Сухтор дар "Шарқи озод" хомуш карда шуд..
Зарар аз он муайян карда мешавад..
Ҳаҷми зарар аз оташсузи дар муҷтамаъи табъу нашри "Шарқи озод" аз ҷониби мақомоти кишвар муайян карда мешавад. Ёдрас мешавем сухтор дируз тақрибан соати 10:30 дақиқа яке аз ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи 11-уми муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” оташ гирифт. Дар ошёнаи мазкур расонаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҷойгиранд. Ҳамаи кормандони муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” ва идораҳои ВАО аз бино берун бароварда шуданд. Ҳеҷ кас осеб надидааст. Ба ҷойи ҳодиса 15 мошини сӯхторнишонӣ ҳозир шуда, оташро дар давоми 20 дақиқа хомӯш карданд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омадааст.