ONLINE-РАДИО

Ровиён

 

 Ном. Насаб. Номи падар.

Ҷалилов Субҳон Ҷурабекович

 Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо кӣ гуфта ҷеғ зананд?

Мехостам маро ҷеғ назананд :) 

Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан” омадед?

Бо маршрутка.

 Барои корманди Радиои “Ватан” будан кадом сифатҳоро бояд дошт?

Бояд каме шух бошӣ, аз ҳар боб кам-кам маълумот дошта бошиву дуруғгуву баҳонаҷӯ набошӣ.

Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Кинагир нестам. Ба кор ҷиддӣ муносибат мекунам. Масъулиятро эҳсос мекунам.

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Мехостам кам-кам кинагир шавам, ба хотири ҳифзи сиҳатиам аз ин кор каме дуртар равам ва ақалан рӯзҳои истироҳатӣ ба коргоҳ наоям.

Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Маро ҳам дар зарурат ва ҳам бе кадом зарурате фақат аз Радиои “Ватан” ёфтан мумкин аст.

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

Барои донишҷӯён як хобгоҳи калони ройгон месохтам, ки фақат истифодааш бо роҳи 2 ва 3 надоштан дар дафтарчаи имтиҳонотӣ мебуд. 10 театри хурди шакли нав месохтам. Муйсафедони деҳаамонро ба ҳаҷ мефиристодам...

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”

Вақте ки дафтарчаи туй ва маъракаҳо имрӯз аз дигар рӯзҳо дида бештар “сиёҳ” мешавад...

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Ба бахти ҳамкорон ё шояд ба шӯрбахтии душманон аст, ки ҳамон Субҳони гуфтаатон, ҳар рӯз дар ҷойи кор аст. Мисле, ки ҳатто касал ҳам намешуда бошад....

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Ҳамкорони мо то ин лаҳза намедонистанд, ки ман ба ҷуз радио дигар ягон машғулияту касбу ҳунари дигар надорам!!!

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Бояд роҳбар буд. Фақат як ҳамин гуна роҳ мавҷуд асту халос.

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Айнан ҳамон гуна фоида аст, ки аз муҳандисиву ошпазиву духтуриву дорушиносии онҳо ба ман.

“Ватан” – яъне чӣ?

Ватан – яъне, замини муқаддас, Ватан – яъне пушту паноҳ, Ватан – яъне, манзили абадӣ.

 

 Ном. Насаб. Номи падар.

 Атоев Додихудо Олимходжаевич.

 Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо   кӣ гуфта ҷеғ зананд?

 Бобои Додихудо,

  Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан”   омадед?

 Рузе дар мошин нишаста будам   радио гуш мекардам,ки овози   кувват  дихандаи Субхон Чалилов   ба гушам расида мегуфт. Ба   радиои “Ватан” мухофиз кабул   мекунанд. Ман ин эьлонро шунида   ба радио занг задам ва рузи дигараш  ба радио ба кор омадам.

Барои корманди Радиои “Ватан” будан кадом сифатҳоро бояд дошт?

Бояд ростгуй ва росткавл боши ва муҳимтар аз ҳама - чеҳраи радиоӣ дошта бошӣ ))))).

Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Дар оила фарзанди ягонаам, сигор намекашам машруботи спиртӣ истеъмол намекунам ба ҳамсарам вафодорам ва  танхо ба варзиш машгулам. Ин 5 ҷумларо ҳамчун се ҷумла қабул кунед ))))

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Навохтани асбоби мусиқии дуторро мехостам  аз худ кунам.

Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Агар маро мекобӣ - аз радиои Ватан меёбӣ, ғайри радиои “Ватан” ҷойи дигари пинҳон шудан надорам )))))

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

50% фисади онро ба хонаи бе парасторон хайр мекардам ва 50% фисади дигарашро бурда,  дар хона мазза карда ҳамрохи кӯдаконам то рӯзи тамом шуданаш (ва то рӯзи дарак ёфтани соҳиби асосии он пул!) мехӯрдам ))))

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”?

Ҳамон рузе, ки апаи Шахноза (хазинадори радиои мо) мегӯянд, ки “ бачахо, имрӯз маош мешавад” )))))))

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Субҳонро ё аз радио пайдо кардан мумкин аст ва ё аз Интернет. Аз хона дида бештар ӯ дар ҳамин ду ҷой аст.

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Ман шабона таксӣ кор мекунам, рӯзҳое, ки навбатдор набошам, дар бозори Меҳргон асал мефурушам ))))))))

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард?

Бояд ба маҷлисҳо омаду ҳатман супоришҳоро ба дафтари корӣ навишт. Роҳбарфикр мекунад, ки баъд мо он супоришро иҷро мекунем ))))))))))))

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Фоида ҳамин аст, ки ман онҳоро қариб ки намебинам, бо онҳо ҳеҷ вакт ҷанҷол намекунам. Онҳо ҳамеша ҳайронанд, ки чаро ман дар Радио кор мекунаму ягон барномаи радиоӣ надорам!? ))))))))

“Ватан” – яъне чӣ?

Ватан – яъне, ҳама чиз, буду набуд, имрӯзу фардо, нангу ор, пушту паноҳ...

 

                      Ном ва насаб- Гулноз Юсупова

        Мехостед, ки дар ҷойи кор шуморо кӣ гуфта ҷеғ зананд?

Номамро бигиранд басанда аст. ))))))))))))

Шумо чӣ гуна ба Радиои “Ватан” омадед?

Баъд аз практика дар ин чо кор кардан хостам.

Барои корманди Радиои “Ватан” будан кадом сифатҳоро бояд дошт?

Одами хуб бояд буд))) ва хама корхои рохбариятро сари вакт анчом дод.

Бо се ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед.

Донишгохро хатм намудаам вале мисли мактабхонхо менамоям.Корхоям маълум набошад хам хама вакт духтараки серкорам))).Бо дустон нишастанро меписандам.

Кадом кор ва ё чиро дар оянда мехостед, ки биомӯзед ва ё аз худ кунед?

Мехохам хама хунархоро аз худ кунам.

Дар зарурат шуморо аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Аз хона ва ё чои кор))))

Агар миллион сомонӣ медоштед, барои кадом кору накша онро сарф мекардед?

Падару модарамро ба хач мефиристодам. Бизнеси худро мекушодам. Дигараш баъд мешавад.

Кадом вақт шумо метавонед гуед, ки “Имрузам бобарор буд”

Рузе ки хама накшахоям ба пурраги амали шаванд.

Яке аз ҳамкорони шумо чандест ба кор намеояд. Барои мисол, Субҳон Ҷалилов. Ба фикри шумо ӯ дар куҷо аст? Бо у чӣ ҳодиса рух додааст?

Ба Файзобод рафтааст. Гуфти худашон назди очааш рафтааст.

Дар бораи кадом машғулиятатон ҳатто ҳамкорон намедонанд?

Хамкорони ман хамачиро медонанд)))

Барои гап нашунидан аз роҳбар, чӣ  бояд кард

Супоришхои додаашонро дар вакташ амали кардан даркор.

Шумо ҳоло корманди Радиои “Ватан” ҳастед. Аз ин  барои ҳамсояҳои шумо чӣ фоида аст?

Наздиконашонро бо рузи зодрузашон дар радио табрик мекунам)))) Намедонам инро аз онхо пурсидан даркор.

“Ватан” – яъне чӣ?

Ватан яъне чое ки мо дар ончо таввалуд шудаем ва зиндаги мекунем.

 

 

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.