ONLINE-РАДИО

"Ҳуқуқи ман" - лоиҳаи ҳуқуқӣ ва омузишӣ дар "Ватан"

Надонистани қонун шуморо аз ҷавобгарӣ раҳо намекунад.

Баланд будани маърифати ҳуқуқии мардум заминаро барои таъмини волоияти қонун, оромӣ ва субот дар ҷомеъа ва дар маҷмуъ - расидан ба зиндагии боз ҳам беҳтар фароҳам меорад.

"Ҳуқуқи ман" - барномаи кӯтоҳи ҳуқуқӣ аз Радиои "Ватан" аст, ки дар он паҳлуи ҳуқуқии муҳимтарин мавзуъ ва масъалаҳо баррасӣ мешавад.

Надонистани қонун шуморо аз ҷавобгарӣ раҳо намекунад. Донистани қонун ва санадҳои ҳуқуқии ба мо ва зиндагии мо вобаста зарур асту муҳим асту манфиатовар.

Номгӯи мавзуъ ва масъалаҳои чанд барномаи охири мо:

- Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон;
- Қоидаву тартиби кор дар хориҷа;
- Нуктаҳои муҳими Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ";
- Ҳуқуқи мо бо такя ба Қонуни ҶТ "Дар бораи маориф";
- Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахси холис;
- Ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бо такя ба санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ;
- Муҳимтарин бандҳои Қонуни ҶТ "Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрошёнагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил";
- Оё нозири барқ ҳуқуқ дорад, ки барқи хонаи шуморо қатъ кунад?
- Суғурта ва тартибу қоидаҳои он;
- Чӣ бояд кард, агар шумо дар хона мавриди хушунат ва зуроварӣ қарор доред?;
- Барномаи давлатии ФР оид ба мусоидат ба куч додани ихтиёрӣ ба Русия барои ҳамватанони бурунмарзӣ;
- Агар шуморо аз кор ҷавоб доданӣ бошанд, чӣ кор бояд кард?;
- Ҳуқуқ ба истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъияти ва истироҳати имтиёзнок;

 

Барномаи "Ҳуқуқи ман" рӯзҳои СЕШАНБЕ, ҶУМЪА ва ЯКШАНБЕ соати 10:10 ва 20:10 пахш мешавад.

Садои "Ватан" - дар фазои Ватан !!!

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.