ONLINE-РАДИО

Рӯзи тақдими Ҷоизаи ТОП-50 маълум шуд

Даври пешниҳоди номзадҳо барои ТОП-50 ба охир расид

Ширкати ТВ ва Радиои "Ватан" ҳама сола Ҷоизаи ТОП-50 -ро ба нафарони воқеъан ҳам арзанда тақдим мекунад. Мақсад аз ташкилу баргузорсозии ин озмун - таваҷҷӯҳ ба ҳамон касоне аст, ки дар тули як сол барои беҳтар шудани зиндагии худ ва дигарон кори назаррасеро анҷом додаанд. Тавонистанд ҳолатеро дигар кунанд, ба кадом комёбие даст ёбанд, чизеро суйи беҳи тағир бидиҳанд. Ҳама сола ҳудуди 2 моҳ барои мардум имкон фароҳам оварда мешавад, ки ба воситаи сомонаи махсуси ин Ҷоиза - www.top50.tj номзадҳоро пешниҳод кунанд. Онҳо дар ин муддат то 400 касро пешниҳод мекунанд. Мо бошем аз он миён фақат 50 нафари воқеъан ҳам арзандаро интихоб мекунем. 
Маросими ҷоизасупорӣ ҳама сола дар меҳмонсаройи Ҳайят Душанбе баргузор мешавад. Мо дар ин маросим дар қатори 50 ғолиб, ки то ҳамон фурсат аслан аз ғолибияташон бехабаранд, иловатан меҳмонони дигарро аз мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, сафоратхонаҳо, тоҷирону соҳибкорон, намояндагони ширкату коргоҳҳое, ки тули як сол бо Радиои "Ватан" ҳамкорӣ доштанд, таблиғи  молу маҳсулот ва хизматрасонии худро тариқи ин радио анҷом доданд, даъват мекунем. Ин маҳфил ҳамеша бо суруду тарона ва суҳбат сари дастурхони идона ҷолибу хотирмон аст. 
50 касе, ки ҒОЛИБ меоянд, ДИПЛОМИ Ҷоизаи ТОП-50 -ро ба даст меоранд !!!






 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.