Озмуни "Bob Music Awords 2019" ҷамбаст гардид
Беҳтаринхои озмун маълум шуданд
Дар толори "Кохи Суруш" - и шаҳри Душанбе, даври ниҳоии озмуни овозхонии "Bob Music Awords 2019" ҷамъбаст гардид. Ба маҳорати овозхонони ҷавон, дар бахши ниҳоии озмуни "Bob Music Awords 2019", овозхонон ва доварони касбии Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд.
Миёни онҳо раҳбари гурӯҳи "Шамс" Иқбол Завқибеков, оҳангсоз Карин Грин, композитор Ҷасур Халилов, репери тоҷик Баха - 84, пионнавози амрикоӣ Ҷениффер Химстр ва ширкаткунандаи озмунҳои гуногуни овозхонӣ Даниэл Рустамов, буданд.Имсол 11 сароянда ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Се сарояндаи ҷавон, ки мақоми аввалро аз худ карданд бо мукофоти пулӣ - 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамин тавр дар бахши "Беҳтарин овоз" - сарояндаи ҷавон - Чоршанбе Аловатов, ки бо суруди ватандӯстонаи "Озода ватан" ҳунарнамоӣ кард, мақоми аввал гирифт. Дар бахши "Беҳтарин ҳунарнамоӣ" Умед Амруллоев гирандаи мукофоти олӣ шуд. Ӯ суруди "Фарёди ишқ"-ро иҷро кард. "Беҳтарин суруд" дар иҷрои Ҳайдар Каримов таҳти унвони "Беҳамто", садо дод.