ONLINE-РАДИО

"Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ”

Шири модар наҷотдиҳандаи ҳаёти млнҳо кудак...

       Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад.  “Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ” маъракаи ҷаҳонӣ буда, барои баланд бардоштани огоҳӣ ва фаъол намудани амалиёт дар робита бо синамаконӣ равона шудааст. Бояд гуфт дар Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад. Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз доштааст, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад. Мақсади  асосии  гузаронидани  ин  чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад. Таҳлилҳои  дар  муассисаҳои  тиббии  ҷумҳурӣ  дар  солҳои  охир доиргардида нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба  бештар ба бемориҳои сироятии  меъдаю  рӯда  ва  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. 

       Бад-ин хотир, аз 2-юм то 9 август дар доираи барномаи субҳгоҳии "Субҳи Ватан" саҳифаи "Баҳодурон" (5 шарти алоҳида барои мардҳо, баҳодурон) ва саҳифаи "Модари солим-кӯдаки солим"  (савол ва се варианти ҷавоб) тақдим мешавад. Ғолибонро ТӮҲФА интизор аст. Мавзӯи суҳбат дар ин ду саҳифа - синамаконӣ, манфиати шири модар барои тифл, бархурди мардҳо ба ин мавзӯъ, таҳлил, миф, воқеъият ва боварҳо вобаста ба ин мавзӯъ аст.

        Ин барномаи радиоӣ бо кӯмаки мардуми Амрико тахия мешавад. Ва  ин кумак аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.