ONLINE-РАДИО

Дастони тоза кафолати сиҳатии шумо

Дар ҳоли  пандемияи каронавирус Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пайваста шустани дастҳоро тавсия дода, ҳамзамон риояи қоидаҳои санитариву гигиениро  маслиҳат медиҳад. Чанд маълумот оид ба шустани дастҳо ва безараргардонии он.

1) Давомнокии шустани дастон 20-30 сонияро ташкил менамояд:

- Маҳлули безараргардониро дар кафи даст гирифта, тавре молиш диҳед, ки ба тамоми сатҳи он расад.

-Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта, молиш дихед.

-Бо кафи дасти рост сатҳи болои панҷаи дасти чапро молиш дода, ҳамин амалробо кафи дасти чап ва панҷаи дасти рост иҷро кунед.

-Бо ангуштони ҳар ду даст миёни ангуштҳоро молиш диҳед.

-Ангуштони як дастро дар ҳолати нимқад бо дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.

-Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед. 

-бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқади дасти рост кафи дасти чапро молиш диҳед.

-Баъд аз хушк шудан дастон безарар мегарданд.

2) Чи тавр дастонро бояд шуст?

Дастонро шуед, агар онҳо дар ҳақиқат ифлос бошанд. Дар дигар мавридҳо аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода баред!

-Дастонро бо об тар кунед.

-Ба таври кифоя собуни моеъро ба кафи даст гиритфа, ба тамоми сатҳи панҷаҳо молиш диҳед.

-Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта молиш диҳед.

-Дастонро тоза бишуед!

-Дастонро бо сачоқи қогазинчумаки обро маҳкам кунед.

3) Панҷ лаҳзаи безараргардонии дастони шумо

1) пеш аз мулоқот бо бемор;

2) пеш аз тартиби амалиёти антисептикӣ;

3) пас аз тамос бо моеъҳои биологӣ;

4) баъд аз мулоқот бо бемор;

5) пас аз дидан намудани объектҳои муҳити атрофи бемор.

Дар хотир доред ки бо риояи ин қоидаву тавсияҳо шумо худу атрофиёнро аз хатар эмин нигоҳ медоред. Ба саломатии худ ва наздиконатон бетараф набошед!!! 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.