Мулокот бо чавонони донишчу дар мавзуи муқовимат бо терроризму экстремизм
Лоиҳаи радиои "Ватан"
Ширкати телевизион ва радиошунавонии "Ватан" дар ҳамкори бо сафорати ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаеро бо номи "Муқовимат бо терроризму экстремизм" амалӣ мекунад. Бад ин хотир дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хоруғ ва Хуҷанд кормандони радиои "Ватан" якҷо бо намояндагони ВКД, сиёсатшиносу коршиносон, равоншиносон бо донишчуёну устодони донишгоххо вохури ва суҳбатҳо мегузаронанд. Яке аз чунин мулокоту сухбату суолу чавобхо вобаста ба мавзуи муқовимат бо ин падидаи номатлуб имруз дар Коллеҷи технологии шахри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндахо аз мақомоти қудратӣ, исломшиносону коршиносон ширкат карда, ба саволҳои вобаста ба ин мавзуъ посух гуфтанд.