Ғолибони Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ маълум шуданд...
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик, ки 11 марти соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, баъзе аз рузноманигорону журналистони варзида бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим ЛОҳутӣ қадрдонӣ шуданд. Дар барномаи идонаи фарҳангӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовинони Вазири фарҳанги мамлакат, сармуҳарирони рӯзномаву маҷалла, директорони радиову телевизионҳои мамлакат ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Акс аз АМИТ "Ховар"
Ёдрас емшавем, Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 110 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.
Дар рузи матбуоти тоҷик ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2021 сиву ду довталабмаводи худро пешниҳод намуд. Аъзои Кумита аз байни онҳо шахсони зеринро ба Ҷоизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ арзанда эълон кард:
1. Муҳаммадӣ Муқимов(Ҷовид Муқим)
2. Шоҳона Одиназода
3. Нематулло Мирсаидов
4. Саида Набизода
5. Саидмурод Суғдмеҳр
6. Қурбоналӣ Раҳмонзода
7. Шотолиб Шоҳқосимов
8. Ҷумъахон Сайдалиев
9. Аҳлиддини Тоҳир
10. Саидмурод Раҳимов.
Ба ғолибон шаҳодатномаи Ҷоиза, нишони Ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд. Ҳамчунин ғолибони Ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ муайян шуданд:
1. Меҳрофарин Наҷевуллоев
2. Шодмон Кенҷаев
3. Ардашер Гулмуродзода
4. Набиҷони Саидаброр
5. Меҳрангез Додобоева
Ба ғолибон Дипломи Ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Асадулло
Саъдуллоев «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» дар соли 2021 ба нашрияи «Хатлон» супорида шуд.
акс аз АМИТ "Ховар"