Ҳозир шудани кормандон бо ниқоби тиббӣ ба коргоҳ
Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмист
Ҳукумати шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз хуруҷи бемории каронавирус ба безараргардонии пойтахти кишвар шуруъ кардааст. Ҳукумати кишвар хабар дода, ки безарарсозӣ дар хиёбону кучаҳои шаҳр то замони аз байн рафтани хатари беморӣ идома хоҳад ёфт. Гуфтанд, ки кучаву хиёбонҳоро шабона мошинҳо бо гипохлориди натрий Кӯчаву хиёбонҳоро шабона мошинҳо бо гипохлориди натрий дезинфексия ва аз микробу вирусҳо пок мекунанд. Муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки корҳои поккорӣ асосан шабона анҷом дода мешавад. Безараркуниро мошинзои ширкати ФАВЗ ва Корхонаи обу корези Душанбе анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт ҳарчанд то ҳол дар кишвар бемории COVID-19 ошкор нашудааст, аммо мақомот чораҳо барои пешгирӣ аз сирояти вирусро тақвият бахшидаанд. Ба тамоми кормандони сохторҳои шаҳрдорӣ дастур шудааст, ки бидуни ниқоби тиббӣ ба кор наоянд. Ҳар як корманд дар сурати эҳсоси беморӣ метавонад ба кор наояд ва ба табибон муроҷиат кунад.
Дар радиои "Ватан" низ усулҳои пешгирӣ аз хатари каронавирус пурзур карда шудааст. Дар утоқи кормандон маводи антисептикиву, салфеткахову маҳлулҳои дигари безараргардонӣ мавчуд хаст. Ҳар субҳ рохраву дахлезу утоқҳои корӣ, студияи сабти овозу студияи асоси бо дуди хазориспанд безараргардонида мешавад. Хар як корманд бо супориши роҳбарият бо ниқоби тиббӣ ба кор меояд. Кормандони радио хамагӣ ба маслиҳату тавсияҳои табибон гуш карда, қоидаҳои санитариву гигиениро ба пуррагӣ риоя мекунанд.