"Ватан" радиои сол интихоб шуд...
"Ватан" хамоно пешсаф аст....
Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар пойтахт рӯзи 11 март бахшида ба ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ доир гардида, дар он беҳтарин намояндагони ин касб қадршиносӣ ва беҳтарин ВАО-и кишвар эълон шуданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Хушбахт дар бахши матбуоти даврӣ, директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера Исмоилова - дар бахши телевизион ва сармуҳаррири Радиои «Овози тоҷик» Фазилат Иброҳимова - дар бахши радио ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои назарпурсии хонандагону шунавандагон ва тамошобинони телевизион Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нашрияи “Ҷумҳурият”-ро “Газетаи сол” эълон кард.
Агентии иттилооти “Авеста” беҳтарин агентӣ, “Радиои Ватан” - беҳтарин радио, “Синамо” - беҳтарин шабакаи телевизион ва “Бонувон” - беҳтарин маҷаллаи сол эътироф шуданд.
Сардабири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо ҷоизаи беҳтарин сармуҳаррир ва Абдулло Раҳнамо бо мукофоти беҳтарин коршинос қадронӣ шуданд.
Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон “беҳтарин маркази матбуот”-и сол номида шуд.
Рӯзноманигор ва шоир Валиҷон Баёнӣ, ки охири моҳи феврал аз олам даргузашт, журналисти сол эълон шуд. Ӯ солҳои зиёд дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва солҳои охир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистн кор мекард.
БОяд гуфт рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола 11-уми март дар кишвар таҷлил мешавад.