Истирохати 14-рузаи сокинон
Мохи март барои мардум чашни хохад буд...
Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд .Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.Масалан, ҷашни Рӯзи модар имсол ба рӯзи якшанбе рост меояд ва бинбар ин, рӯзи душанбеи ин ҳафта, 9 март низ рӯзи истироҳат аст.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо (21, 22, 23 ва 24 март) истироҳат эълон шудааст. Имсол рӯзҳои 21 ва 22 март ба рӯзҳои истироҳати шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, аз ин рӯ, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд. Ҳамин тариқ бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи март 14 рӯз: 1, 7, 8, 9, 14, 15, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 28 ва 29-ум истироҳат мекунанд.