Баргузории чорабинии "Шабе дар осорхона"
Бахшида ба рузи умумиҷаҳонии осорхонаҳо...
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18-майи соли 2021, аз соати 18 то 23-00, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” маротибаи 8-ум иқдомоти байналмилии “Шабе дар Осорхона”-ро баргузор менамояд. Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Чорабинии «Шабе дар Осорхона» - иқдомоти байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон, мусоидат ҷиҳати нақшбандии осорхона дар зеҳни тамошобинон ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона буда, айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин чорабиниро таҷлил менамоянд.
Ба фарқ аз солҳои гузашта, иқдомоти навбати “Шабе дар Осорхона” фарогири 30 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати фарҳангии тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.
Иштироки тамошобинон дар тамоми маҳфилҳои чорабинӣ ройгон аст.