Фарорасии моҳи Шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муборак!!!
Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел оғоз мегардад. Тавре аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд, Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҷаласаи имрузи худ изҳор дошт, ки тибқи далелҳои илмӣ, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел фаро мерасад.
Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, мутобиқи фармудаҳои дини ислом, ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».