ONLINE-РАДИО

"Гулбоғи сухан" муаттар аст...

Қироати романи "Духтари оташ" бо садои Субҳон Ҷалилов идома дорад

- "Мард бош, дар ҳама кор мардона кор кун! Аз душманат чунон ниқор гир, ки вай донад..."

- "Ту Дилоромканиз бахосият омадаӣ. Пас аз омадани ту ба хонадони ман давлатам зиёд гашт, обрўям баланд шуд. Ман ба қадри хизматҳои ту нарасам, кўр мешавам...."

- "Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гўед ки, — гуфт ба овози баланд Фирўза, — мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем! Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст..."

".. .Симо, ваҷоҳати ў чунон дилкаш, чунон ҷозибанок буд, ки ҳар кас мегуфт: «Оё ин занро пештар дар куҷо дида бошам»? Абрўвони сиёҳ, чашмони калон-калони шаҳло ва дилбар, рўи мудаввар ва банур, лабу даҳони ҳамеша ба табассум моили вай чашми бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард...."

Қироати асари "Духтари оташ"-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар гуфтори адабии "Гулбоғи сухан" аз Радиои "Ватан" идома дорад.

Онро ҳар субҳ соати 05:10 ва шаб соати 23:10 шунида метавонед.




 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.