ONLINE-РАДИО

Дар талоши боло бурдани маърифати моливии мардум

Иқдоми муштараки Радиои "Ватан" ва Кумитаи Андози назди Ҳукумати Тоҷикистон

 

     Боло рафтани маърифати молиявии мардум – боиси беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии онҳо ва кам шудани ҳолатҳои ногувору ғайриқонии ба молияву иқтисод вобаста хохад шуд.

Мавзуъи пардохти андозҳо ва масоили ба ин самт вобаста бошад, аз ҳамон мавзуҳоест, ки комилан ба ҳама дахл дорад. Зеро ҳамаи мо дар навбати худ андозсупоранда ҳастем ва талаботи мавҷударо дар ин самт бояд донем. Иловатан донистани ҳуқуқи худ дар пардохти андозу пардохтҳои дигар, огоҳ будани аз баъзе имтиёзҳо барои андозсупорандагон фақат ба манфиати мо аст.
          Мушкили асосӣ ҳамин аст, ки ҳоло на фақат мардуми оддӣ, балки ҳатто қисме аз доираҳое, ки ба тиҷорату соҳибкорӣ машғуланд, дар мавриди тағирот дар Кодекси андоз, имконияту имтиёзҳо вобаста ба пардохти андозҳо ва паҳлуҳои дигари ба ҳамин масъала вобаста маълумоти кофӣ надоранд.

Бештар шудани ҳодисаҳои ба қаллобӣ, пулшуйи, саркашӣ аз андозҳо, додани пора, талаб кардани пора, амалиёти ғайриқонуни ба пул ва мол вобаста, қарздориву фоизи қарзу ҳолатҳои дигари ба қонунвайронкуниҳои молиявӣ нишони надонистани санадҳои ҳуқуқии ба молияву иқтисоду андоз вобаста аст. Ин ҳолатро албатта ислоҳ кардан мумкин аст.

     Хушбахтона кормандони масъули  Кумитаи Андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсия,  мусоидат ва дастгирии бевоситаи Раиси ин кумита -  мӯҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим дар ҳамкорӣ бо радиои “Ватан” силсилаи суҳбатҳои шавқовар, муфид ва омӯзандаро дар мавзуъҳои муҳим сабт карданд, ки дар доираи ду барномаи радиои мо – “Ахбори Молия ва Иқтисод” ва “Молияи Ман” пешниҳод карда мешаванд.

Умедворем, ки ин ҳамкорӣ идома меёбад ва мо дар ҳамдастӣ бо Кумитаи мазкур барои огоҳии бештари мардум аз тартиб ва қавоиди зарурии ба андозу пардохтҳои ҳатмӣ вобаста ва дар маҷмуъ боло бурдани маърифати молиявии аҳолӣ саҳмгузорӣ хоҳем кард.

“Ахбори Молия ва Иқтисод” аз радиои “Ватан” ҳар рӯзи корӣ дар чор маврид -  соати 07:40, 13:40,17:40 ва 22:40 тариқи Радиои "Ватан" садо медиҳад. Нашрҳои “Молияи ман” бошад, ҳамарӯза соати 10:40, 14:40 ва 20:40 пахш мешавад. 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.