ONLINE-РАДИО

"Ватан"-ро бишнаву бо Ватан бош!

         Радиои "Ватан" талош мекунад бо барномаҳои чолибу шунидани табъи шуморо ҳамеша болида гардонад. Умед дорем бо шунидани чунин барномаҳо завқи шунидани радиои "ВАтан" кам намешаваду нахоҳад шуд.

            Барномаи "Субҳи Ватан" -кафолати болидагии руҳия ва ҳамадонии шумо хоҳад буд. Маълумоти ҳуқуқӣ гирифтан мехоҳед, барномаи "Ҳуқуки ман" барои шумост.                        Доир ба масъалаҳои иқтисодӣ барномаи "Молияи ман" кумакрасони шумо хоҳад буд. Ахбори молия ва иктисод"-барнома барои миллиондорони оянда.                                   "Гардиш" –сахифаи хабарӣ-ҳар соат шуморо бо хабарҳои муҳими дохилу хориҷи кишвар бохабар мекунад. "Гулбоги сухан"-барнома барои дустдорони наср ..

"Бемор машав"-барномаи тиббӣ буда, доир ба роҳу усулҳои пешгирии маризиҳо ва навгониҳои олами тиб мегуяд. Доир ба сифати молу маҳсулоти ватаниву хориҷӣ ва ҳуқуқӣ истеъмолкунанда барномаи "Эталон" маълумот медихад.

            Дар барномаи "Пресс-клуб" андешаҳо мухталиф, аммо созанда ҳастанд. Барои каме фориғ шудан аз кор ва хуш гузаронидани вақт "Антракт"-ро гуш кунед!   Шарҳу тафсири хабарҳои варзиширо аз "Сафдар"бишнавед. "ТУР”- саҳифаи эълонҳои радиои “Ватан"

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.