"16 рузи мубориза алайх,и хушунат"
Лоих,аи нави радиои "Ватан" ва UN Women дар Точ,икистон....
Дар доираи барномаи «16 рузи мубориза алайхи хушунат» имруз соати 10:10 дакика дар эфири мустакими радиои Ватан сухбати намояндахои сохтори Созмони Миллали Муттахид оид ба масоили занон дар Ч,умх,урии Точ,икистон садо медих,ад. Мех,монони барнома атрофи хушунату зуровари, барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбат ба занон; ва дигар масоили вобаста ба ин суханрони хох,анд кард. Барнома бо дастгирии UN Women дар Точ,икистон омода мешавад.
Маълумотнома оид ба фаъолияти ташкилот
Сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили занон як сохтори СММ буда, фаъолияти он ба мусоидат ба баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон равона карда шудааст. Сохтори мазкур, ки бо масъалаҳои вобаста ба муҳофизати ҳуқуқҳои занон ва духтарон машғул аст, бо мақсади тезонидани пешравиҳо дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати қонеъ гардонидани ниёз ва талаботҳои онҳо таъсис дода шудааст.
Сохтори СММ оид ба масоили занон ба кишварҳои узви СММ дар ҷодаи кӯшишҳои онҳо ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои ноил гардидан ба баробарии гендерӣ кӯмак расонида, якҷо бо ҳукумат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳо дар ҷараёни таҳияи қонунҳо, стратегияву сиёсати соҳа, инчунин барнома ва хизматрасониҳо бо мақсади таъмини амалисозии самараноки меъёрҳои мазкур ва расонидани нафъи амалӣ ба занону духтарон дар миқёси олам чораҳои зарурӣ меандешад. Фаъолияти ташкилот ба татбиқи амалии барномаи ҷаҳонии Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба занону духтарон ва мусоидат ба имкониятҳои баробари иштироки занон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо ҷалби диққати хоса ба панҷ масоили зерин нигаронида шудааст:
- Васеъ кардани имкониятҳои занон дар ҷодаи фаъолияти роҳбарӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ;
- Барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбат ба занон;
- Ҷалби занон дар ҳама ҷабҳаҳои ҷараёни сулҳофаринӣ ва амниятӣ;
- Васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон;
- Муайянсозии нақши пешбарандаи баробарии гендерӣ ҳангоми банақшагирӣ ва таҳияи буҷет дар сатҳи ҷумҳуриявӣ
Сохтори СММ оид ба масоили занон инчунин фаъолияти тамоми низоми СММ-ро дар ҷодаи ба даст овардани баробарии гендерӣ, инчунин ҳамаи мубоҳисаву мулоқотҳо вобаста ба «Барномаи ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030» ҳамоҳанг ва дастгирӣ менамояд, Мақсади фаъолияти сохтор муайян кардани нақши асосии баробарии гендерӣ дар ҷараёни ноилгардӣ ба Мақсадҳои рушди устувор ва сулҳофаринии ҳамаҷониба мебошад.
Вазъияти занон
Баробарии гендерӣ на танҳо принсипи асосии ҳуқуқи инсон аст, инчунин таъмини он аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ба рушди иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи истеҳсолот ва рушд мусоидат мекунад. Аммо, нобаробарии гендерӣ то ҳол дар ҷомеа чуқур реша рондааст. Занон ба шуғли пурмаҳсул дастрасӣ надоранд, аз сабаби тақсимоти касбу ҳунар дар асоси нишондиҳандаҳои гендерӣ ва фарқият дар музди меҳнат мушкилот доранд. Дар бештари ҳолатҳо дастрасии онҳо ба таҳсилоти умумӣ ва хизматрасонии тиббӣ маҳдуд аст. Дар тамоми гӯшаву канорҳои олам занҳо аз зӯроварӣ ва табъиз азият мекашанд. Онҳо дар сатҳи ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ба таври зарурӣ муаррифӣ нашудаанд.
Дар натиҷаи фаъолияти худ, ки давоми даҳсолаҳои зиёд инҷониб пеш мебарад, аз ҷумла ба шарофати чунин созишномаҳои муҳим ба монанди Эъломияи Пекин ва Платформаи амали он ва Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (КБТЗ) СММ дар масоили тарғиби баробарии гендерӣ ба пешравии назаррас ноил гардид.
Фаъолияти Сохтори СММ оид ба масоили занон дар ҷодаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ва духтарон дар тамоми олам мақсадҳои асосии зеринро дар пеш мегузорад.