Таҷлили рузи оила дар Тоҷикистон
Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд. Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд. Тули 24 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рузи байналмилалии Оила» бо як шукуху шахомати хосса тачлил мегардад.
Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.
Таъсиси Рӯзи ҷаҳонии оила аз ҷониби СММ беҳуда нест. Ба андешаи СММ, вақте ки ҳуқуқҳои як оила осеб мебинанду вайрон карда мешаванд, ин таҳдид ба ягонагии оилавии тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро ҳар оила мансуби он аст. Оила ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва зинаи аввали ҷомеаи инсонӣ ба тарзи худ ба талаботи замон ва ҷомеа ҷавоб гуфта, худ онҳоро шакл дода, дар якҷоягӣ бо олами атроф пеш меравад ё коҳиш меёбад. Муҳаббататонро пинҳон накунед, ошкоро ибрози эҳсос намоед. Ба рафиқи ҳаётиатон шунидани ин суханҳо гуворо хоҳад буд, ки шумо ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар муҳаббати шумо, бидуни ин ҳам ошкоро маълум бошад, ба баёни пайвастаи он коҳилӣ накунед. Баъзан кифоя аст як навиштаи муҳаббатангез ё гулакеро рӯйи миз дар ҷойи намоён гузоред. Як навозиши самимона ва табассуми гузарон низ гармие ба нишоти хонаводагии шумо метавонад зам кунад. Ширкати телевизион ва радиои «»Ватан» тамоми оилаҳои хушбахти диёрро бо Рузи байналмилалии оила табрику муборакбод намуда, бароятон тансихативу хонаобод, меҳру садоқат ва зиндагии босаодату бардавомро таманно менамояд. Бигзор, ҳамеша чароғи хонаатон фурузону қалбҳоятон гарму равшан бошад.