Лоиҳаи нави радиои "Ватан" дар ҳамкорӣ бо намояндагии Раёсати Олии Комиссари СММ оид ба кор бо гурезаҳо
Шахсони бешахрванд киҳову куҷо ҳастанд?
Имрузҳо дар баъзе ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон шахсони зиёде бо шаҳрвандии кишвари ҳамсоя, шиносномаи Шӯравӣ ва ҳатто афроди бешаҳрвандӣ, зиндагӣ мекунанд ва қисме аз онҳоро занону кудакон ташкил мекунад.
Вобаста ба шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон
Мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди ҶТ қарор доранд.
Шумораи умумии мардуми бешаҳрванд ва хориҷиҳо ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва дигару дигар масоили марбут ба хамин мавзуъ дар радиои “Ватан” лоиҳаи нави Намояндагии Раёсати Олии Комиссари СММ оид ба кор бо гурезаҳо роҳандозӣ мешавад.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, ҳуқуқшиносону созмонхҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони масъул дар робита ба ин мавзуъ дар эфири мустақими радиои “Ватан”фикру андешаҳои худро иброз хоханд кард. Шумо имкон доред ба ҳама саволҳои нигаронкунанда дар ин самт ҷавобҳои дақиқу возеҳро дарёфт кунед.