ONLINE-РАДИО

Точ,икистон ба интихоботи президенти омодааст....

Интихобот -2020

       Дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи интихобот пушти сандуқҳои раъй ҳазорҳо нафар меояд, дар ҳар қадам лавҳаҳои интихоботӣ ба назар мерасад. Дар ин лавҳаҳо, ки дар биноҳои давлатӣ овезон шудаанд сокинонро мақомот  ба интихобот даъват мекунад. Дар ҳар кӯчаву хиёбонҳо овезаҳо дида мешавад, ки дар он дар бораи панҷ номзад маълумот нашр шудааст. Таъкид бояд кард, ки дар соли 2020 ба сифати номзад ба мақоми президентӣ расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри кишвар рақобат хоҳанд кард. Ҳамзамон дар пойтахти кишвар мунтазири омадани нозирони хориҷӣ ҳастанд. Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои САҲА, ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф овардаанд. Дар интихоботи дарпешистода дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳандагон навовариҳо ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳоле, ки интихобот дар даврони пандемия мегузарад ба ҳамагон ниқоб, дастпӯшакҳо, худкор ва маводи безараргардонӣ дода мешавад.

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.