ONLINE-РАДИО

Ҳушдории боду ҳавошиносон аз гармии тоқатфарсо

Эҳтиёт бошед!!!

Рӯзҳои 18-23 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда то  40-43 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44-46 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31-36 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то 41 дараҷа гарм пешгӯи мешавад.

Бино ба огоҳии нашршуда дар осомонаи Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво рӯзҳои 18-23 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якуякбораи сатҳи об дар назар  аст.

Дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе имрӯз ҳарорат то 42 дараҷа гарм мешавад.

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.