ONLINE-РАДИО

""Чипта ба Русия" тамом шуд !!!

Иқдоми "Чипта ба Русия" -ро ширкати ТИСЕЛЛ тариқи Радиои "ВАТАН" баргузор кард

Имрӯз иқдоми "Чипта ба Русия" бо ташаббуси ширкати алоқаи TCELL (ки ҳар субҳи корӣ мустақиман ба воситаи Радиои "Ватан" баргузор мешуд) ҷамъбаст шуд.

Дар тӯли 90 рӯз 90 кас соҳиби чипта ба Русия гашт.

Барои соҳиби чипта шудан, аввалтар аз ҳама муштариёни ин ширкати алоқа бояд 5 дақиқаро ба Русия бар ивази 6 сомонӣ мехариданд. Вақти пайваст кардани бастаи "5 дақиқа ба Русия" ба телефони онҳо СМС бо коди махсусе меомад. Он аз 8 рақам иборат буд.

Қуръакашӣ ҳар субҳи корӣ ғолибро муайян мекард.

Ширкати ТВ ва Радиои "Ватан" бо таҳнияти ҳамаи ғолибони ин иқдом барои ҳамаи онҳое, ки ба ин иқдом таваҷҷуҳ доштанд, дастгирӣ карданд, ширкат намуданд, дар баргузории он саҳм доштанд, самимона изҳори сипос мекунад.

Мо аз ҳамкорӣ бо Шумо, махсусан аз Ширкати TCELL қаноатмандем ва умедворем, ки дар татбиқи нақшаҳои дигар низ Радиои "Ватан" -ро ҳамчун шарикои кор интихоб мекунед!!!




 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.