шудааст.  Аз рӯзҳои аввали таҳияи ин барнома мо шояд ягон 7-8 ҳамин гуна кӯлоҳи барномаро иваз карда бошем. Мақсад ин буд, ки барномаи мо аз ин ҷихат, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи рекламадиҳанда ва шунавандаҳо хеле муҳим аст, азбарномаҳои дигари мавҷудбуда тафовут дошта бошад. Матн, ки ба субҳу вакти саҳар ва  услубу сохти барномасозии мо иртибот дорад,  аз ҷониби ровӣ навишташуда,  бо ин ё он оҳанги машҳур суруда мешавад. Ҳамин таҷрибаро дар вақти таҳияи саҳифа ва бахшҳо ҳам мо истифода мебарем. Ба ҷуз кулоҳ ё оҳанги оғози барномаи «Субҳи Ватан» чандин бахшу сахифаҳои ин барнома, аз ҷумла «Нақшаи рӯз», «Бе ном» ва  «Қитъахонӣ»ҳамин гуна бо оҳанг аз ҷониби муаллиф ва ровии ин барнома суруда шудаанд.
  8. Пахлуи дигари фарқкунандаи барномаи саҳарии «Субҳи Ватан» аввалтар аз ҳама аз барномаҳои дигари худи Радиои «Ватан» ва баъд аз барномаҳои радиоҳои дигар – ин арзиши таблиғот ва роликҳои реклама дар фосилаи пахши ин барнома аст. Ҳарчанд нархи роликҳои то 40 сониягии таблиғотӣ ва рекламаи шифоҳии молу маҳсулот тариқи «Субҳи Ватан» барои имруз аз ҳама қимматарин бошад ҳам, шумори онҳое, ки мехоҳанд ишораи ширкату коргоҳашон фақат дар ҳамин барнома садо диҳад ё дар бораи молу маҳсулот ва хизматрасониашон дар ҳамин барнома гуфта шавад, на фақат кам нашудааст, балки дар ҳоли афзоиш аст.

Таҷриба нишон медихад, ки бо дигар шудани вазъ, тағирот дар фазои иттилооти кишвар,  ба сатҳи нав ворид шудани радиоҳои замони нав, дигар шудани талаботи шунавандаҳои муосир шаклу сохти барномаҳои радиоӣ хам бояд тағир биёбанд ва беҳтар шаванд.  Шунаванда ҳамон вакт ба барномаҳои радиоӣ таваҷҷӯҳ мекунад ва боварӣ хохад дошт, ки воқеъияти рӯзгори ӯ дар онҳо акс ёбад, барои болобурди сатҳи донишҳои ӯ мисли донишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мусоидат кунанд.

Барномаи «Субҳи Ватан» бо доираи васеъи мавзуъ ва бахшу саҳифаҳое, ки дар он матраҳ мешавад ва ҳам бо истифодаи жанрҳои мухталифи журналистика –хабар, мусоҳиба, гузориш, очерк… имрӯз шунавандаи зиёд дорад ва барои пурратару рангинтар кардани фазои иттилоии кишвар ва оғози рӯзи ҳар шунавандааш саҳмгузорӣ мекунад. 

==============================================================================

 

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.