Тавсияи радиои "Ватан" дар чунин ҳавои гарм
бештар об нушед!!!
Чанд тавсияро дар ин хавои гарму сузон бароятон радиои "Ватан" пешниход мекунад:
* тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
* ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил рузона ва шабона кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;
* як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;
* агар дар хона кондитсионер доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;
* бештар об нушед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
* аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед.
* дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;