Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Оре, сулҳу Ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи Сулҳ –ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. 24-сол аст, ки дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
25-умин солгарди Рузи Ваҳдати миллӣ муборак!!!
Дар пайи тадкикоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» имсол ҳам ширкати телевизион ва радиои "ВАтан" дар мақоми аввал қарор гирифт. Мувофики назарсанҷӣ, ки созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» анҷом доданд, зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, шабкаҳои телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва дигар ВАО-и мақбули дили хешро интихоб карданд. Бояд гуфт дар миёни шабакаҳи радиоии хусусии пешсаф сегонаи пештозони радабандӣ дар Тоҷикистон бе тағир бокӣ монд. Воқеан соли ҷори зинаи аввали пешсафонро шабакаи радиоии "ВАтан" бо 14,5 фоиз ишғол кард. Пешсафи тадқиқоти пешин радиои "ИМруз" ба зинаи дуввум фаромад. Руйхати сегонаро радиои "Азия-плюс" анҷом мебахшад. Тадқиқот моҳҳои январ ва феврали соли 2022 бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар ҶТ баргузор шуд.
Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Cоли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар шуд. Аммо баъзе кишварҳо 20 ноябр, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон ҷашн мегиранд.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак амал мекунад, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.
Дар ин рузи фархунда ҳамаи кӯдакони ҷахонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хохонем.
Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд. Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд. Тули 24 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рузи байналмилалии Оила» бо як шукуху шахомати хосса тачлил мегардад.
Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.
Таъсиси Рӯзи ҷаҳонии оила аз ҷониби СММ беҳуда нест. Ба андешаи СММ, вақте ки ҳуқуқҳои як оила осеб мебинанду вайрон карда мешаванд, ин таҳдид ба ягонагии оилавии тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро ҳар оила мансуби он аст. Оила ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва зинаи аввали ҷомеаи инсонӣ ба тарзи худ ба талаботи замон ва ҷомеа ҷавоб гуфта, худ онҳоро шакл дода, дар якҷоягӣ бо олами атроф пеш меравад ё коҳиш меёбад. Муҳаббататонро пинҳон накунед, ошкоро ибрози эҳсос намоед. Ба рафиқи ҳаётиатон шунидани ин суханҳо гуворо хоҳад буд, ки шумо ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар муҳаббати шумо, бидуни ин ҳам ошкоро маълум бошад, ба баёни пайвастаи он коҳилӣ накунед. Баъзан кифоя аст як навиштаи муҳаббатангез ё гулакеро рӯйи миз дар ҷойи намоён гузоред. Як навозиши самимона ва табассуми гузарон низ гармие ба нишоти хонаводагии шумо метавонад зам кунад. Ширкати телевизион ва радиои «»Ватан» тамоми оилаҳои хушбахти диёрро бо Рузи байналмилалии оила табрику муборакбод намуда, бароятон тансихативу хонаобод, меҳру садоқат ва зиндагии босаодату бардавомро таманно менамояд. Бигзор, ҳамеша чароғи хонаатон фурузону қалбҳоятон гарму равшан бошад.
7 май рузи умумиҷаҳонии радио ва алоқа қайд мешавад. Ҷашнгирии рӯзи радио ба номи олим ва физики барҷастаи рус Александр Попов алоқаманд аст. Маҳз бо ташаббуси ин олими забардаст соли 1895 радио ихтироъ шудааст.Дар ин руз яке аз маҳбубтарин радиоҳои кишвар радиои "Ватан" 19 солагии рузи таъсисёбии хешро таҷлил мекунад. Радиои "Ватан" 7 майи соли 2003 таъсис ёфтааст. Муддати 19 соли фаъолияти пурбарор радиои "Ватан" бо барномаҳои ҷолибу рангину шунидани тавонист дили ҳазорҳо ҳаводорону дустдорону шунавандаҳои гиромиро ба худ ҷалб созад. Тайи 19 сол радио талош кард ва мекунад, то ки баҳри шумо шунавандаҳои гиромӣ барномаву гуфторҳои аҷибу рангинро таҳия ва пешкаш кунад. Бояд гуфт дар рузи ҷашн ҳамкорон ва шарикони тиҷоратии радиои "Ватан" баҳри шодбошиву таманниёти худ паҳлуи радиои "Ватан" буданд. Сипос ба шумо ки ин рузро боз ҳам фараҳбахштар кардед.
Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.
Ба ин муносибат ширкати телевизион ва радио кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рӯзи Саиди Фитр табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамояд.
Ба ифтихори ҷаҳонии Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон аз 2 то 9 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки ин ҷашнвораро бо унвони "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!" роҳандозӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар намоиши китобии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, намоиши “Лаҳзаҳо аз фестивал”, ва намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Намоиш – фурӯши китоб рӯзи 3 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, Мактаби таълими миёнаи умумии № 32 ноҳияи Сино, соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соати 14.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода доир мегардад.
Рӯзи 4 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод, Мактаби таълими миёнаи умумии № 1 ноҳияи И. Сомонии пойтахт ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун соати 14.00 баргузор мешавад. Рӯзи 5 апрел, соати 10.00 дар Китобхона-филиали №10 ноҳияи Варзоб ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №17 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Идомаи фестивал рӯзи 6 апрел, соати 10.00 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, Мактаби таълими миёнаи умумии № 55 –и ноҳияи Шоҳмансур ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад. Фестивал рӯзи 7 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва соати 11.00 дар Мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе идома меёбад.
Рӯзи 8 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, Мактаби таълими миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 70-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрели соли 2022, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва бо супоридани тӯҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар саросари ҷаҳон ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад.
Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел оғоз мегардад. Тавре аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд, Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҷаласаи имрузи худ изҳор дошт, ки тибқи далелҳои илмӣ, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел фаро мерасад.
Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, мутобиқи фармудаҳои дини ислом, ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».
Ҳамватанонаи азиз! Ширкати телевизион ва радиои "Ватан" ҳамаи шумо- азизонро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию дарозумрӣ, сарбаландию саодатмандӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно дорад. Бигзор баҳори зиндагиатон саршор аз меҳру муҳаббат ва дастархонатон пур аз файзу баракот бошад.
Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист. Қадамат хуҷаставу эъҷозҳоят барҷаста бод, ай Наврўзи дилафрўз!
Ало, эй обшорон, Навруз муборак бод,
Ало, эй рудборон, Навруз муборак бод.
Бувад дар хамдилимон камоли хамдиёри,
Ало, эй хамдиёрон, Навруз муборак бод!
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик, ки 11 марти соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, баъзе аз рузноманигорону журналистони варзида бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим ЛОҳутӣ қадрдонӣ шуданд. Дар барномаи идонаи фарҳангӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовинони Вазири фарҳанги мамлакат, сармуҳарирони рӯзномаву маҷалла, директорони радиову телевизионҳои мамлакат ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Акс аз АМИТ "Ховар"
Ёдрас емшавем, Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 110 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.
Дар рузи матбуоти тоҷик ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2021 сиву ду довталабмаводи худро пешниҳод намуд. Аъзои Кумита аз байни онҳо шахсони зеринро ба Ҷоизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ арзанда эълон кард:
1. Муҳаммадӣ Муқимов(Ҷовид Муқим)
2. Шоҳона Одиназода
3. Нематулло Мирсаидов
4. Саида Набизода
5. Саидмурод Суғдмеҳр
6. Қурбоналӣ Раҳмонзода
7. Шотолиб Шоҳқосимов
8. Ҷумъахон Сайдалиев
9. Аҳлиддини Тоҳир
10. Саидмурод Раҳимов.
Ба ғолибон шаҳодатномаи Ҷоиза, нишони Ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд. Ҳамчунин ғолибони Ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ муайян шуданд:
1. Меҳрофарин Наҷевуллоев
2. Шодмон Кенҷаев
3. Ардашер Гулмуродзода
4. Набиҷони Саидаброр
5. Меҳрангез Додобоева
Ба ғолибон Дипломи Ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Асадулло
Саъдуллоев «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» дар соли 2021 ба нашрияи «Хатлон» супорида шуд.
акс аз АМИТ "Ховар"
Ҳамасола дар сартосари ҷаҳон 8- уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии занон» ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи муҳаббат, покдоманӣ, саодатмандӣ ва олиҳаи зиндагиро таҷассум менамояд. Зан барои касе духтар, барои касе хоҳар, барои касе ҳамсар, барои касе дӯст ва барои касе модар аст.
Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар! Бе ту ҳеч баҳоре зебо ва ҳеч тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст
Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест
Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.
Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил
Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.
Тамоми модарон ва бонувони ватани азизамон ва дар симои онҳо тамоми модарони рӯйи оламро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва Рӯзи байналмилалии занон-модарон табрику таҳният намуда, ба ҳамаи онҳо хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, сарбаландӣ ва саодатманди таманно дорем.
Идатон муборак модарону хоҳарони азиз! Бо эхтиром ширкати телевизион ва радиои “Ватан”
Ширкати телевизион ва радиои «Ватан» 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба афсарону далерони шуҷои Ватан ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯяд. Ба шумо дар ин рузи пурифтихор рӯзгори ободу осуда ва саодатмандиву садоқатмандиро таманно дорад.
Идатон муборак — ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Радиои «Ватан” тули 18 сол аст, ки барномаҳои хубу шуниданиро қариб дар ҳама самтҳо тули 24 соат пешниҳоди шунавандаҳо мегардонад. Кормандони ин радио талош мекунанд, табъи шумо шунавандаҳоро бо барномаҳои ҷолиб боз ҳам болидатар кунанд. “Субҳи Ватан” яке аз беҳтарин барномаҳо дар радио мебошад, ки тули 18 сол бетанафус пешкаш мешавад. Муаллиф ва ровии ин барнома Субҳон Чалилов аст. Аввалин шоу-барномаи саҳарӣ бо забони сирф тоҷикӣ. Бо шунидани ин барнома ва бахшҳои аҷибу ғариб ва ҳазлу шухиҳои ровӣ сад дар сад кафолат медиҳем , ки тули руз руҳатон болида хоҳад гашт. Барномаи “Субхи Ватан” беш аз 50 бахшро дарбар мегирад. Тавре худи муаллифи барнома Субҳон Ҷалилов мегуяд: «Субҳи Ватан барои мардуми бедор»
Муддати 20 рузи охир дар саҳифаҳои иҷтимоии радиои “Ватан” озмуни аксҳои солинавӣ идома дошт ва он рузи 30-уми декабр ҷамъбаст гардид. Имруз ғолибони ин озмун бо диплому тӯҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ шуданд. АБояд гуфт аз миёни 152 акси солинавӣ, ки унвонии радиои “Ватан” ирсол шуд, танҳо акси се нафар пируз шуд. Мақоми аввал насиби Дидор Саъдуллоев гардида, дар ҷойи дуввум Мубораки Қосим ва дар зинаи севвум Тоҳири Назар қарор гирифтанд.
Дар Тоҷикистон ҷоизадорони “Шаҳрванди соли 2021”-ро эълон карданд. Бояд гуфт маросими тақдими ҷоизаи эътирофи ҷамъиятии “Шаҳрванди соли 2021” дар меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе 21 декабр доир гардид. Ин аввалин чунин ҷоизаест, ки Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон бо дастгирии Интернюс баргузор мекунад. Он ба 12 нафаре дода шуд, ки рафторашон намунаи шуҷоати шаҳрвандӣ гардида, дар дигаргуниҳои мусбат дар ҷомеа таъсири чашмрас гузоштааст. Бояд бигуем, ки Ҷоизаи мазкур ба Далер Имомалӣ, рӯзноманигор ва муаллифи маҳфили матбуотии радиои «Ватан» низ супурда шуд. Ӯ бо гузоришҳои далерона ва пахши мустақим дар мавзӯъҳои доғ маъруф аст. Мо аҳли эҷоди радиои “Ватан” ҳамкори азизу гиромии хешро бо дарёфти ин ҷоиза муборак мегуему барояш боз ҳам далериву шуҷоиро хоҳонем!!!
акс аз сомонаи asiaplus.tj...
Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав оид ба муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Тадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Аз натиҷаҳои тадқиқот маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро мебинанд, кадом радиоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро мехонанд.
Чӣ тавре ки Набӣ Юсупов - директори ТҶ “Машварати расонавӣ” ба радиои “Ватан” хабар дод, ғайр аз бартариятҳо ба расонаҳои анъанавӣ, тадқиқот инчунин интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расонидани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ - сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ муайян хоҳад кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони тадқиқот, тавассути муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои мухобироти оммавӣ, тадқиқот метавонад якбора ба се ҳадаф ноил шавад. Якум, аудиторияи истеъмолкунандагон ва сатҳи истифодаи ВАО-ро муайян кунад. Дуввум, ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво кумак намояд. Ва сеюм, ба манбаъҳои ахбор дар муайян кардани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ, ки мустақиман ба аудиторияи мақсадноки онҳо нигаронида шудаанд, ёрӣ расонад.
Тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” аст, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” роҳандозӣ мегардад. Дастгирии молиявии ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Чӣ тавре, ки Набӣ Юсупов қайд кард, тадқиқоти мазкур бори сеюм гузаронида мешавад ва онро бидуни дастгирии Вазорати фарҳанг ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” баргузор кардан мушкил буд. “Барои ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо мо дидаву дониста ба идораҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат накардем, - мегӯяд Н.Юсупов. Бинобар ин, аз Вазорати фарҳанги ҶТ сипосгузорем, ки бори сеюм барои бо сифати баланд баргузор кардани тадқиқот мусоидат менамояд.
Тадқиқоти мазкур бори сеюм гузаронда мешавад. Боиси зикр аст, ки дар тадқикоти соли 2019 се Радиои “Ватан” – дар байни радиостансияҳои мустақили ш.Душанбе ҷойи аввалро ишғол кард.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Ширкати телевизион ва ридиошунаовнии «Ватан» ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, самимона табрик мегӯяд. Бароятон саломативу комёбӣ ва дар корҳоятон муваффақиятҳои беназирро хоҳон аст. Роҳатон мисли Парчам пурҷилову ҳамвор бошад!
Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 16 ноябр рӯзи Президент таҷлил мегардад. Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони палати поёнӣ пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.
5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маросими 10-уми ҷоизасупории лоиҳаи “ТОП-50” баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe сурат гирифт. Дар ин маросим 50 нафари арзанда ба ин ҷоиза ва саҳми эшон дар рушду пешравиҳои Ватани азиз муарифӣ шуданд. Бояд гуфт лоиҳаи “ТОП-50” яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” буда, он сар аз соли 2011 то инҷониб баргузор карда мешавад.
РУЙХАТИ ҶОИЗАДОРОНИ “ТОП-50”, 2021
1. Абдуқаҳҳор Қосим-шоир, таронанавис, журналист, тарҷумон
2. Абдулло Қурбонов-ҳаммуассиси Алиф Бонк
3. Абдурашид Ализода –журналист, ровӣ
4. Азиза Ҳамидова –фаъоли ҷамъиятӣ
5. Азизҷон Азими-муассиси маркази TajRupt
6. Анаҳита Сафарова –мутахассиси ҷавон
7. Асадулло Раҳмон -соҳибкор
8. Барно Боева-тарҷумон, журналист,муҳаррири маҷаллаи минтақавии “Бахтоварони Ваҳдат”
9. Виталий Хинензон -куҳнавард
10. Ҷаннат Хусейнзода -пианинанавоз
11. Заррина Ачилова-мутахассиси муносиботи байналмилалӣ
12. Зебиниссо Иноятова-табиб-гастроэнтеролог аз ВМКБ
13. Камолиддин Сайфиддинов-директори театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ
14. Кристина Ильяс-заргар
15. Лариса Оринина -омузгор
16. Мавзуна Ахунова-табиб
17. Мавҷуда Бозорова –равоншиноси кудакон
18. Малика Сафарова-муаллима
19. Маъруфҷон Менгатов-валонтер-ихтиёрӣ
20. Муҳаммад-Али Маҳмадов-ҳунарманди Халқии Тоҷикистон
21. Муҳсин Юсуфзода-ёрдамчии сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милиса
22. Насима Мастибекова-табиб аз шаҳри Бохтар
23. Нигина Мамаҷонова -нависанда
24. Ниёза Айни-волонтёр
25. Носири Мирзо-тоҷир
26. Оксана Гончарова -табиб
27. Ольга Кузьмичева-омузгор
28. Парвиз Кашкаров-рахбари клуби варзишии “Ирбис”
29. Пулат Пулатов –олим, муассис макатаби Пулатов дар шаҳри Хуҷанд ва гимназияи хусусии “Тоҷикистон” дар Душанбе
30. Рустам Маилов –эҷодкори асил
31. Рустам Шоҳмурод-ҳуқуқшинос
32. Сабоҳат Мирзоева-соҳибкор
33. Сабохат Рахимзода- рохбари Ассотсиатсияи миллии бонувони соҳибкори “Кадбону”
34. Сафар Ҳақдодов –филмноманавис, коргардон,раиси иттифоқи синамогарони Тоҷикистон
35. Сафарали Шамсиев-гулпарвар
36. Содиқ Нуруллоев-ҳунарманди шоистаи ҶТ, омузгори консерватория
37. Умед Очилов -соҳибкор
38. Умиҷон Улугов –ҳамоҳангсози ташкилоти экологии “Пешсаф”
39. Фарангис Шарипова-мутахассис дар самти туризм
40. Фаридун Хайруллозода-директори радиои “Авто радио”
41. Фаридуншоҳ Ваҳҳобзода-ассистенти кафедраи коллеҷи тиббӣ, табиб-ташхисгар
42. Ҳамзабек Мирзовалиён Ҳакимзода-адвокат
43. Хосият Олимова-омузгори Консерватория
44. Хосияхон Марданова-инсони бо иродаи устувор ва мубориз, маъюби гуруҳи аввал
45. Ҳусниддин Қодиров-Соҳибкор
46. Чоршанбе Аловатов-овозхон
47. Шарифамоҳ Алиева-ягона зан -ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ
48. Шуҳрат Орипов-иқтисоддон
49. Шуҳрат Юлдашев –табиб, дандонпизишк
50. Шуҳратҷон Ёров -аксбардор
ШТР "Ватан" ба ҳама шарикону ҳамкорон ва сарпарастон аз ҷумла Бонки Эсхата, маркази савдои Ёвар, Маскан Tower, Вегафарм, Нео Юниверс, маркази ҷавоҳироти Ақиқа, Улкер Тоҷикистон, Сиёма, New Energy Group, толори ҳусни Matrix, Абдулло-Медиа, Бахт-Ивентс ва Red Line ҷиҳати дастгирӣ ва баргузори ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён мекунад.
Ҳамватанони азиз! Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред. Дар ин рӯз ба Шумо ва ба тамоми хонаводаатон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда, сарсабзиву хонаободиро таманно дорем!.
Инак пас аз як руз мо ғолибони ҷоизаи лоиҳаи “ТОП-50”-ро хоҳем шинохт. Ёдрас мешавем, маросими ботантанаи ҷоизапусории лоиҳаи “Топ-50” дар соли 2020 5 ноябри соли 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 17-30 дақика. Бояд гуфт дар ин маросим 50 нафари арзанда ба ин ҷоиза ва саҳми эшон дар рушду пешравиҳои Ватани азиз муарифӣ мешавад. Бояд гуфт лоиҳаи “ТОП-50” яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” буда, он сар аз соли 2011 то инҷониб баргузор карда мешавад.
Сарпарасти расмӣ: Умный Дом ва бонки Эсхата
Сарпарастон: Улкер Тоҷикистон, маркази ҷавоҳироти Ақиқа, ширкати Мегафарм бо доруи пардифен, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии Ширин, Бонки байналмилаии Тоҷикистон, New Energy,ва Маскан тауер
Ҳамкорон: Абдулло-Медиа, Бахт-Ивентс, Red Line, ва толори ҳусни Matrix.
ШТР "Ватан" ба ҳама шарикону ҳамкорон ва сарпарастон ҷиҳати дастгирӣ ва баргузори ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ мекунад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҶТ се нафар корманди радиои “Ватан”-ро бо нишони Аълочии Фарҳанги ҶТ қадрдонӣ карданд. Бояд бигуем ки бо ин нишон ровӣ Далери Имомалӣ, коргардони овоз Зураб Кокоев ва ровии бахшҳои хабарӣ Матлубаи Додихудо сазовор дониста шуданд.
Маросими ботантанаи ҷоизапусории лоиҳаи “Топ-50” дар соли 2020 5 ноябри соли 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 17-30 дақика. Дар ин маросим 50 нафари арзанда ба ин ҷоиза ва саҳми эшон дар рушду пешравиҳои Ватани азиз муарифӣ мешавад. Бояд гуфт лоиҳаи “ТОП-50” яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” буда, он сар аз соли 2011 то инҷониб баргузор карда мешавад. Инак 5 ноябри соли равон мунтазири ғолибони ин лоиҳа мешавем.
Сарпарасти кулл: Умный Дом ва Бонки Эсхата .
Сарпарасти расмӣ: маркази савдои Ёвар.
Сарпарастон: Улкер Тоҷикистон, маркази ҷавоҳироти Ақиқа, ширкати Мегафарм бо доруи пардифен, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии Ширин, Бонки байналмилаии Тоҷикистон, New Energy,ва Маскан тауер
Ҳамкорон: Абдулло-Медиа, Бахт-Ивентс, Red Line, ва толори ҳусни Matrix.
ШТР "Ватан" ба ҳама шарикону ҳамкорон ва сарпарастон ҷиҳати дастгирӣ ва баргузори ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ мекунад.
Як зани зебо ва накусурат, як зани хуб ва некусират, як зани пурмеҳру мехрубон, як зани отифаву олиха, як зани хандону беғараз, як зане ки дунёш пур аз муҳаббат аст, имруз зодруз дорад ва уро ном аст ВЕРА.
Вера Владимировнаи гироми аҳли эчоди ШТР «Ватан» шуморо бо ҷашни мавлудатон муборак гуфта, бароятон саломативу, сарбаландӣ, сарсабзиву хонаободӣ, комёбӣ ва муваффакият таманно дорад. Хоҳиш аз Шумо ин аст, ки доимо ҳамин хел зебо, хандон ва пур аз энергия бошеду бимонед!!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки аз 8 то 11 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар бархе ноҳияҳо суръати шамол то 7-12 метр дар як сокини расида, дар водиҳо рехтани борон ва дар кӯҳистони баландиаш беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр резиши барфи тар пешбинӣ карда мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, сардиҳои аввал барои ҳосили зироати мардум метавонанд хатар дошта бошад. Аз ин рӯ, ин ниҳод аз сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо даъват намудааст, ки ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд ва ҳосили норасидаро бо алаф ва ё селофан маҳкам кунанд.
Илова бар ин, аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли резиши санг низ дар ин рӯзҳо мавҷуд аст.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” ин шабу руз ба наворбардории филми мустанаде бо номи “Ватан дигарай” машгул аст. Ин филм аз зиндагии ҷавоне бо номи Қурбонали қисса мекунад, ки бо сабаби пандемияи Ковид-19 дигар ба муҳоҷират нарафт. Қурбонали ҳоло соҳиби се нонвойхона буда, зинагии худро пеш мебарад. Албатта дар зиндагии қаҳрамони ин филм мушкиливу пешрафтҳо зиёданд ва онро метавон дар филм дид.
Филм дар доираи лоиҳаи Ковид-19, муҳоҷират ва Ватан ва бо дастгирии Интернюс ва сарпарастии ЮСАИД дар Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Нахустнамоиш ин филм охири моҳи октябр дар накша аст.
Истиклолият неъматест бебахо. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон муборак!!!!
Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” хамаи Шумо хамдиёрони гиромиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона шодбош мегӯяд! Орзуманди онем, ки дар хонадонатон тинҷиву амонӣ, дар рӯзгоратон бахту саодат бошад ва комёбии Шумо раҳнамое барои рушди Ватан гардад!
Бигзор осмони Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша мусаффо ва мардуми сарбаландаш сарфарозу муваффақ башад!
Рӯзи истиқлол муборак бод!
Бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон Ширкати Телевизион ва Радиои “Ватан” кабули номзадхоро барои даёфти чоизаи ТОП 50 шуруъ кард. Қабули дархостҳо аз 30-юми август то 30-юми сентябр давом мекунад. Ба руйхат ҳамаи шаҳрвандон ва меҳмони Тоҷикистон, ки дар соли ҷорӣ барои Ватани мо хизматҳои шоён кардаанд, ворид мешаванд. Фақат шумо барои пайдо кардани қаҳрамонҳои арзанда ба мо кумак кунед.
Ба саҳифаи top50.tj ворид шаведу сабти ном кунед, ё бо рақамҳои 238 51 06 занг занед ва имконияти дигар дар саҳифаи фейсбукии радиои Ватан пайём гузоред. Топ-50-2021 арзандаҳоро якҷоя муайян мекунем.
Яҳё дар Ҷопон барои зиндагӣ шароити беҳтар аз Тоҷикистон дошт, ҳоло ба делели "Сovid-19" дар Ватан монд. Оянда низ мехоҳад дар Тоҷикистон бимонад.Мирзомуддин бо даромади як моҳааш то 3000 ҳазор сомон дар Ватан зиндагӣ дорад. Баъди паҳн шавии "Covid-19" ӯ дигар ба муҳоҷират нарафт. Ҷамолиддин сокини вилояти Хатлон низ бо далели паҳн шавии Covid-19 имсол дар Ватан монд ва бо даромади 2500 сомон дар моҳ зиндагӣ пеш мебарад. Ин се зиндагӣ аз се гушаи кишвар дар силсила видео-подкастҳои ШТР" Ватан" ҷой шудаанд, ки дар доираи лоиҳаи "Covid-19 Муҳоҷират Ватан" дар шабакаҳои иҷтимоии радиои "Ватан" моҳи ҷорӣ пешниҳод шуд.
Аудио- видео-подкаст бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода мешавад. Барои муҳтавои ин аудио-намоиш Радиои "Ватан" масъул буда, он инъикосгари ҳатмии мавқеи USAID, Ҳукумати ИМА ё Internews нест.
Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. “Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ” маъракаи ҷаҳонӣ буда, барои баланд бардоштани огоҳӣ ва фаъол намудани амалиёт дар робита бо синамаконӣ равона шудааст. Бояд гуфт дар Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад. Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз доштааст, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад. Мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад. Таҳлилҳои дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар солҳои охир доиргардида нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Бад-ин хотир, аз 2-юм то 9 август дар доираи барномаи субҳгоҳии "Субҳи Ватан" саҳифаи "Баҳодурон" (5 шарти алоҳида барои мардҳо, баҳодурон) ва саҳифаи "Модари солим-кӯдаки солим" (савол ва се варианти ҷавоб) тақдим мешавад. Ғолибонро ТӮҲФА интизор аст. Мавзӯи суҳбат дар ин ду саҳифа - синамаконӣ, манфиати шири модар барои тифл, бархурди мардҳо ба ин мавзӯъ, таҳлил, миф, воқеъият ва боварҳо вобаста ба ин мавзӯъ аст.
Ин барномаи радиоӣ бо кӯмаки мардуми Амрико тахия мешавад. Ва ин кумак аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад.
Ширкати телевизион ва радиошунаовнии "Ватан" шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати иди саиди Қурбон самимона табрик мекунад. Ба шумо бахту иқболи баланд, зиндагии босаодат, тандурустиву хонаободӣ, хушбахтиву некрузӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва барору комёбиҳо таманно дорем.
Иди Қурбон муборак ҳамдиёрони азиз!!!
20-уми июл аввалин видео-подкаст, дар шабакаҳои иҷтимоии "Ватан" нашр мешавад. Мавзуъ: Сovid-19. Муҳоҷират. Ватан. Ҳоло давраи тадвин давом дорад.
#RadioVatan #Mediacamp #Internews
Anchor.fm- имконияти нав барои гӯш кардани барномаҳое, ки алакай дар эфири радиои “Ватан” садо доданд ва шумо натавонистед сари вақт шунавед.
Ба anchor.fm ворид шуда, бо ҳарфҳои лотинӣ Radio Vatan ҷустуҷӯ кунед. Ба он саҳифа ворид шуда, барномаи дилхоҳатонро дар вақту соати мувофиқ гӯш кунед.
anchor.fm/radiovatan мо Шуморо интизорем.
Садои “Ватан”- дар фазои Ватан.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” кулли хамватанони азизро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ муборак мегуяд. Хоҳони онем, ки сулҳу субот, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, шукуфои ва осоиш ҳамеша пайгиратон бошад.
Ҷашни Ваҳдат-рамзи баҳамоӣ ва иттиҳоду ягонагӣ ба ҳама ҳамватанон муборак!!!!
Нимаи моҳи июн соли ҷорӣ, гуруҳи эъҷодии ШТР "Ватан" барои сабти видео-подкастҳо ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуданд. Қаҳрамони аввалини мо Ҷамолиддин Шарипов аз соли 2018 инҷониб дигар ба муҳоҷират намеравад. Ин ҳосиле, ки мебинем заҳмати дасти ӯ ва аҳли оилааш аст. Ҷамолиддин дар вилояти Хатлон н. Кушониён зиндагӣ мекунад. Қаҳрамони дуюми мо Мирзомуддин Ҷалолов имкон дошт барои зисти доими бо аҳли оилааш Русияро интихоб кунад аммо не гуфт ва дар Ватан монд. Мирзомуддин сокини деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат аст. Яҳё Исломов, бошад нуҳ сол муҳоҷир дар Ҷопон буд ва ҳатто ду соли охир ширкати машваратӣ барои сайёҳонро дар онҷо таъсис дода буд давраи пондемия дар Ватан монд ва акнун чунин ширкатро инҷо фаъол кардааст. Ҳоло Яҳё дар фикри он аст, ки баъди боз шудани роҳҳо дубора муҳоҷират равад ё дар Ватан монад...? Сабти видео-подкастҳо бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода мешавад. Барои муҳтавои ин подкастҳо Радиои "Ватан" масъул буда, он инъикосгари ҳатмии мавқеи USAID, Ҳукумати ИМА ё Internews нест. Шакли пурраи видео-подкастҳо моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоии радиои "Ватан" нашр мешавад.
Дар робита ба хавои гарму тафсон хавфи захролудшави дар ин фасл зиёд мешавад ва табибону мутахассисон инро бештар ба махсулоти дар гарми тезвайронушда рабт медиханд. Табибони испани бар ин назаранд, ки дар фахсли гармо дар таркиби махсулоти зудвайроншуда микробу вирусхо бештар авч мегиранд ва метавонанд окибатхои ногувор дошта бошанд. Ин матлаб дар мачаллаи испании Ла-Вангурдия нашр шудааст. Муаллифони нашрия номгуи махсулотеро тартиб додаанд, ки аз меъёр зиёд истеъмол намудани онхо дар фасли гармо ба саломатии инсон зарар доштааст. Аз чумла инсон метавонад аз истеъмоли мохи, тухм, гушти мург, махсулоти бахри, майонез, котлет ва сабзавоти зудвайронушуда дар фасли тобистон захролуд ва дарунрав шавад. Бад ин хотир табибон хамеша тавсия медиханд, ки меваву сабзавоти тару тозаро пеш аз истеъмол бояд тоза шушт. Омехтаи баъзе меваву сабзавотро набояд яку якбора фуру бурд. МАнбаъ- lenta.ru
Дар ин гармои шабу руз мо талош мекунем то ки саломатии худро хифз кунем. Ҳавои гарму тафсон дар чумҳури то кунун ҳукмфармост ва чи бояд кард то дар ин ҳавои сузон эмин буд?...
Дар гузашта низ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахше аз ин қоидаҳоро дар сомонаи худ интишор дода буд, ки имрӯз ҳам такрори онҳо хеле бомавриданд.
Инак:
* тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
* ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;
* як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;
* агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;
* нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
* аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
* дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
* бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;
* бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
* шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;
*ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.
Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?
1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.
2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.
3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.
4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.
5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.
6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.
7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.
9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед
Имруз дар толори кинотеатри Зебунисои шаҳри Душанбе намоиши филми мустанади “Шаҳре дар Театр” дар коргардонии Далер Имомалӣ баргузор мегардад. Филм дар арафаи 100 солагии Театри давлати драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба намоиш гузошта шуда, аз таъриху фаъолияти Театр қисса мекунад. Оғози намоиш соати 15-00. Даромадан озод аст. Марҳамат кунед.!!
Радиои «Ватан» аудио-намоиши “Бунбаст”-ро бо дархосту хоҳиши шунавандаҳо такроран пешниҳод мекунад. Аудио-намоиши мазкур аслан атрофи муҳоҷирон ва рузу рузгори онҳо қисса мекунад. Радиои “Ватан” нақша дорад моҳи оянда се то аудио-видео подкасти аудио-намоиши “Бунбаст” бо муоҷироне ки бо сабаби пандемияи COVID- 19 дар дохил монданд, таҳия ва пешкаши шунавандаҳову бинандаҳо гардонад. Аудио-намоиши мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Радиои "Ватан"- барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.
23 май чун анъана дар Тоҷикистон рузи ҷавонон аст. Ин сана аз соли 1997 то инҷониб ҳар сол дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад. Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” кулли ҷавонони ҷумҳуриро ба ин муносибат самимона таҳнияту шодбош мегуяд. Бояд гуфт ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид кардаанд: “Имруз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ карда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин ру, имруз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”. Маҳз ҷавонон ҳастанд, ки бо ҳисси ватандусти ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, ҳамчунин таъмини сулҳу субот саҳми арзанда мегузоранду хоҳанд гузошт!
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сокинони кишварро аз ҳавои номусоид ҳушдор медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод аз 20 то 22 май дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" кулли ҳамватанони азизро бо омад омади иди саиди Фитр мубораку таҳният мегуяд. Бароятон тани сиҳат, хонаи обод, ризқи фаровон ва дили беғамро таманно мекунад.
Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.
Иди Рамазон омаду моxи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду сад xайф,ки он рафт
Рӯзҳои 11-14 май дар қаламрави кишвар боришоти пуршиддат ва баъзан жолаву раъду барқ дар назар аст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ мешавад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва мавзеи кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Кумита ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, чаронидани чорво, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.
Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар ағбаву роҳҳои мавзеи кӯҳистон меъёри суръат ва масофаро қатъиян риоя намоянд.
Рузи гузашта дар Душанбе бар асари боришоти пуршиддат роҳи зери пули назди мавзеи фурудгоҳ зери об монд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18-майи соли 2021, аз соати 18 то 23-00, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” маротибаи 8-ум иқдомоти байналмилии “Шабе дар Осорхона”-ро баргузор менамояд. Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Чорабинии «Шабе дар Осорхона» - иқдомоти байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон, мусоидат ҷиҳати нақшбандии осорхона дар зеҳни тамошобинон ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона буда, айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин чорабиниро таҷлил менамоянд.
Ба фарқ аз солҳои гузашта, иқдомоти навбати “Шабе дар Осорхона” фарогири 30 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати фарҳангии тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.
Иштироки тамошобинон дар тамоми маҳфилҳои чорабинӣ ройгон аст.
"Сovid-19. Муҳоҷират. Ватан" Дар доираи ин лоиҳа радиои "Ватан" бо шарикони рушд то моҳи ноябри соли ҷори як аудио-намоиш, се подкаст ва як филми мустанаду се эфири мустақим дар нақша дорад.
Мавзуи меҳварии ин барномаҳои мо бо далели бемории фарогири дунё ва замони пандемия қаҳрамонҳои мо, ки ҳамеша умед аз муҳоҷират доштанд акнун дар Ватан ҷойи кори доими ёфтанду дигар муҳоҷират намераванд. Аввалин қадами мо таҳияи ауди-намоиш буд, ки аз 20-ум то 26-уми моҳи апрел ҳамаруза чор маротиба онро Шумо мавҷи "Ватан" мешунавед.
Баъди санаи 27-уми апрел мо ин аудио-намоишро дар шабкаҳои иҷтимоии радио мегузорем. Бояд қайд кунем, ки дар рафти омода кардани ин аудио-намоиш ҳунармандони ҳирфавӣ даъват шудаанд.
Аудио-намоиш бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода мешавад. Барои муҳтавои ин аудио-намоиш Радиои "Ватан" масъул буда, он инъикосгари ҳатмии мавқеи USAID, Ҳукумати ИМА ё Internews нест.
Дар доираи барномаи «16 рузи мубориза алайхи хушунат» имруз соати 10:10 дакика дар эфири мустакими радиои Ватан сухбати намояндахои сохтори Созмони Миллали Муттахид оид ба масоили занон дар Ч,умх,урии Точ,икистон садо медих,ад. Мех,монони барнома атрофи хушунату зуровари, барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбат ба занон; ва дигар масоили вобаста ба ин суханрони хох,анд кард. Барнома бо дастгирии UN Women дар Точ,икистон омода мешавад.
Маълумотнома оид ба фаъолияти ташкилот
Сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили занон як сохтори СММ буда, фаъолияти он ба мусоидат ба баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон равона карда шудааст. Сохтори мазкур, ки бо масъалаҳои вобаста ба муҳофизати ҳуқуқҳои занон ва духтарон машғул аст, бо мақсади тезонидани пешравиҳо дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати қонеъ гардонидани ниёз ва талаботҳои онҳо таъсис дода шудааст.
Сохтори СММ оид ба масоили занон ба кишварҳои узви СММ дар ҷодаи кӯшишҳои онҳо ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои ноил гардидан ба баробарии гендерӣ кӯмак расонида, якҷо бо ҳукумат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳо дар ҷараёни таҳияи қонунҳо, стратегияву сиёсати соҳа, инчунин барнома ва хизматрасониҳо бо мақсади таъмини амалисозии самараноки меъёрҳои мазкур ва расонидани нафъи амалӣ ба занону духтарон дар миқёси олам чораҳои зарурӣ меандешад. Фаъолияти ташкилот ба татбиқи амалии барномаи ҷаҳонии Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба занону духтарон ва мусоидат ба имкониятҳои баробари иштироки занон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо ҷалби диққати хоса ба панҷ масоили зерин нигаронида шудааст:
Васеъ кардани имкониятҳои занон дар ҷодаи фаъолияти роҳбарӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ;
Барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбат ба занон;
Ҷалби занон дар ҳама ҷабҳаҳои ҷараёни сулҳофаринӣ ва амниятӣ;
Васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон;
Муайянсозии нақши пешбарандаи баробарии гендерӣ ҳангоми банақшагирӣ ва таҳияи буҷет дар сатҳи ҷумҳуриявӣ
Сохтори СММ оид ба масоили занон инчунин фаъолияти тамоми низоми СММ-ро дар ҷодаи ба даст овардани баробарии гендерӣ, инчунин ҳамаи мубоҳисаву мулоқотҳо вобаста ба «Барномаи ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030» ҳамоҳанг ва дастгирӣ менамояд, Мақсади фаъолияти сохтор муайян кардани нақши асосии баробарии гендерӣ дар ҷараёни ноилгардӣ ба Мақсадҳои рушди устувор ва сулҳофаринии ҳамаҷониба мебошад.
Вазъияти занон
Баробарии гендерӣ на танҳо принсипи асосии ҳуқуқи инсон аст, инчунин таъмини он аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ба рушди иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи истеҳсолот ва рушд мусоидат мекунад. Аммо, нобаробарии гендерӣ то ҳол дар ҷомеа чуқур реша рондааст. Занон ба шуғли пурмаҳсул дастрасӣ надоранд, аз сабаби тақсимоти касбу ҳунар дар асоси нишондиҳандаҳои гендерӣ ва фарқият дар музди меҳнат мушкилот доранд. Дар бештари ҳолатҳо дастрасии онҳо ба таҳсилоти умумӣ ва хизматрасонии тиббӣ маҳдуд аст. Дар тамоми гӯшаву канорҳои олам занҳо аз зӯроварӣ ва табъиз азият мекашанд. Онҳо дар сатҳи ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ба таври зарурӣ муаррифӣ нашудаанд.
Дар натиҷаи фаъолияти худ, ки давоми даҳсолаҳои зиёд инҷониб пеш мебарад, аз ҷумла ба шарофати чунин созишномаҳои муҳим ба монанди Эъломияи Пекин ва Платформаи амали он ва Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (КБТЗ) СММ дар масоили тарғиби баробарии гендерӣ ба пешравии назаррас ноил гардид.
Фаъолияти Сохтори СММ оид ба масоили занон дар ҷодаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ва духтарон дар тамоми олам мақсадҳои асосии зеринро дар пеш мегузорад.
Шуруъ аз имруз 18 ноябр то 21 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво сардтар мешавад ва барфу боронҳои пуршиддат дар назаранд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки бинобар вазиши сахти бод ва бориши барфи тар хароб шудани хатҳои барқ, эҳтимоли афтидани дарахтон, вайрон шудан ва ба замин задани пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад. Дар робита бо пешгӯии бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар куҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд, инчунин аз гузаронидани корҳои саҳро ва рафтан ба шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.
Шӯрӯъ аз имрӯз фазои Тоҷикистонро чангу ғубор фаро гирифт, ҳамзамон ҳарорат то 10 дараҷа поин рафта, бахусус обуҳавои минтақаҳои ҷануби кишвар хеле зиёд чангу ғуборолуд шуд.
Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 10, 11 ва нимаи аввали рӯзи 12-уми ноябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: ш. Душанбе, ш. Ваҳдат, н.Ҳисор, ш.Турсунзода, н.Рӯдакӣ бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз тарафи ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муалақ (чанг) боқӣ мемонад.Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Гуфта мешавад, ин вазъият ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.Табибон қайд мекунанд, ки ҳавои ғуборолуд барои роҳҳои нафас зарарнок буда, тавсия медиҳанд, ки ниқобҳои тиббӣ истифода шавад ё даҳону биниро бо латтаи тар пӯшонидан лозим аст. Ҳамчунин барои ҳифзи чашмон аз хокбориш айнак пӯшидан зарур аст.
Ин гуна ҳаво барои шахсони ҳассос (аллергик) ва афроди гирифтори бемориҳои роҳи нафас, бахусус, диққи нафас (бронхиальная астма), кӯдакон ва шахсони калонсол, ки аз касалиҳои дилу раг азият мекашанд, хатарнок аст. Табибон мегуянд, чунин ҳаво ба дарди сар, нафастангӣ, мушкил ва ҳатто бозистии нафасгирӣ боис шуда метавонад. Барои пешгирӣ гулӯ ва биниро бо маҳлули намак шустан лозим аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан истифода аз ниқоби докагӣ зарур аст. Ниқобро намнок кардан беҳтар мебошад. Дар ҳавои пурғубор ба шахсони солимиашон заиф гаштугузори камтар дар кӯчаҳо, пӯшида нигоҳ доштани тирезаҳо, истифодаи таҷҳизоти ҳавософкун, кам кардани кору машқҳои ҷисмонӣ ва истеъмоли ҳарчи бештари нӯшокиҳоро тавсия мешавад.
Табибон мегуянд, ҳарчи бештар истеъмоли маҳсулоти дорои маводи антиоксидант - сабзавоту кабудӣ, қот, моҳӣ ва равғани зайтун аз манфиат холӣ нест.Ҳамзамон бо ин оддитарин тавсияҳо ҳам пешниҳод шудааст, ки риояи онҳо ва иҷрои онҳо одамонро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ медорад:
1. Ниқоб кашидан ба рӯй;
2. Бештар оби тоза нӯшидан, на камтар аз 2-2,5 литр;
3. Аз рӯи имконият дар ҷойи кор истифода кардан аз ҳавополоҳо;
4. Тӯли рӯз 2-3 пиёла чойи хуштамъи кабуд нӯшидан;
5. То ҳадди имкон пӯшидани тирезаи хонаҳо. Агар шумо ба ҳар ҳол тасмим гирифтед, ки бояд ҳавои хонаро тоза кард, метавон тирезаҳои бозро аз вуруди ғубор бо дока ё тӯри москитӣ ҳимоя кард;
6. Рӯбучин ва тозакунии намноки хона тавсия дода мешавад;
7. Табибон пӯшидани ҳама гуна айнакҳо (линзаҳо)-ро тавсия намедиҳанд.
Барои касоне, ки аз бемории диққи нафас азият мекашанд;
- кам накардани меъёри таъиншудаи доруҳо;
- ҳамеша бо худ доштани ингаляторҳо;
- агар талабот ба ингаляторҳо дар як рӯз беш аз 4-6 маротиба шавадуд, фавран ба духтур муроҷиат кардан.
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз марзи 11 ҳазор гузашта ба 11054 нафар расид. Рӯзи якуми ноябр боз 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус сабти ном шудааст. Вазорати тандурустӣ ва х,ифзи ичтимоии ахоли хабар додааст, ки аз ин шумора 10 хазору 283 шифо ёфтаанд. Тибқи иттилои расмӣ то кунун дар Тоҷикистон аз коронавируси COVID-19 82 нафар фавтидааст. Ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст.Вазорат ҳамчунин мегӯяд, ки ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 50 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шудаанд.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" дар катори голибони озмуни ташкилоти ҷамъиятии «Хома» чо гирифт. Ташкилоти чамъиятии "Хома" барои ВАО-и Тоҷикистон озмун оид ба матлаби беҳтарин дар мавзӯи вобаста ба буҷаи давлатӣ ва идораи молияи давлатӣ эълон карда буд. Озмун дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба озмун 22 дархост пешниҳод гашт ва аз онҳо 17-тоаш дастгирӣ ёфтанд.
Шаш шахси ҳуқуқӣ (ВАО) ва ёздаҳ шахси воқеӣ (рӯзноманигорон) ғолибони озмун эълон шуданд.
Шахсони ҳуқуқӣ
ТВ Душанбе HD
ТВ Диёр
ТВ “Кӯрғонтеппа»
Радио “Ватан”
Рӯзнома «Гулистони дониш»
Рӯзнома “Чашмаи меҳр”
Шахсони воқеӣ
Фирдавс Абдуҷалилов
Мижгона Ҳалимова
Иршод Сулаймонов
Мадина Почоева
Сулаймон Султонов
Низомиддин Комилов
Холбегим Давлатова
Нуралӣ Давлатов
Зайнидин Орипов
Сайрахмон Назриев
Саидэҳсон Солиев
Сарчашма: ташкилоти чамъиятии "Хома"
Дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи интихобот пушти сандуқҳои раъй ҳазорҳо нафар меояд, дар ҳар қадам лавҳаҳои интихоботӣ ба назар мерасад. Дар ин лавҳаҳо, ки дар биноҳои давлатӣ овезон шудаанд сокинонро мақомот ба интихобот даъват мекунад. Дар ҳар кӯчаву хиёбонҳо овезаҳо дида мешавад, ки дар он дар бораи панҷ номзад маълумот нашр шудааст. Таъкид бояд кард, ки дар соли 2020 ба сифати номзад ба мақоми президентӣ расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри кишвар рақобат хоҳанд кард. Ҳамзамон дар пойтахти кишвар мунтазири омадани нозирони хориҷӣ ҳастанд. Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои САҲА, ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф овардаанд. Дар интихоботи дарпешистода дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳандагон навовариҳо ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳоле, ки интихобот дар даврони пандемия мегузарад ба ҳамагон ниқоб, дастпӯшакҳо, худкор ва маводи безараргардонӣ дода мешавад.
Дар шабонарузи гузашта дар ҷумҳурӣ 1008 нафар аз вируси карона сиҳат шудаанд. Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 210 каси дигар ба COVID-19 гирифтор шудаанд ва рӯзи 21-уми май шумори умумии беморон ба 2350 нафар расид. Теъдоди фавтидаҳо аз ин вирус ба 44 нафар баробар шудааст. Ҳоло Тоҷикистон бо 44 талафот аз рӯйи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар минтақа дар ҷойи аввал аст. То 21-уми май дар Қазоқистон 35, дар Қирғизистон 14 ва дар Узбекистон 13 кас аз COVID-19 фавтидаанд.
Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки то 21-уми май дар шифохонаҳои саросари кишвар 3253 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар шабонарӯзи гузашта беш аз 600 касро, "пас аз шифо ёфтан", ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва табобати беморон меандешад.
Дар Тоҷикистон коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд. Имрӯз, 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 дар ин хусус расман эълон шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон ва раиси ин ситод Қоҳир Расулзода доир гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе. Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд. Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин оид ба ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарор қабул кард.
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1-уми феврал ба ҳолати субҳи 30-юми апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 кас дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд. Айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд. Рӯзи 29-уми апрел аз муассисаҳои тиббӣ 304 кас ҷавоб дода шудааст.
Ҳукумати шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз хуруҷи бемории каронавирус ба безараргардонии пойтахти кишвар шуруъ кардааст. Ҳукумати кишвар хабар дода, ки безарарсозӣ дар хиёбону кучаҳои шаҳр то замони аз байн рафтани хатари беморӣ идома хоҳад ёфт. Гуфтанд, ки кучаву хиёбонҳоро шабона мошинҳо бо гипохлориди натрий Кӯчаву хиёбонҳоро шабона мошинҳо бо гипохлориди натрий дезинфексия ва аз микробу вирусҳо пок мекунанд. Муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки корҳои поккорӣ асосан шабона анҷом дода мешавад. Безараркуниро мошинзои ширкати ФАВЗ ва Корхонаи обу корези Душанбе анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт ҳарчанд то ҳол дар кишвар бемории COVID-19 ошкор нашудааст, аммо мақомот чораҳо барои пешгирӣ аз сирояти вирусро тақвият бахшидаанд. Ба тамоми кормандони сохторҳои шаҳрдорӣ дастур шудааст, ки бидуни ниқоби тиббӣ ба кор наоянд. Ҳар як корманд дар сурати эҳсоси беморӣ метавонад ба кор наояд ва ба табибон муроҷиат кунад.
Дар радиои "Ватан" низ усулҳои пешгирӣ аз хатари каронавирус пурзур карда шудааст. Дар утоқи кормандон маводи антисептикиву, салфеткахову маҳлулҳои дигари безараргардонӣ мавчуд хаст. Ҳар субҳ рохраву дахлезу утоқҳои корӣ, студияи сабти овозу студияи асоси бо дуди хазориспанд безараргардонида мешавад. Хар як корманд бо супориши роҳбарият бо ниқоби тиббӣ ба кор меояд. Кормандони радио хамагӣ ба маслиҳату тавсияҳои табибон гуш карда, қоидаҳои санитариву гигиениро ба пуррагӣ риоя мекунанд.
Дар ҳоли пандемияи каронавирус Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пайваста шустани дастҳоро тавсия дода, ҳамзамон риояи қоидаҳои санитариву гигиениро маслиҳат медиҳад. Чанд маълумот оид ба шустани дастҳо ва безараргардонии он.
1) Давомнокии шустани дастон 20-30 сонияро ташкил менамояд:
- Маҳлули безараргардониро дар кафи даст гирифта, тавре молиш диҳед, ки ба тамоми сатҳи он расад.
-Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта, молиш дихед.
-Бо кафи дасти рост сатҳи болои панҷаи дасти чапро молиш дода, ҳамин амалробо кафи дасти чап ва панҷаи дасти рост иҷро кунед.
-Бо ангуштони ҳар ду даст миёни ангуштҳоро молиш диҳед.
-Ангуштони як дастро дар ҳолати нимқад бо дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.
-Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед.
-бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқади дасти рост кафи дасти чапро молиш диҳед.
-Баъд аз хушк шудан дастон безарар мегарданд.
2) Чи тавр дастонро бояд шуст?
Дастонро шуед, агар онҳо дар ҳақиқат ифлос бошанд. Дар дигар мавридҳо аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода баред!
-Дастонро бо об тар кунед.
-Ба таври кифоя собуни моеъро ба кафи даст гиритфа, ба тамоми сатҳи панҷаҳо молиш диҳед.
-Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта молиш диҳед.
-Дастонро тоза бишуед!
-Дастонро бо сачоқи қогазинчумаки обро маҳкам кунед.
3) Панҷ лаҳзаи безараргардонии дастони шумо
1) пеш аз мулоқот бо бемор;
2) пеш аз тартиби амалиёти антисептикӣ;
3) пас аз тамос бо моеъҳои биологӣ;
4) баъд аз мулоқот бо бемор;
5) пас аз дидан намудани объектҳои муҳити атрофи бемор.
Дар хотир доред ки бо риояи ин қоидаву тавсияҳо шумо худу атрофиёнро аз хатар эмин нигоҳ медоред. Ба саломатии худ ва наздиконатон бетараф набошед!!!
Радиои "Ватан" талош мекунад бо барномаҳои чолибу шунидани табъи шуморо ҳамеша болида гардонад. Умед дорем бо шунидани чунин барномаҳо завқи шунидани радиои "ВАтан" кам намешаваду нахоҳад шуд.
Барномаи "Субҳи Ватан" -кафолати болидагии руҳия ва ҳамадонии шумо хоҳад буд. Маълумоти ҳуқуқӣ гирифтан мехоҳед, барномаи "Ҳуқуки ман" барои шумост. Доир ба масъалаҳои иқтисодӣ барномаи "Молияи ман" кумакрасони шумо хоҳад буд. Ахбори молия ва иктисод"-барнома барои миллиондорони оянда. "Гардиш" –сахифаи хабарӣ-ҳар соат шуморо бо хабарҳои муҳими дохилу хориҷи кишвар бохабар мекунад. "Гулбоги сухан"-барнома барои дустдорони наср ..
"Бемор машав"-барномаи тиббӣ буда, доир ба роҳу усулҳои пешгирии маризиҳо ва навгониҳои олами тиб мегуяд. Доир ба сифати молу маҳсулоти ватаниву хориҷӣ ва ҳуқуқӣ истеъмолкунанда барномаи "Эталон" маълумот медихад.
Дар барномаи "Пресс-клуб" андешаҳо мухталиф, аммо созанда ҳастанд. Барои каме фориғ шудан аз кор ва хуш гузаронидани вақт "Антракт"-ро гуш кунед! Шарҳу тафсири хабарҳои варзиширо аз "Сафдар"бишнавед. "ТУР”- саҳифаи эълонҳои радиои “Ватан"
Агар шумо бар ин назаред, ки радио танҳо гуш кардани суруду мусиқӣ, хабару таблиғот ва манбаи хуби истироҳату фароғат ҳаст, пас радиои "Ватан" шабонарузи хидмати шумо қарор дораду хоҳад дошт. Аз ин радио шумо боз хам имкон доред, барномаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотиву фароғатӣ, қиссаҳо аз беҳтарин китобҳо ва дигар барномаҳои ҷолиби диққатро бишнаведу роҳат кунед. Ин имконро ба шумо радиои «Ватан» фароҳам месозад. «Ватан» дар рузи таъсисёбиаш (7 майи соли 2004), бо барномаҳои аҷибу шунидани табъи шуморо (шунавандахои азиз) боз ҳам болидатар хохад кард. Шуморо танҳо мебояд интизор шуд!))))
Имрузҳо дар баъзе ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон шахсони зиёде бо шаҳрвандии кишвари ҳамсоя, шиносномаи Шӯравӣ ва ҳатто афроди бешаҳрвандӣ, зиндагӣ мекунанд ва қисме аз онҳоро занону кудакон ташкил мекунад.
Вобаста ба шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон
Мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди ҶТ қарор доранд.
Шумораи умумии мардуми бешаҳрванд ва хориҷиҳо ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва дигару дигар масоили марбут ба хамин мавзуъ дар радиои “Ватан” лоиҳаи нави Намояндагии Раёсати Олии Комиссари СММ оид ба кор бо гурезаҳо роҳандозӣ мешавад.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, ҳуқуқшиносону созмонхҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони масъул дар робита ба ин мавзуъ дар эфири мустақими радиои “Ватан”фикру андешаҳои худро иброз хоханд кард. Шумо имкон доред ба ҳама саволҳои нигаронкунанда дар ин самт ҷавобҳои дақиқу возеҳро дарёфт кунед.
Дар шабу рӯзе, ки аксар кишварҳо бо коронавирус даст ба гиребонанд ва ҳар кас чораи пешгирӣ аз сироят ёфтан ба вирусро меҷӯяд, пизишкон бо худ доштани ниқобҳои тиббиро маслиҳат медиҳанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи ниқобҳои тиббӣ чӣ мегӯяд ва ниқобҳо аз чӣ ҳимоят мекунанд?
Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале хатари сироятро кам менамоянд. Ба таъкиди созмон, агар одам сиҳат аст ва дар атрофаш хатари таҳдиди сироят нест, пӯшидани ниқоб зарурат надорад. Ниқобро касе бояд пӯшад, ки бемор аст ва ё беморро парасторӣ мекунад. Вале дар ҳар сурат барои эҳтиёт ва пешгирӣ ҳоло дар Тоҷикистон ҳам афроде, ки бо ниқоб мегарданд кам нестанд ва талабот ба он зиёд аст.Бад ин хотир бархе аз корхонаҳои нассоҷӣ дар ҷумҳурӣ шеваи корӣ худро тағйир дода, ба тавлиди ниқоб шурӯъ карданд. Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон мисли кишварҳои гирифтори коронавирус ҳатмӣ нест, аммо шумораи афроди ниқобпӯш дар хиёбону муассисаҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Онҳо маъмулан ниқобро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам мепӯшанд. Беш аз даҳ корхонаи дӯзандагии хурду бузург ҳоло дар Тоҷикистон ба омода кардани ниқобҳои тиббӣ машғуланд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин коргоҳҳо дар як рӯз аз 5 то 30 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунанд. Корхонаҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба тавлиди ниқобҳои тиббӣ машғуланд мегӯянд, ин корро дар машварат бо ниҳодҳои тандурустӣ омода мекунанд. Арзиши ниқобҳои тавлиди корхонаҳои дохилӣ аз ду сомонӣ шурӯъ мешавад.
Тавсия барои пӯшидани ниқоб
Хушбахтона ин вабои фарогир то кунун дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо мебинем мешунавем, ки духтурон тавсия медиҳанд, бо ниқоб бигардед. Мо ҳам барои пешгирӣ ниқоб мебандем. Ҳамзамон вазорати тандурустии кишвар маслиҳат дода буд, ки баҳри пешгирӣ аз инн вирус дар ҳар корхонаву идораҳо маҳлулҳои антисептикӣ бошанд. Бояд гуфт чораҳои пешгирӣ аз беморӣ дар кишвар пурзӯр карда мешаванд. Бо мақсади пешгирӣ беморхонаҳо, гузаргоҳҳо, фурудгоҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ поккорӣ яъне дезинфексия карда мешаванд."
Тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои пешгирӣ аз вируси корона
Бар асоси талаботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ набояд дастро обгардон кард, балки то 30 сония шуст. Набояд дастро ба даҳон, руй, бинӣ ва чашм расонид. Усули дигари муҳим барои сиҳатии инсон, ин обутоб додани бадан аст. Дар ин ҳолат бояд масуниятро баланд кард. Чун ин натанҳо барои бемориҳои сироятӣ, балки барои бемориҳои соматикӣ ҳам муҳим аст. Дар навбати аввал бояд дар бадани одам миқдори муайяни витамини С мавҷуд бошад. Ба гигиена дар хонавода ҳам бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Ҳавои хонаро зуд-зуд иваз кард, то дар ҳолати вуҷуд доштани вирусҳо он аз шуъои офтоб қобилияти фаъолнокиро аз даст медиҳад. Одамон метавонанд дастаҳои дару тирезаҳои хонаро бо маҳлули Domestos пок кунанд. Инро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҳамчун маводи безараркунанда тавсия медиҳанд. Ба ҳар ҳол ба ибораи "Эҳтиёт ними ҳаёт" бояд аҳамият дод.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" кулли ҳамватанони азизро бо ҷашни Наврӯз табрик мекунад. Орзу мекунем, ки ин ҷашни фархунда ба хонадони ҳар кадоми шумо хушиву хушбахтӣ, некиву накукорӣ ва файзу баракат орад!!! НАВРӮЗ-2020 МУБОРАК!!!
Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар пойтахт рӯзи 11 март бахшида ба ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ доир гардида, дар он беҳтарин намояндагони ин касб қадршиносӣ ва беҳтарин ВАО-и кишвар эълон шуданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Хушбахт дар бахши матбуоти даврӣ, директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера Исмоилова - дар бахши телевизион ва сармуҳаррири Радиои «Овози тоҷик» Фазилат Иброҳимова - дар бахши радио ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои назарпурсии хонандагону шунавандагон ва тамошобинони телевизион Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нашрияи “Ҷумҳурият”-ро “Газетаи сол” эълон кард.
Агентии иттилооти “Авеста” беҳтарин агентӣ, “Радиои Ватан” - беҳтарин радио, “Синамо” - беҳтарин шабакаи телевизион ва “Бонувон” - беҳтарин маҷаллаи сол эътироф шуданд.
Сардабири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо ҷоизаи беҳтарин сармуҳаррир ва Абдулло Раҳнамо бо мукофоти беҳтарин коршинос қадронӣ шуданд.
Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон “беҳтарин маркази матбуот”-и сол номида шуд.
Рӯзноманигор ва шоир Валиҷон Баёнӣ, ки охири моҳи феврал аз олам даргузашт, журналисти сол эълон шуд. Ӯ солҳои зиёд дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва солҳои охир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистн кор мекард.
БОяд гуфт рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола 11-уми март дар кишвар таҷлил мешавад.
Ҳаҷми зарар аз оташсузи дар муҷтамаъи табъу нашри "Шарқи озод" аз ҷониби мақомоти кишвар муайян карда мешавад. Ёдрас мешавем сухтор дируз тақрибан соати 10:30 дақиқа яке аз ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи 11-уми муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” оташ гирифт. Дар ошёнаи мазкур расонаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҷойгиранд. Ҳамаи кормандони муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” ва идораҳои ВАО аз бино берун бароварда шуданд. Ҳеҷ кас осеб надидааст. Ба ҷойи ҳодиса 15 мошини сӯхторнишонӣ ҳозир шуда, оташро дар давоми 20 дақиқа хомӯш карданд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омадааст.
Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд .Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.Масалан, ҷашни Рӯзи модар имсол ба рӯзи якшанбе рост меояд ва бинбар ин, рӯзи душанбеи ин ҳафта, 9 март низ рӯзи истироҳат аст.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо (21, 22, 23 ва 24 март) истироҳат эълон шудааст. Имсол рӯзҳои 21 ва 22 март ба рӯзҳои истироҳати шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, аз ин рӯ, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд. Ҳамин тариқ бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи март 14 рӯз: 1, 7, 8, 9, 14, 15, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 28 ва 29-ум истироҳат мекунанд.
Бодуҳавошиносони кишвар огах мекунанд, ки рузҳои наздик ҳаво дар ҷумҳурӣ тагирёбандаи бебориш пешгуӣ шуда, фаромадани туман ва яхбандӣ дар роҳҳо аз эҳтимол дур нест. Рўзҳои 27-28 январ дар ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ фаромадани зуҳуроти тарма пешгўӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакўҳӣ-кўҳӣ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф дар назар аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ дар робита ба ин аз тамоми ронандаҳо ва сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар тариқи чунин роҳҳо бодиққату эҳтиёткор бошанд.
Финалисти лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида Лоиқ Раҷабов барандаи ҷоизаи ТОП-50 дар соли 2019 гардид. 49 нафари касбу кори гуногун дар баробари Лоиқ сазовори ҷоизаи ТОП-50 аз радиои "ВАтан" шуданд.
Ғолибони лоиҳаи ТОП-50 дар соли 2019 шоми 17 –уми январ дар меҳмонхонаи Ҳайятт Реҷенсии Душанбе маълум гардиданд. Ширкати телевизион ва радиошунавонии «Ватан» бори 9-ум 50 нафари арзанда аз нигоҳи худро қадрдонӣ кард, ки дар зер исми онҳоро зикр кардаем:
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, омузгор Сайера Ашрапова
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, ҳунарманди мардумӣ Қиёмиддин Чакалзода
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, соҳибкор аз вилояти Суғд, Насиба Мирпочоева
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, Барзу Бобоев
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, бунёдгузор ва раҳбари Tajikistan Fashion week, Тоҳир Ибрагимов
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, ҳунарманди халқии Иттиқоди Шуравӣ Ҳошим Гадо
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, муаллифи лоиҳа ва менеджер Заррина Бабаева
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, муаллифи саҳифаи фейсбукии «Аз ҳар зовия» Абдурашид Қаюмзод
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, дукарат қаҳрамони Тоҷикитсон оид ба Бадминтон, мутахассис ва мурабби, сафири Сулҳ, корманди Институти иқтисод ва демографии Академияи Илмҳои ҶТ Рухшона Нарзуллоева
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, Ширин Амонзода
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, ҳунарманд ва мусиқашинос Рафоат Шоазимова
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, журналист, воқеънигор Шаходат Саибназарова
Барандаи ҷоизаи ТОП-50,ҷарроҳ, шикастабанди маъруфи кишвар Хуршед Ҷураев.
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, асосгузори мактаби навозиш бо гитара Далер Иброхимов
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, бунёдгузор ва рахбари ташкилоти ҷамъиятии «Открытые сердца» табиб – Дилбар Курбонова
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, яке аз иштирокчиёни лоиҳаи телевизионии Осиёи Марказӣ-“Central Asia's Got Talent” -Фарход Холматов
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, волонтер Фаришта Хайдарова.
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, раиси чамъияти маъюбони шаҳри «Имконият» Фируз Хамроев.
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, Дильбар Асоева
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, сарвари кули ширкати "Фуд Мастер" - Акбар Игамов
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, раққоса Фарзона Рахматбекова.
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, асосгузорони театрғстудияи «Падида» хамсарон -ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуразаков ва хореографии маъруф Шарофат Рашидова
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50, омузгори донишгоҳи Слявани-русии Тоҷикистон Глеб Коваленко
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, наворбардор ва коргардон -Тахмина Хакимова
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, бунёдгузори ширкати ҳуқуқии Ҳимоя– Навруз Одинаев.
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, раҳбари тарабхонаи «Трактир» - Назира Шарипова.
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, маркетолог-Фаридун Замонов.
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, волонтер Зебо Нарзуллаева
Ҷоизадори ТОП-50, финалисти лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида ЛОИҚ РАҶАБОВ
Сазовори ТОП-50 муаллимаи мактбаи миёнаи рақами 2-и шаҳри Левакант ЗУҲРО МУРОДОВА
Ҷоизадори ТОП-50, саркоргардони Театри ба номи А. Лоҳутӣ – Султон Усмонов
Ҷоизадори навбатии мо дар ТОП-50 сармуҳарири ҳафтаномаи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён АДОЛАТ САЙФУЛЛОЕВА
Мунаққидин синамо, узви федератсияи мунаққидони байналмилаии FIPRESCI, доктори илми фалсафа, Арт-директори СББ “Дидор” акнун созовари ТОП-50 - САЪДУЛЛО РАҲИМОВ
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, масъули дафтари матбуотии ш. Исфара, рӯзноманигор - ИҚБОЛ ТЕШАЕВ
Ҷоизадори ТОП-50 шоир ФАРЗОНА
Ғолиби ТОП-50, коргардон- СОБИР СОБИРОВ.
Арзандаи ТОП-50, -диншинос, омузгор, муовини директории Маркази Исломшиносии назди Президенти ҶумуҳрииТоҷикистон, - РУСТАМ АЗИЗӢ
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, омузгори забони англисӣ - ҲАМАДОНӢ МУЗАФФАРОВ
Барандаи Ҷоизаи ТОП-50 Раъно Додоҷонова
Барандаи Ҷоизаи ТОП-50 Джурахон Маматов
Барандаи Ҷоизаи ТОП-50 - Набот Додхудоева
Ҷоизадори ТОП-50, журналист, коршинос Наби Юсупов
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50 фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Фариштамох Гулова
Барандаи ҷоизаи ТОП-50 - қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар соли 2019 Сомон Мамадбеков
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, табиб - Гульчехра Киябекова
Барандаи ҷоизаи ТОП-50,рассом Далер Шаропов
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50 – аълочии фарҳангиТоҷикистон – Зебунисо Расулзода
Ҷоизадори ТОП-50, ҳуқуқшинос Манучехр Хамидзод
Барандаи ҷоизаи ТОП-50, хунарманд – Мавлона Наджмудинова
Ғолиби ҷоизаи ТОП-50,овозхон- Зафар Азиз
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" ба ҳама шарикону сарпарастон аз чумла толори мебели MIKUS MEBELES, Coca-Cola, Почтаи Аср ва гаравхонаи Адамант,Абдулло-Медиа, Бахт-Ивентс, Вечерка, Red Line, OSIS+,Престиж –арт ва Сабоҳ-таксӣ барои ҳамкориву дастгирӣ ва дар баргузор кардани маросими мазкур миннатдорӣ баён мекунад.
Маросими 9-уми Ҷоизасупории «ТОП-50» 17-уми январи соли 2020 баргузор мешавад. Макони баргузории ин чорабинии хотирмон меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe интихоб шудааст.
Сарпарасти кулл: толори мебели MIKUS MEBELES
Сарпарастони расми: Coca-Cola, Почтаи Аср
Шарикон: Абдулло-Медиа, Бахт-Ивентс, Вечерка, Red Line, OSIS+
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" ба ҳама шарикону сарпарастон барои ҳамкориву дастгирӣ ва дар баргузор кардани маросими мазкур миннатдорӣ баён мекунад.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" дар ҳамкори бо сафорати ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаеро бо номи "Муқовимат бо терроризму экстремизм" амалӣ мекунад. Бад ин хотир дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хоруғ ва Хуҷанд кормандони радиои "Ватан" якҷо бо намояндагони ВКД, сиёсатшиносу коршиносон, равоншиносон бо донишчуёну устодони донишгоххо вохури ва суҳбатҳо мегузаронанд. Яке аз чунин мулокоту сухбату суолу чавобхо вобаста ба мавзуи муқовимат бо ин падидаи номатлуб имруз дар Коллеҷи технологии шахри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндахо аз мақомоти қудратӣ, исломшиносону коршиносон ширкат карда, ба саволҳои вобаста ба ин мавзуъ посух гуфтанд.
Як рӯзи идоракунии кӯдакону наврасон дар Радиои "Ватан""
Имруз аз субҳ то шом дар радиои "Ватан" кудакону наврасон бо як шавқу ҳавас бароятон барномаҳои ҷолибу шуниданиро аз ҳар боб пешниход карданду мекунанд.
Ровиҳои имрузи "Ватан" киҳоянд:
Алиҷон Ҷалилов хонандаи синфи 11, мактаби № 60 ( Субҳи Ватан, Гардиш),
Динара Садирисламова, хонандаи синфи 5, мактаби мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ("Як дақиқаи сиёсат", як руз дар таърих, гардиш)
Абдураҳимова Зуҳро Раҳматуллоевна, хонандаи синфи 6, мактаби № 8. ( Антракт, Тур ва Гардиш)
Ибрагимова Хадича, хонандаи синфи 1 мактаби миёнаи рақами 32; ("Бемор машав", як дақаки тиб)
Мубориз Достиев, синфи 7, мактаби байналмилалии президентӣ; ( Антракт)
Касымова Лола хонандаи синфи 9; (Гардиш)
Руҳафзо Хусравбекова, хонандаи синфи 8, литсейи № 2 ( Як дақиқаи фарҳанг)
Шогунбекова Ситора Иброҳимова хонандаи синфи 6, литсейи № 2 ( Як дақиқаи варзиш, Гардиш)
Саломова Азиза хонандаи синфи 11, литсейи № 2 (Гардиш)
Бояд гуфт Лоиҳа дар доираи 30 солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва бо дастгирии UNICEF Tajikistan амалӣ мешавад.
Дар мусобиқаи баскетбол барои дарёфти Ҷоми радиои “Ватан” ки 9 ноябр дар маҷмаи варзишии "Борбад" доир шуд, тимҳои Истера-1, Истера-2 ва DIS пируз шуданд. 7 гурух иштирокчии мусобика буда, дастаи имконияташ маҳдуди Ғайрат -8 дар бозии рамзи сохиби ҷоизаҳо шуданд. БОяд гуфт ин мусобиқа бори 3-ум ва дар доираи лоиҳаи "муқовимат бо терроризму экстремизм" дар ҳамкорӣ бо сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳамзамон изхори миннатдорӣ баён мекунем ба Кумитаи Ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти маҷмаи варзишии "Борбад".
Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” дар хамкори бо ЮНИСЕФ лоихаи наверо бароятон пешниход мекунад.
Ҳамаги як рӯз танҳо 12-уми ноябр аз субҳ то шом радиои “Ватан”-ро кӯдакону наврасон идора мекунанд. Боварнокардани, вале хакикат. Аз идораи маъмурӣ то бахши хабару шоу барномаҳоро кудакону наврасоне идора мекунанд, ки пешаки аз суҳбат гузаштаанду сабти ном мешаванд. Барои сабти номи фарзандони худ бо ин рақамҳо дар тамос шавед. 238 51 06. 987 26 00 37 Ҷойҳо маҳдуданд. Сабтиномкуни то санаи 10-уми ноябр.
Лоиҳа дар ҳамкори бо ЮНИСЕФ амали мешавад.
Суди нохияи Восеъ мардеро барои куштори хамсар 11 сол аз озоди махрум кард. Гуфта мешавад Халифаев Фаррух Назарматович мохи июни соли 2018 такрибан соати 8-00 ба хонааш вокеъ дар чамоати Москваи нохияи Хамадони рафта, хамсари дар хоб будаашро бедор кардаву мачбураш кардаст то ки бо у хамхоба шавад, вале зан пешниходи хамсарашро рад кард. Дар натича Халифаев Фаррух асаби шуда, хамсарашро бо зарби 13 корд ба халокат расонид. АВесто.
Давоми се рузи ахир дар роххои чумхури якчанд садамаи наклиёти ба кайд гирифта шуд, ки бар асари онхо 7 нафар чони худро аз даст додаву , 6 каси дигар чарохат бардошт. Маркази матбуотии ВКД- кишвар хабар дода, ки дар ходисаи аввал ки дар худуди шахри Бохтар рух дод, чор нафар ба халокат расид. Ронандаи 42 солаи мошини тамгаи «Опель-Астра», хангоми харакат аз ухдаи идораи он набаромада, бо мошини дигари тамгаи Опел Астра тахти идораи ронандаи 29 сола бархурд. Ин ходиса боими марги хар ду ронанда ва ду мусоифри дигар шуда, чарохат бардоштани се каси дигар гардид.
Дар ходиса дигар ки дар рохи мошингарди Душанбе-Худжанд, дар худуди нохияи Айни рух дод, як рохгузари 62 сола ба халокат расид. Ронандаи мошини тамгаи «КАМАЗ», бо сабукрави «ВАЗ-2106» бархурда, баъдан рохгузари 62 солаеро пахш кард. 10 ноябр дар рохи мошингарди Вахдат-Рашт-Лахш мошинхои «Даймер Крайслер» тахти идораи ронандаи 30 сола ва «Мерседес-Бенс» тахти идораи ронандаи 40 сола бо хам бархурданд. Дар натича мусофири 29 солаи мошини «Даймер Крайслер чони худро аз даст додаву, се мусофири мошини Мерседес-бенс» бошанд бо чарохатхои вазнин дар беморхона бистари шуданд.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" мавсими 3-юми баскетболро барои дарёфти Ҷоми Радиои "Ватан" миёни тимҳои ҳаваскори занона, мардона ва омехта эълон мекунад.
Дар ҳайати дастаҳо муттаҳид шуда, аз қайд бигзаред ва барои рақобатҳои шавқовар омода бошед.
Тафсилоти бештар бо телефони 987260035
Варзиш қосиди сулҳ ва гарави сиҳати аст.
Мусобиқа дар доираи лоиҳаи муштараки Радио "Ватан" ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон оид ба муқовимат бо тероризму экстремизм баргузор мешавад.
ТОП-50
Ширкати телевизион ва радиошунавонии «Ватан» даври интихобии ҶОИЗАИ ҳарсолаи ТОП «ТОП-50» -ро эълон меукнад. Аз 7-уми октябр то 20 декабри соли равон шумо имкон доред номзадии худ ва нафарони ба назари шумо арзандаро барои ба даст овардани ҷоизаи ТОП-50 дар соли 2019 пешниҳод кунед.
Ин хеле осон аст. Шуморо мебояд ба сомонаи расмии Ҷоизаи top50.tj ворид шуда, саҳфаи «Овоздиҳи»-ро боз карда, анкетаро пур намоед. Фаромуш накунед: саҳми гузоштаи номзадҳо дар самти ин ё он соҳа ва шумораи телефону нишонии почтаи электронии онхо ҳатмӣ аст.
Маросими 9-уми Ҷоизасупории «ТОП-50» охири моҳи январи соли 2020 баргузор мешавад. Ба ин чорабини 50 нафар аз гушаву канори ҷумхурии азизамон ТОҷикистон даъват мешаванд, зеро онҳо барои рушду тараққии кишвар дар самти иқтисоду, фарҳангу санъату варзиш ва анъанаҳои милли саҳми бозасои худро гузоштаанду мегузоранд. Фурсатро аз даст мадеҳ!
Ҳамин ҳоло номзадҳои арзандаи худро пешниҳод кунед.!!!
Акс аз Илхом Юнусов
Дар толори "Кохи Суруш" - и шаҳри Душанбе, даври ниҳоии озмуни овозхонии "Bob Music Awords 2019" ҷамъбаст гардид. Ба маҳорати овозхонони ҷавон, дар бахши ниҳоии озмуни "Bob Music Awords 2019", овозхонон ва доварони касбии Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд.
Миёни онҳо раҳбари гурӯҳи "Шамс" Иқбол Завқибеков, оҳангсоз Карин Грин, композитор Ҷасур Халилов, репери тоҷик Баха - 84, пионнавози амрикоӣ Ҷениффер Химстр ва ширкаткунандаи озмунҳои гуногуни овозхонӣ Даниэл Рустамов, буданд.Имсол 11 сароянда ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Се сарояндаи ҷавон, ки мақоми аввалро аз худ карданд бо мукофоти пулӣ - 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамин тавр дар бахши "Беҳтарин овоз" - сарояндаи ҷавон - Чоршанбе Аловатов, ки бо суруди ватандӯстонаи "Озода ватан" ҳунарнамоӣ кард, мақоми аввал гирифт. Дар бахши "Беҳтарин ҳунарнамоӣ" Умед Амруллоев гирандаи мукофоти олӣ шуд. Ӯ суруди "Фарёди ишқ"-ро иҷро кард. "Беҳтарин суруд" дар иҷрои Ҳайдар Каримов таҳти унвони "Беҳамто", садо дод.
Ширкати телевизион ва радиои «Ватан» радиоспектакли «Аруси хушкадам»-ро пешниҳод мекунад. Ин лоиҳа бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария тақдим шуда, фарогири мавзуи пешгирии зуроварии хонаводаӣ мебошад. Радиоспектакли мазкурро метавонед ҳамаруза соатҳои (10:20, 15:20 ва 01:20) аз радиои «Ватан» бишнавед.
"Ватан" - ро дар Душанбе ва атрофи он дар мавҷи 106, дар Хатлон дар мавҷи 102,4, дар Суғд руйи мавҷи 103,3 ва дар ВМКБ дар мавҷи 105 FM шунида метавонед.
Иловатан моро онлайн аз сомонаҳои www.vatan.tj, https://mediabay.tv/ ва https://radiovolna.net/ бишнавед.
Садои "Ватан" - дар фазои Ватан !!!
Ширкати ТВ ва Радиои "Ватан" ба 1 (як) муҳаррир ва гӯянда дар идораи иттилоотӣ ва чанд корманди идораи реклама ва таблиғот ниёз дорад. Талабот: донистани забони тоҷикӣ ва русӣ, қобилият ва истеъдоди тарҷума кардани матн, истифода бурда тавонистани барномаҳои соддаи компютерӣ, масъулиятшиносӣ, дар коллективи эҷодӣ кор карда тавонистан.
Барои кормандони идораи тиҷорат - донистани забонҳои тоҷикӣ ва руссӣ, огоҳ будан аз қоидаҳои тиҷорату соҳибкорӣ, қонун ва санадҳои ҳуқуқии ҷорӣ, маълумоти кофӣ аз иқтисоду молия доштан, забони бурро, қобилияти истифодаи Интернет ва барномаҳои соддаи компютерӣ шартҳои асосӣ аст. Сину соли довталабон то 45 сола. Доштани ҳуҷҷати ҳарбӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва таҷрибаи корӣ дар ВАО ва агентиҳои реклама авлавият дониста мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд бо телефони +992 238 51 06 тамос бигиранд ва ба радио барои сӯҳбат омадани худро дар вақти қулай мувофиқа кунанд.
Рузи 3 августи соли равон соати 9-00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор мегардад. Интизор меравад дар ин нишаст санаи дакики баргузории иди Курбон эълон шавад. Дар ин бора Ҷамолиддин Хомӯшов Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои "Ватан" хабар дод.
Чанд тавсияро дар ин хавои гарму сузон бароятон радиои "Ватан" пешниход мекунад:
* тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
* ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил рузона ва шабона кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;
* як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;
* агар дар хона кондитсионер доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;
* бештар об нушед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
* аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед.
* дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
Рӯзҳои 18-23 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда то 40-43 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44-46 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31-36 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то 41 дараҷа гарм пешгӯи мешавад.
Бино ба огоҳии нашршуда дар осомонаи Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво рӯзҳои 18-23 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якуякбораи сатҳи об дар назар аст.
Дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе имрӯз ҳарорат то 42 дараҷа гарм мешавад.
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" дар мавсими нав лоиҳаи наверо бо як катор овозхонхои шинохтаи кишвар руи даст гирифтааст. Дар зудтарин фурсат шумо метавонед аз чузъиёти бештари ин лоиҳа бохабар шавед. Танхо каме мунтазир бояд шуд!!!
27 июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. 27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин санаи барои кишвари азизамон мухим 27 июни соли 1997 дар шахри Маскав имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Рузи Вахдати милли муборак хамватанони азиз!
Самимонатарин табрикоту дуои хайри кормандони Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан»-ро бипазиред, шунавандагони гироми, хамватанони азиз!!!
Иди Фитр, ки баъди мохи рузадориву таквову ибодат ва хайру баракат фаро расид, барои Шумо вахонаводаатон МУБОРАК бод!!!
Худо кунад, ки ин мохи пурфайз иродаи моро устувор, калбамонро рушан ва имонамонро комилтар карда бошад. Кош ба хайру сахо, покиву иффат, дасткушодиву ниятхои нек одат карда бошем!!!
Иди саиди ФИТР мабруку фархунда бод!!!
Маркази фарҳангии "Бохтар" бо сарпарастии Дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон қабули дархостро барои ширкат дар Ҷоизаи мусиқии Боб эълон мекунад.
Қабули дархост то 15-уми августи соли 2018 идома мекунад.
Ҳар сокини кишвар, ки аз 16 то 28 аст, метавонад, суруду таронаеро аз эҷодиёти худ ба навор гирифта, ба сомонаи ин ҷоиза - www.bobmusicaward.tj равон кунад.
Беҳтаринҳо интихоб шуда, ба даври финалӣ роҳ дода мешаванд. Ғолибонро бошад, дар анҷом ТӮҲФАҲОИ ПУЛӢ интизор аст.
Ин ҷоиза имсол маротибаи дуюм баргузор мешавад ва ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад !!!
Тафсилоти бештар бо телефони +992 221-25-58 ва 227-05-54
(Нишонии маркази фарҳангии Бохтар: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 12а, bactria.music@acted.org)
Имрӯз иқдоми "Чипта ба Русия" бо ташаббуси ширкати алоқаи TCELL (ки ҳар субҳи корӣ мустақиман ба воситаи Радиои "Ватан" баргузор мешуд) ҷамъбаст шуд.
Дар тӯли 90 рӯз 90 кас соҳиби чипта ба Русия гашт.
Барои соҳиби чипта шудан, аввалтар аз ҳама муштариёни ин ширкати алоқа бояд 5 дақиқаро ба Русия бар ивази 6 сомонӣ мехариданд. Вақти пайваст кардани бастаи "5 дақиқа ба Русия" ба телефони онҳо СМС бо коди махсусе меомад. Он аз 8 рақам иборат буд.
Қуръакашӣ ҳар субҳи корӣ ғолибро муайян мекард.
Ширкати ТВ ва Радиои "Ватан" бо таҳнияти ҳамаи ғолибони ин иқдом барои ҳамаи онҳое, ки ба ин иқдом таваҷҷуҳ доштанд, дастгирӣ карданд, ширкат намуданд, дар баргузории он саҳм доштанд, самимона изҳори сипос мекунад.
Мо аз ҳамкорӣ бо Шумо, махсусан аз Ширкати TCELL қаноатмандем ва умедворем, ки дар татбиқи нақшаҳои дигар низ Радиои "Ватан" -ро ҳамчун шарикои кор интихоб мекунед!!!
- "Мард бош, дар ҳама кор мардона кор кун! Аз душманат чунон ниқор гир, ки вай донад..."
- "Ту Дилоромканиз бахосият омадаӣ. Пас аз омадани ту ба хонадони ман давлатам зиёд гашт, обрўям баланд шуд. Ман ба қадри хизматҳои ту нарасам, кўр мешавам...."
- "Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гўед ки, — гуфт ба овози баланд Фирўза, — мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем! Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст..."
".. .Симо, ваҷоҳати ў чунон дилкаш, чунон ҷозибанок буд, ки ҳар кас мегуфт: «Оё ин занро пештар дар куҷо дида бошам»? Абрўвони сиёҳ, чашмони калон-калони шаҳло ва дилбар, рўи мудаввар ва банур, лабу даҳони ҳамеша ба табассум моили вай чашми бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард...."
Қироати асари "Духтари оташ"-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар гуфтори адабии "Гулбоғи сухан" аз Радиои "Ватан" идома дорад.
Онро ҳар субҳ соати 05:10 ва шаб соати 23:10 шунида метавонед.
Имрӯз даври аввали иқдоми "Парвози орзӯ" бо ибтикори Ширкати миллии ҳавонавардии "Тоҷик Эйр" дар Радиои "Ватан" ҷамъбаст шуд.
Панҷ кас аз мусофирони ин ширкат, ки дар доирfи ин иқдом барои парвоз чипта харида буданд, соҳиби панҷ тӯҳфаи даври аввал шуданд:
1. Майдабӣ Лоиқова (рақами чиптаи парвозашон - 5022403131709) соҳиби Айфон;
2. Шавкат Эшов (рақами чипта - 5022403141172) соҳиби чангкашак;
3. Дӯстов Абдуҷалил (рақами чипта - 5022403124746) соҳиби мошинаи ҷомашуйӣ;
4. Алиҷон Нортулов (рақами чиптаашон - 5022403131354) соҳиби ЖК Телевизор;
5. АШӮР ДОСТИЕВ (рақами чиптаашон - 5022403153255) соҳиби АВТОМАШИНАИ ТАМҒАИ "RAVON" шуданд!!!
(Навори ҷамъбасти иқдом баъдтар дар ҳамин саҳифа нашр мешавад!)
Наврӯз ва БУРДИ ТӮҲФАҲОИ АРЗАНДАРО барои ҳамватанони гиромӣ ва мизоҷони Ширкати Миллии Ҳавонавардии "Тоҷик Эйр" самимона таҳният мегӯем!!!
Ғолибон метавонанд тӯҳфаҳои худро рӯзи 27-уми март соати 14 аз идораи асосии ширкати "Тоҷик Эйр"- шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1 бигиранд.
Телефон барои тафсилоти бештар: +992989011984 ва +992902822101
Хотиррасон мекунем, ки шумо барои ширкат ва ғолиб омадан дар даври дуюми ин иқдом имкон доред. Тариқи ширкати "Тоҷик Эйр" парвоз карда, соҳиби тӯҳфаҳои арзанда ва ШОҲҶОИЗА - Автомашинаи тамғаи РАВОН шавед.
Дар акс: (аз чап ба рост Азизулло Хайруллоев-котиби матбуотии Точик Эйр, Рустам Ниёзов - сардори шуъбаи маркетинги Тоҷик Эйр, Дилшод Сафаров - директори тиҷоратии ширкати Тоҷик Эйр ва Субҳон Ҷалилов - директори барномаҳои Радиои "Ватан")
Наврӯз – ин ҷашни бедории табиат ва нишоти фаровони дилҳо, имсол дар Тоҷикистон беш аз пеш рангину муаттару пурҷило аст. Ин Наврӯз дар ҳолу ҳавои муттаҳидии бештари мардум, осудагӣ ва ризоияти тамом, бо оғӯши кушодатару бо дарҳои боз бо ҳамсоякишварҳо таҷлил мешавад.
Наврӯзи Тоҷикистон имсол ба маротиб фараҳбахш аст. Ба гумони ғолиб Баҳор бо омаданаш Тоҷикистон ва махсусан Душанберо нашинохт. Зеро Душанбе акнун зеботар аст - кӯчаҳо дигару хиёбонҳо дигаранд, боғҳо гулрезу дилҳо пурнишотанд...
Чӣ хуб аст, агар нигоҳҳову андешаҳоро ҳам мисли ҷомаи табиат нав кунем, хонаи дилро покиза созем, мисли поксозӣ ва хонатакконии аҷдодӣ, дар мазраи қалбҳо ниҳоли орзӯҳои ширинро бипарварем, мисли сабзаҳои гандум дар Наврӯз ва ба хотири риояи суннати наврӯзи ҳамдигарро бубахшем, табассуме ба рӯяшону барояшон арзонӣ дорем, ошиқона дар канори ҳам бирақсем ва бихонем:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани наврўз аст.
Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷойи Ватан,
Сабза ҷон дар бадани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Бо муродаш ҳама дилдода расад,
Ба ҳама бахти худодода расад,
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!!!
Наврӯз барои мардуми фарзонаи тоҷик ва тоҷикистонӣ , барои мардумони ҳамзабону ҳамфарҳанги мо муборак бод!!!
Бо эҳтиром, аҳли эҷоди
Ширкати ТВ ва Радиои “Ватан”
Мавзуи НАВРАСОН ҳамеша меҳварӣ аст - аксарияти одату феълу рафтори шахс, махсусан писарон дар ҳамин сину сол шакл мегирад. Чизеро ба онҳо гуфтану фаҳмонидани калонсолон, махсусан волидонашон албатта хуб аст, вале боз ҳам хубтар аст, агар онҳо миёни худ сӯҳбат мекунанд ва бо ҳамдигар муҳимтарину ҷолибтарин мавзуъҳоро барраси мекунанд.
Радиои "Ватан" лоиҳаи наверо барои наврасон бо номи "Пайроҳа" пиёда мекунад. Аллакай 10 шумораи ин барнома таҳия ва банду баст шудааст.
Муаллиф ва гуяндаи ин барнома - Алиҷон ном дорад ва 15 сола аст. Асос барои таҳияи барнома - китобе бо номи "Қобус барои мардбачаҳои ҳақиқӣ" аст.
Акнун Шумо, наврасони гиромӣ ва додарони азиз, ҷойи иловагии сӯҳбату гуфтани фикру андеша ва баррасиву баҳсу талош барои дарёфти донишу таҷриба ва илму маълумотро доред.
Якҷо ба Алиҷон кушиш кунед, ки модели наву хубу беҳтари бачаи хуб буданро фикр кунеду созеду аз руйи он амал кунед!!!
"Пайроҳа" дар Радиои "Ватан" рӯзҳои ДУШАНБЕ, ПАНҶШАНБЕ ва ЯКШАНБЕ соати 12:40, 16:40, 21:40 ва 03:40 садо медиҳад.
Антракт:- Барномаи тафреҳӣ (ШОУ) ва хабарӣ буда, рӯзҳои корӣ як соат ба таври мустақим дар эфири радиои "Ватан" садо медиҳад.
Соати пахши барнома махсус нисфирӯз интихоб шудааст то шунавандагон, ки аз соати 12 то 13 аз руи одат барои хӯроки нисфирӯз вақт ҷудо мекунанд бо “Антракт” бошанд.
Мафҳуми худи Антракт-низ танафус миёни ду пардаи намоишҳои бузурги театрӣ ё барномаҳои сиркиву консертӣ гирифта шудааст.
Дар ин як соати Антракт-и дар радиои Ватан бахшҳои гуногун ҳаст, ки бо инитихоби шунавандаҳо ё худи рови рӯз дар миён пахш мешаванд.
Бахшҳо:- Табрикоти зодрӯз, дархости мусиқӣ, "Як суол", "Далелҳои аҷиб", "Занги бе маҳал", "Синамо+театр", "Нақшаи шом", "Пайраҳа" ва дигар бахшҳо мебошад. Аксарияти бахшҳо характери хабарӣ ё тафреҳиро доранд.
Дар ҳамаи бахшҳои барнома имкон ҳаст бо шунавандагон тариқи телефон ва вайбер дар робитаи мустақим бошем.
"Антракт" фарзанди нав тавлидшудаи радиои Ватан аст, ки сар аз 1-уми март бо ширкати ровӣ Далери Имомалӣ пахш мешавад.
"Антракт" - Нафаси осуда пеш аз саргармиҳои дигар.
Сифат ва стандарти молу маҳсулот ва хизматрасонӣ аз муҳимтарин паҳлуи иқтисод ва истеҳсолот аст.
Мо аксаран дар мавриди стандартҳои қабулшуда, шартҳои ҳатмӣ барои ин ё молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, меъёрҳо ва талаботи қабулгардида маълумоти кофӣ надорем.
Ҳоло ки сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ аз масъалаҳои асосии мавриди таваҷҷуҳ аст, Радиои "Ватан" лоиҳаи наверо бо номи "ЭТАЛОН" пешниҳод мекунад.
Ин барнома барои мардуми касбу кори мухталиф ва сину соли гуногун таҳия шуда, соддаву фаҳмо аст.
Вақти пахш: рӯзҳои СЕШАНБЕ ва ПАНҶШАНБЕ соати 10:30, 14:30, 18:30 ва 01:30, рӯзи ШАНБЕ соати соати 09:30, 14:30, 18:30 ва 01:30;
Муаллиф ва гӯянда: Бунафшаи Абдураҳим
ТОП-50 –Дар қаламрави кишвар беҳтару бартарҳоро эътироф мекунад.
Инак, домани интихоби 50 фарди беҳтару бартар то манотиқи дигари кишвар густурда шуд.
Нахуст 6 сол ин озмун бо эътирофу эҳтиром ба ашхоси сарнишонси кишвар талош кард, ки эътиқоди мардумро сазовор бигардад ва баъдан ҳамчун озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ эътироф бигардад. ТОП 50 дар ин фосилаи кутоҳ собит кард, ки тарсими воқеъбинонаи ҳар як фарди фархеҳта метавонад нафари дигарро таҳрик бидиҳад. Яъне, дигарон талош мекунанд , то по ба пои инсонҳои муваффақ бираванд. 6 сол ТОП 50 беҳтаринҳои пойтахтро муаррифӣ кард, ҳоло онҳоеро ки дар ҷумҳурӣ дар риштаи худ ҳирфаиянд, мунаккис менамояд.
Шоми 26-уми январ дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency» Душанбе» ширкати ТВ ва радиои «Ватан» 50 фарди беҳтару бартар дар қаламрави кишварро эълон кард. Дастандаркорон пойбанд ба шарту усули баргузории озмун аз миёни чанд сад иштирокчӣ нахуст тариқи пешниҳод дар сомонаи хос- top50.tj ва баъдан аз ҷониби ҳайати кории ҷоиза, 50 нафари беҳтарро пазируфтанд. ТОП 50 ба ҷуз озмуни озодагиву зебоипарастӣ, ҳамчунин маҳфили матраҳест,ки инсонҳоро ба ҳам меорад, зеҳнҳоро такомул мебахшад, ба дилҳо фараҳ меорад. Дастандаркорон ба муносибати дар сатҳи ҷумҳуриявӣ эътироф гардидани озмун як қатор навгонӣ ворид карданд: пахши зиндаи маросими мутантану бошукӯҳ тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук, тақдими Диплом ба намояндагони гуногуни қишри ҷомеъа, онҳое ки натанҳо сурати зебои зоҳирию либоспӯшӣ дорад, балки бо сирату сифоти инсонӣ дар ҷомеъа бонгу ном ёфтааст.
Инак ба феҳрасти барандагони ҷоизаи «Топ-50 дар соли 2017 ошно бигардед:
1. Рустами Эмомалӣ
2. Манзура Ғафурова
3. Шаҳло Акобирова
4. Раҷаб Мирзо
5. Наргис Рахматшоева
6. Влад Шаманский
7. Баҳриддин Камолидинов
8. Шаҳриёр Даминов
9. Зулайхо Игамова
10. Темуршо Иматшоев
11. Моҳпайкар Ёрова ва Абдумуъмин Шарифӣ
12. Аъзамхон Акбаров
13. Далер Ҷумъаев
14. Расул Латипов
15. Вероника Коробкина
16. Абдураҳмон Ҳалимов
17. Муфарраҳ Муҳабатов
18. Дилбар Ҳусейнова
19. Шаҳноза Субҳонова
20. Аъзам Ахруллоев
21. Амиран Карацев
22. Гулбаҳор Азизова
23. Амирбек Исаев
24. Саидҳофиз Дастонзод
25. Алибек Отамбеков
26. Фирӯза Каримова
27. Андрей Коваленко
28. Шаҳзода Султонбоева
29. Беҳрӯз Хоҷазода
30. Диловаршо Саидов
31. Холида Ҷӯраева
32. Алексей Корчагин
33. Сайидо Амонов
34. Алан Воловикис
35. Гулнора Ахмедова
36. Румӣ Шоазимов
37. Азиз Закиряев
38. Зарнигор Миршакар
39. Ҳабибулло Мирзошарифов
40. Дидор Саъдуллоев
41. Аловуддин Абдуллоев
42. Рустам Гулов
43. Мунира Исамова
44. Хуршед Улмасов
45. Зебуниссо Солиева
46. Амал Ҳафизова
47. Абдулло Кодиров
48. Фотима Холова
49. Меҳрубон Сангинов
50. Шаҳноза Мирзоева
Барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин чорабинӣ ширкати ТВ ва Радиои "Ватан" ба сарпарасти чорабини - Аввалин бонки молиявии хурд, ба сарпарастони расмӣ; «Шедевр», «Бахт Ивенст», “Тоҷикон Ҳолидей”, ширкати “RC Кола” “Light Grоup” ширкати муҳофизавии «Red line», шабакаи кошонаҳои ҳусни ороишии «ОСИС+. Сипоси фаровон ба суратгирон; Илҳом Юнусов, Манучеҳр Рӯзиев, Хусрав Зуҳуров, ба сарояндагон - Фирӯз Палаев, Фотима Машрабова, ромишгар -Сайидо Амонов, Баха-84, Влад Шаманский, Амал Ҳафизова, Хайём Хаёлбеков, Dj Fire ва коргардонҳо Алишер Примқулов, Елена Андронова, дӯстони мо - Даря Христолюбова ва Бахтиёр Назирбоев барои кумаки бедареғ дар баргузорӣ ва инъикоси ин чорабинӣ самимона изхори сипос мекунад.
Ин субҳи кормандони Радиои "Ватан" мисли ҳамеша аз соати 6-и субҳ оғоз нашуд. Баъди дар сатҳи хеле баланд баргузор шудани маросими Ҷоизасупории ТОП-50 ҳамагӣ дар меҳмонхонаи Ҳайят Душанбе ба худ иҷозат доданд, ки куфти таку давҳои шомгоҳиро бо чанд соат хоби бештар бароранд.
Имсол ҶОИЗАИ ТОП-50 аз намунаи солҳои қаблӣ чанд бартарӣ ва фарқият дошт:
1. Маросими имсола пурра мустақиман тариқи Интернет пахш шуд;
2. Имсол ин Ҷоиза фаротар аз шаҳри Душанбе буд - ТОП-50 акнун ҷумҳуриявӣ аст;
3. Миёни ғолибони имсола намояндагони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар ҳузур доштанд;
4. Колесияи ҳунарии "ШЕВО" (бренди Чармгар) намунаи либосҳои зебову дидани ва тарҳи ҷолибро ба намоиш гузоштанд;
5. Чанд таронаи зинда ва навозиши мусиқӣ барои ҳозирин фараҳи бештар дошт;
Иловатан мисли ҳамеша Маросими 7-уми Ҷоизасупории ТОП-50 бо ширкати меҳмонони зиёд - сафирону соҳибкорон, журналистону устодони муассисоти гуногуни таълимӣ, ҳунармандони театру синамо, коргардону тоҷирону варзишгарон дар як холу ҳавои гуворову самимӣ ва хостанӣ баргузор гашт. Аксу навори бештарро рӯзҳои наздик дар ин саҳифа ва саҳафоти дигари Интернет хохед дид.
Сипоси махсус ба сарпарастон ва шарикони кори мо!!!
Пагоҳ - 26-уми январ, соати 18:30 Маросими 7-уми ботантанаи тақдими Диплом ба ғолибони Ҷоизаи ҳарсолаи Радиои "Ватан" - ТОП - 50 баргузор мешавад.
Дар даври интихобӣ барои Ҷоизаи ТОП- 50 ҳудуди 2 моҳ номзадҳо тариқи сомонаи махсуси ин Ҷоиза - www. top.50.tj пешнищод шудад. Аз миёни чанд сад каси пешниҳодшуда фақат 50 тан муваффақ мешаванд, ки ДИПЛОМИ ин ҶОИЗА-ро ба даст бигиранд.
Шуморо фазои озодаву мувофиқ барои ошноӣ, дидорбинӣ, суҳбатҳои хосса, суруду тарона, аксу навори диданӣ ва албатта дастурхони пурнозу неъмат интизор аст.
Сипос аз ҳама сарпарастону ҳамкорон, шарикон ва дустони беғараз барои мусоидат дар омодагӣ ва баргузории ин ҶОИЗА.
Тафсилоти бештар бо телефони +992 987260041
Аксҳои зерин аз маросими ҷоизасупорӣ аз солҳои қаблӣ аст.
Рӯзҳои истироҳат (20 -ум ва 21-уми январ) қироати "Достонҳои Шоҳнома" дар нигориши Сотим Улуғзода тариқи гуфтори адабии Радиои "Ватан" - "Гулбоғи сухан" ба анҷом мерасад.
Аз миёни чанд китобе, ки аксаш поинтар оварда шудааст, қироати кадомеро шунидан мехостед? Ё шояд асари дигареро тавсия медиҳед, ки ҳам муфид ва ҳам шавқовар бошад?
Андеша ва шарҳи худро зери ҳамин матн гузоред ва ё ба почтаи vashgir@mail.ru равон кунед.
Қироати ҳар асаре, ки овози бештар мегирад ва ё аксарияти хонадагони ин саҳифа онро ҷонибдорӣ кунад, аз рӯзи душанбе, 22-юми январи соли 2018 оғоз мешавад.
"Гулбоғи сухан" - гуфтори адабии Радиои "Ватан" ҳамарӯза соати 05:10 ва 23:10 садо медиҳад.
Боло рафтани маърифати молиявии мардум – боиси беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии онҳо ва кам шудани ҳолатҳои ногувору ғайриқонии ба молияву иқтисод вобаста хохад шуд.
Мавзуъи пардохти андозҳо ва масоили ба ин самт вобаста бошад, аз ҳамон мавзуҳоест, ки комилан ба ҳама дахл дорад. Зеро ҳамаи мо дар навбати худ андозсупоранда ҳастем ва талаботи мавҷударо дар ин самт бояд донем. Иловатан донистани ҳуқуқи худ дар пардохти андозу пардохтҳои дигар, огоҳ будани аз баъзе имтиёзҳо барои андозсупорандагон фақат ба манфиати мо аст.
Мушкили асосӣ ҳамин аст, ки ҳоло на фақат мардуми оддӣ, балки ҳатто қисме аз доираҳое, ки ба тиҷорату соҳибкорӣ машғуланд, дар мавриди тағирот дар Кодекси андоз, имконияту имтиёзҳо вобаста ба пардохти андозҳо ва паҳлуҳои дигари ба ҳамин масъала вобаста маълумоти кофӣ надоранд.
Бештар шудани ҳодисаҳои ба қаллобӣ, пулшуйи, саркашӣ аз андозҳо, додани пора, талаб кардани пора, амалиёти ғайриқонуни ба пул ва мол вобаста, қарздориву фоизи қарзу ҳолатҳои дигари ба қонунвайронкуниҳои молиявӣ нишони надонистани санадҳои ҳуқуқии ба молияву иқтисоду андоз вобаста аст. Ин ҳолатро албатта ислоҳ кардан мумкин аст.
Хушбахтона кормандони масъули Кумитаи Андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсия, мусоидат ва дастгирии бевоситаи Раиси ин кумита - мӯҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим дар ҳамкорӣ бо радиои “Ватан” силсилаи суҳбатҳои шавқовар, муфид ва омӯзандаро дар мавзуъҳои муҳим сабт карданд, ки дар доираи ду барномаи радиои мо – “Ахбори Молия ва Иқтисод” ва “Молияи Ман” пешниҳод карда мешаванд.
Умедворем, ки ин ҳамкорӣ идома меёбад ва мо дар ҳамдастӣ бо Кумитаи мазкур барои огоҳии бештари мардум аз тартиб ва қавоиди зарурии ба андозу пардохтҳои ҳатмӣ вобаста ва дар маҷмуъ боло бурдани маърифати молиявии аҳолӣ саҳмгузорӣ хоҳем кард.
“Ахбори Молия ва Иқтисод” аз радиои “Ватан” ҳар рӯзи корӣ дар чор маврид - соати 07:40, 13:40,17:40 ва 22:40 тариқи Радиои "Ватан" садо медиҳад. Нашрҳои “Молияи ман” бошад, ҳамарӯза соати 10:40, 14:40 ва 20:40 пахш мешавад.
Соли Нав аз руйи таквими кухна хамин руз огоз мешуд – 14-уми январ.
Дар ФР анъанаи тачлили Соли Нав аз руйи таквими кухна баъди чори шудани таквими григориани огоз шуд. Сабаби асосии пайдоиши Соли Нав аз руйи таквими кухна- ин 13 руз фарк миёни таквимхои Юлиани ва Григориани буд. Аз соли 2100 бошад, ин фарк 14 рузро ташкил хохад кард.
Дар кучо Соли Нав аз руйи таквими кухна кайд мешавад?
• Баъди пошхурии СССР Соли Нав аз руйи таквими кухна дар як катор давлатхои пасошурави мисли Белоруссия, Украина, Молдова, Арманистон, Казокистон, Киргизистон ва миёни насронихои кишвархои сохили Балтика тачлил мешавад.
• Анъанаи тачлили Соли Нав аз руйи таквими кухна дар Сербия ва Черногория хам боки мондааст. Ин чашн дар Македония хам тачлил мешавад;
• Соли Нав аз руйи таквими кухна дар дар як кисмате аз Шветсария хам тачлил мешавад. Он рузи Силвестери мукаддас ном дорад - Alter Silvester;
• Дар Алжир бошад, Соли Нав аз райи таквими кухна на шаби 13 ба 14-уми январ, балки рузи 12-уми январ тачлил мешудааст. Бо фармони Президенти Алжир аз 27-уми декабри соли 2017 санаи 12-уми январ хама сола рузи истирохат эълон шуд;
• Дар Чопон бошад, Чашни Соли Нав аз руйи таквими кухна «РИССЮН» (立春) ном дорад. Онро огози бахор дар Чопон ва хам огози таквими кишоварзии чопони гуфтан мумкин аст;
• Дар Уэльс як чашни солинави мавчуд аст, ки расман фестивали Хен Галан ном дорад. Он дар води Гвон чашн гирифта мешавад ва гуё тачлили соли нав аз руйи таквими юлиани аст. Дар ин руз мардум ба хонаи хамдигари рафта, тухфа мегиранд;
Анъанахои Соли Нав
• Дар як катор кишвархо, махсусан дар кишвари Рус хатман «каша» мепухтанд ва он дар навбати худ як катор коидаи дигар дошт. Барои мисол, медиданд, ки хатман дег пур бошад, вале нарезад. Ин кор агар сурат мегирифт, хосияти бад шумурда мешуд. Фикр мекарданд,ки агар ин хурок хуб пухта шавад, дар он хона баракату шоди меояд. Вале агар он хурок месухт, мерехт, бемазза меомад, онро намехурданд ва албатта ба об мепартофтанд.
• Агар шаби 13 ба 14-уми январ осмон бегубору ситоразор мешуд, мегуфтанд, ки имсол хосил хуб мешавад.
• Мардум сахари рузи 14-уми январ ба богашон рафта нихолхои хосилдехро меларзонданд ва бовари доштанд, ки бо ин амалашон онхо куввахои сиёхро аз дарахтон гурезониданд;
• Мегуфтанд, ки агар дар рузи авали Соли Нав аз руйи таквими кухна ба хона аввал зан дарояд, хосияти бад дорад, вале агар мард ворид шавад, фоли нек аст.
• Агар хамин шаб дар хона пули кофи бошад, тули сол дар он хона хамеша пул хохад буд;
• Дар шаби Соли Нав аз руйи таквими кухна мардуми баъзе кишвархо фолбини мекунанд. Он кор бо роху усул ва тартиби мухталиф, барои мисол бо номи дустдоштахо, бо ангуштарин ва гайра анчом дода мешавад.
Дар Точикистон бошад, ин санаро васеъ тачлил намекунанд.. Аммо фикр дорем, ки донистани чанд далел, ки дар боло оварем, аз манфиат холи нест ва бо ДУ БОР табрик гуфтани Соли Нав мо ягон тартиб ва коидаро вайрон нахохем кард!!!
Хулоса, Соли Нав боз хам МУБОРАК БОШАД!!!
Иқдоми "Чипта ба Русия" барои муштариёни ширкати алоқаи TCELL тариқи Радиои "Ватан" идома дорад. Ҳар рӯзи корӣ аз соати 08:40 мустақиман имкон доред, ки ҷараёни бозиро гуш кунед ва на фақат ин, балки ҳатто ба идораи асосии TCELL омада, ҷараёни баргузории бозӣ ва муайянсозии ғолибро бевосита тамошо кунед.
Шумо метавонед дар ин иқдом иштирок намуда, соҳиби чиптаи ройгон ба Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Иркутск, Сочи, Новосибирск, Оренбург ва чиптаи сафар ба дигар шаҳрҳое гардед, ки “Сомой Эйр” ба он самт хатсайр дорад.
Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст то бастаи “5 дақиқа ба Русия”- ро ҳамагӣ бо 6 сомонӣ харидорӣ намоед. Баъд аз фаъол намудани баста, ба шумо дарҳол СМС бо шумораи (ID) муайян, ки аз як адади 8 ракама иборат аст, фиристода мешавад. Шумораҳои мазкур дар озмуне, ки дар офиси марказии Тселл баргузор мегардад, истифода хоҳад шуд.
Хотиррасон менамоем, ки як ID шумора, дар озмуни мазкур як маротиба иштирок менамояд. Барои иштироки минбаъда шумо метавонед бастаи мазкурро ҳар рӯз харидорӣ намуда, дар озмун иштирок намоед. Бояд қайд намуд, ки рақамҳои рузи шанбе ва якшанбе ба шумо фиристонидашуда, рузи душанбе иштирок менамоянд.
• Барои фаъол намудани «Бастаи 5 дақиқа ба Русия», коди мазкурро пахш намоед - *880*1#
• Барои тафтиш намудани маблағи боқимонда - *880#
• Барои бекоркунии баста - *880*2#
Иттилооти муфассалро оид ба иқдоми “Чипта ба Русия” шумо метавонед аз сомонаи расмии ширкат ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намоед.
Садои "Ватан" - дар фазои Ватан !!!