ONLINE-РАДИО

Наврӯз муборак бод!!!

Фасли муаттар, мавсими баҳору гулрез ҷашни қадимаву иди Наврӯз МУБОРАК!!!

Наврӯз – ин ҷашни бедории табиат ва нишоти фаровони дилҳо, имсол дар Тоҷикистон беш аз пеш рангину муаттару пурҷило аст. Ин Наврӯз дар ҳолу ҳавои муттаҳидии бештари мардум, осудагӣ ва ризоияти тамом, бо оғӯши кушодатару бо дарҳои боз бо ҳамсоякишварҳо таҷлил мешавад.

Наврӯзи Тоҷикистон имсол ба маротиб фараҳбахш аст. Ба гумони ғолиб Баҳор бо омаданаш Тоҷикистон ва махсусан Душанберо нашинохт. Зеро Душанбе акнун зеботар аст - кӯчаҳо дигару хиёбонҳо дигаранд, боғҳо гулрезу дилҳо пурнишотанд...

Чӣ хуб аст, агар нигоҳҳову андешаҳоро ҳам мисли ҷомаи табиат нав кунем, хонаи дилро покиза созем, мисли поксозӣ ва хонатакконии аҷдодӣ, дар мазраи қалбҳо ниҳоли орзӯҳои ширинро бипарварем, мисли сабзаҳои гандум дар Наврӯз ва ба хотири риояи суннати наврӯзи ҳамдигарро бубахшем, табассуме ба рӯяшону барояшон арзонӣ дорем, ошиқона дар канори ҳам бирақсем ва бихонем:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани наврўз аст.

 

Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,

Сабзпӯш аст ҳама ҷойи Ватан,

Сабза ҷон дар бадани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 

Бо муродаш ҳама дилдода расад,

Ба ҳама бахти худодода расад,

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!!!

 

Наврӯз барои мардуми фарзонаи тоҷик ва тоҷикистонӣ , барои мардумони ҳамзабону ҳамфарҳанги мо муборак бод!!!

 

 

Бо эҳтиром, аҳли эҷоди

Ширкати ТВ ва Радиои “Ватан”




 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.