ONLINE-РАДИО

МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ.

       Ҳамасола дар сартосари ҷаҳон 8- уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии занон» ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи муҳаббат, покдоманӣ, саодатмандӣ ва олиҳаи зиндагиро таҷассум менамояд. Зан барои касе духтар, барои касе хоҳар, барои касе ҳамсар, барои касе дӯст ва барои касе модар аст.

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

      Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

       Модар! Бе ту ҳеч баҳоре зебо ва ҳеч тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Тамоми модарон ва бонувони ватани азизамон ва дар симои онҳо тамоми модарони рӯйи оламро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва Рӯзи байналмилалии занон-модарон табрику таҳният намуда, ба ҳамаи онҳо хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, сарбаландӣ ва  саодатманди таманно дорем.

Идатон муборак модарону хоҳарони азиз! Бо эхтиром ширкати телевизион ва радиои “Ватан”

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.