ONLINE-РАДИО

"Чипта ба Русия" дар Радиои "Ватан"

Бо 6 сомонӣ ба даст овардани чиптаи ҳавопаймо ба яке аз шаҳрҳои Русия имконпазир шуд

Иқдоми "Чипта ба Русия" барои муштариёни ширкати алоқаи TCELL тариқи Радиои "Ватан" идома дорад. Ҳар рӯзи корӣ аз соати 08:40 мустақиман имкон доред, ки ҷараёни бозиро гуш кунед ва на фақат ин, балки ҳатто ба идораи асосии TCELL омада, ҷараёни баргузории бозӣ ва муайянсозии ғолибро бевосита тамошо кунед.

Шумо метавонед дар ин иқдом иштирок намуда, соҳиби чиптаи ройгон ба Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Иркутск, Сочи, Новосибирск, Оренбург ва чиптаи сафар ба дигар шаҳрҳое гардед, ки “Сомой Эйр” ба он самт хатсайр дорад.

Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст то бастаи “5 дақиқа ба Русия”- ро ҳамагӣ бо 6 сомонӣ харидорӣ намоед. Баъд аз фаъол намудани баста, ба шумо дарҳол СМС бо шумораи (ID) муайян, ки аз як адади 8 ракама иборат аст, фиристода мешавад. Шумораҳои мазкур дар озмуне, ки дар офиси марказии Тселл баргузор мегардад, истифода хоҳад шуд.

Хотиррасон менамоем, ки як ID шумора, дар озмуни мазкур як маротиба иштирок менамояд. Барои иштироки минбаъда шумо метавонед бастаи мазкурро ҳар рӯз харидорӣ намуда, дар озмун иштирок намоед. Бояд қайд намуд, ки рақамҳои рузи шанбе ва якшанбе ба шумо фиристонидашуда, рузи душанбе иштирок менамоянд.

• Барои фаъол намудани «Бастаи 5 дақиқа ба Русия», коди мазкурро пахш намоед - *880*1#
• Барои тафтиш намудани маблағи боқимонда - *880#
• Барои бекоркунии баста - *880*2#

Иттилооти муфассалро оид ба иқдоми “Чипта ба Русия” шумо метавонед аз сомонаи расмии ширкат ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намоед.

Садои "Ватан" - дар фазои Ватан !!!

 



 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.