ONLINE-РАДИО

Ровиён

 

 Ном. Насаб. Номи падар.

Ҷалилов Субҳон Ҷурабекович

 Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо кӣ гуфта ҷеғ зананд?

Мехостам маро ҷеғ назананд :) 

Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан” омадед?

Бо маршрутка.

 Барои корманди Радиои “Ватан” будан кадом сифатҳоро бояд дошт?

Бояд каме шух бошӣ, аз ҳар боб кам-кам маълумот дошта бошиву дуруғгуву баҳонаҷӯ набошӣ.

Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Кинагир нестам. Ба кор ҷиддӣ муносибат мекунам. Масъулиятро эҳсос мекунам.

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Мехостам кам-кам кинагир шавам, ба хотири ҳифзи сиҳатиам аз ин кор каме дуртар равам ва ақалан рӯзҳои истироҳатӣ ба коргоҳ наоям.

Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Маро ҳам дар зарурат ва ҳам бе кадом зарурате фақат аз Радиои “Ватан” ёфтан мумкин аст.

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

Барои донишҷӯён як хобгоҳи калони ройгон месохтам, ки фақат истифодааш бо роҳи 2 ва 3 надоштан дар дафтарчаи имтиҳонотӣ мебуд. 10 театри хурди шакли нав месохтам. Муйсафедони деҳаамонро ба ҳаҷ мефиристодам...

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”

Вақте ки дафтарчаи туй ва маъракаҳо имрӯз аз дигар рӯзҳо дида бештар “сиёҳ” мешавад...

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Ба бахти ҳамкорон ё шояд ба шӯрбахтии душманон аст, ки ҳамон Субҳони гуфтаатон, ҳар рӯз дар ҷойи кор аст. Мисле, ки ҳатто касал ҳам намешуда бошад....

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Ҳамкорони мо то ин лаҳза намедонистанд, ки ман ба ҷуз радио дигар ягон машғулияту касбу ҳунари дигар надорам!!!

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Бояд роҳбар буд. Фақат як ҳамин гуна роҳ мавҷуд асту халос.

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Айнан ҳамон гуна фоида аст, ки аз муҳандисиву ошпазиву духтуриву дорушиносии онҳо ба ман.

“Ватан” – яъне чӣ?

Ватан – яъне, замини муқаддас, Ватан – яъне пушту паноҳ, Ватан – яъне, манзили абадӣ.

 

 

  Ном. Насаб. Номи падар.
    Бобиев  Далер Имомидинович

  Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо кӣ    гуфта ҷеғ зананд? Брат..

  Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан”     омадед? Дар автомойка бо Субҳон     Ҷалилов вохурдем, ҳамон ҷо якта   шартнома ҳам бастем. Аммо ин   шартномаи корӣ барои Радиои Ватан   набуд. Лекин шартномаи даҳонӣ ва   бовар дорам қалбӣ дар ҳамон автомойка   баста шуду ман ҳоло дар ВАТАН-ам.

 Барои корманди Радиои “Ватан”   будан  кадом сифатҳоро бояд дошт?

 Позитив бояд фикр кард, позитив бояд зиндагӣ намуд, хурок бояд зиёд хурд. Акнун зарур мешуморам вазнамро аз 52 кг ба 100 кг расонам))). Варзишгар бояд буд, зеро рӯзҳои ғайри корӣ 12 ошёнаро пиёда боло бароӣ.

Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Ҷавони лоғарандоми қоматхамида ва навакак ба 18 даромада. Суҳбати бонувони хушҷақҷақро дӯст медорад. Аммо дӯсттар медорам вақте ин бонувон маро ба ошхона даъват кунанд, ва ҳатман аз ҳисоби худ зиёфат диҳанд ....)))).

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Тадвини видеофилмҳо бо барномаҳои навтарин. Салом доданро ба калонсолон, хосса ба духтарон. Кори идораи муҳосиботро -  барои онки доим дар дастат пул ҳаст, агар аз худат ҳам набошад.

 Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Аз таҳхона ё болохонаи кадом як театр, ки ҳамагӣ 7-тоянд дар шаҳри Душанбе. Ҳоло чаро таҳхона ё болохона инашро суол надодед. Муҳим аз театр.

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

3 сотиқ замин, дар маркази шаҳр ва як театри 3 ошёнагӣ дар зери замин. Болоша ҳар кӣ хоҳад гирад.

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”?

Ҳаррӯзи ман бо барор аст))) Чунки ман ҳастам ҳаминлаҳза, ин муваффақият ва барор аст.

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Маъшуқааш ммммм мхмх... бахшиш дустдухтараш субҳ аз ӯ барвақтар аз хоб хеста дарро аз берун маҳкам карда рафтааст. Ҳоло ӯ дар он хона мунтазир ки....

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Дар бораи ҳамоне, ки ҳоло ҳам ва инҷо ҳам набояд донанд.

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Сари вақт ба кор омад, ва вазифаи худро дониста кор кард. Муҳимтар аз ҳама  уро кам-кам ба хӯроки нисфирӯзи даъват кард. Муҳим инки аз ҳисоби Ӯ бошад.

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Фоида ҳамин, ки акнун онҳо аз мавҷи радиои болотар ба поин 106 fm мефароянд.

“Ватан” – яъне чӣ?

Яъне ман, яъне туе, ки ин сатрҳоро мехонӣ. Яъне, он ҳама инсонҳое, ки моро дуст медоранд. Ватан дар мафҳуми умумӣ ҷуйборчаи назди ҳавлиамон, ки бовар дорам Шумо ҳам онро як замон бубинеду дар гушҳоятон...Садоииии Ватаааан дар фазоииии Ватааааан...садо бидиҳад.

 

 

 Ном. Насаб. Номи падар.

 Рухшона Киматшоевна Мирзоширинова 

  Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо кӣ     гуфта ҷеғ зананд?

 Апашка

 Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан” омадед?

 Ман наомадам, маро  маҷбурӣ оварданд,   (шухи) .ман бо даъвати Нуқра омадам.

 Барои корманди Радиои “Ватан” будан     кадом сифатҳоро бояд дошт?

 Бояд одам ҷиддӣ бошад,  каму беш шух ҳам,   ботаҷриба, ростқавлу росткор бошад ва   ҳамкоронашро ҳурмату эҳтиром намояд.

 Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот   диҳед.

 Оташинам, тез  "алов" мегирам, аммо  боз зуд хомӯш мешавам, дар дил кина намегирам. Ғайри хоҳиши худам ман доимо дер мемонам, ва аз  ин хислати на ончунон хуб ҷойи халосӣ  надорам (((( Зудбоварам, тез ба одамон бовар мекунам, ва аз ин зудбовариам бисер "шатта" хам мехӯрам, амммо, вале, лекин.......

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Кори муҳосибӣ. Мехостам барномаи 1С  муҳосиботро аз худ кунам

 Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

015 занг мезанед.

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

Ними маблағро хайр мекардам ва бо ними дигараш  сайру гашти оламро якҷо  бо аҳли  оилаам анҷом медодам.

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”?

Рузе, ки шартномаи дарозмудатро бо маблағи калон ба имзо расонам.

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Боз ягон духтари нозанин "дуздидаш"... ))))

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Йога

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Бояд худат роҳбар бошӣ  )))) (шухӣ) . Бояд  аз уҳдаи тамоми корҳо саривақт баромада тавонӣ.

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Ҷавобхоро  ба саволҳои  Субҳон  аз барномаи "Субхи Ватан"  пешакӣ ба онҳо мегӯям,  то ки соҳиби тӯҳфа гарданд.))) (шухӣ) 

“Ватан” – яъне чӣ?

Ватан - яъне, радиои беҳтарин ва дустдоштанӣ. Ватан - сарзаминам, оилаам  ва тамоми хешу ақрабоям, дустонам ва наздиктарин одамон барои ман!!!!!

 

 

  Ном. Насаб.

  Мирзоева Мастура (Барои Далери     Имомалӣ - Мастура Ортикова)

  Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо кӣ   гуфта ҷеғ зананд?

 Снегурочка

  Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан”   омадед?

 Рафтаму рафтаму рафтам  ниҳоят ба   радиои Ватан расидам ва дар ҷоям   истодам.

  Барои корманди Радиои “Ватан”   будан кадом сифатҳоро бояд дошт?

  Бояд масъулиятро ҳис намуда,   вазифаро сари вақт иҷро намояд.

 Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Тарсончаку гирёнчак. Вобаста аз ҳамсӯҳбат хандончак.  Хоболуд ва хушрӯча

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Забони англисӣ, мустақилона таваллуд кунонидани занон (Ман дар яке аз таваллудхонаҳои Душанбе ҳам кор мекунам ку...))))

Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Аз назди телевизор, дар вақти  пухтан ва ё хӯрдани шириниҳо.

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

Аввал ёбам баъд он тарафашро фикр мекунам.

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”?

Вакте ки нақшаи кашидаамро ба пуррагӣ иҷро намудам.

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Пеш аз ҳама зудтар уро дидан мехохам, зиёд фикр накарда,  занг мезанаму аз худаш мепурсам

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Аз ин гуна машғулиятам худам ҳам бехабарам

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Дур-дур гаштан лозим

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Аз худи онҳо пурсидан лозим

“Ватан” – яъне чӣ?

Пеш аз ҳама ҷои зистам, маконе ки дар оғӯши гармаш ба воя расидам. Ҷоест, ки ҳама шароитро бароям мухайё сохтааст. Озодона нафас мекашам, таҳсил мекунам, кор мекунам....
Ман бо Ватан ва меҳри Ватан дар дили ман аст.

 

 Ном. Насаб. Номи падар.

 Атоев Додихудо Олимходжаевич.

 Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо   кӣ гуфта ҷеғ зананд?

 Бобои Додихудо,

  Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан”   омадед?

 Рузе дар мошин нишаста будам   радио гуш мекардам,ки овози   кувват  дихандаи Субхон Чалилов   ба гушам расида мегуфт. Ба   радиои “Ватан” мухофиз кабул   мекунанд. Ман ин эьлонро шунида   ба радио занг задам ва рузи дигараш  ба радио ба кор омадам.

Барои корманди Радиои “Ватан” будан кадом сифатҳоро бояд дошт?

Бояд ростгуй ва росткавл боши ва муҳимтар аз ҳама - чеҳраи радиоӣ дошта бошӣ ))))).

Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Дар оила фарзанди ягонаам, сигор намекашам машруботи спиртӣ истеъмол намекунам ба ҳамсарам вафодорам ва  танхо ба варзиш машгулам. Ин 5 ҷумларо ҳамчун се ҷумла қабул кунед ))))

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Навохтани асбоби мусиқии дуторро мехостам  аз худ кунам.

Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Агар маро мекобӣ - аз радиои Ватан меёбӣ, ғайри радиои “Ватан” ҷойи дигари пинҳон шудан надорам )))))

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

50% фисади онро ба хонаи бе парасторон хайр мекардам ва 50% фисади дигарашро бурда,  дар хона мазза карда ҳамрохи кӯдаконам то рӯзи тамом шуданаш (ва то рӯзи дарак ёфтани соҳиби асосии он пул!) мехӯрдам ))))

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”?

Ҳамон рузе, ки апаи Шахноза (хазинадори радиои мо) мегӯянд, ки “ бачахо, имрӯз маош мешавад” )))))))

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Субҳонро ё аз радио пайдо кардан мумкин аст ва ё аз Интернет. Аз хона дида бештар ӯ дар ҳамин ду ҷой аст.

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Ман шабона таксӣ кор мекунам, рӯзҳое, ки навбатдор набошам, дар бозори Меҳргон асал мефурушам ))))))))

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Бояд ба маҷлисҳо омаду ҳатман супоришҳоро ба дафтари корӣ навишт. Роҳбарфикр мекунад, ки баъд мо он супоришро иҷро мекунем ))))))))))))

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Фоида ҳамин аст, ки ман онҳоро қариб ки намебинам, бо онҳо ҳеҷ вакт ҷанҷол намекунам. Онҳо ҳамеша ҳайронанд, ки чаро ман дар Радио кор мекунаму ягон барномаи радиоӣ надорам!? ))))))))

“Ватан” – яъне чӣ?

Ватан – яъне, ҳама чиз, буду набуд, имрӯзу фардо, нангу ор, пушту паноҳ...

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.