ONLINE-РАДИО

"Антракт" - лоиҳаи нави Радиои "Ватан"

Акнун фурсати дамгирӣ ва фароғати нимрӯзии Шумо ҳам ҷолибу шавқовар ва ба манфаиат хоҳад буд.

Антракт:- Барномаи тафреҳӣ (ШОУ) ва хабарӣ буда, рӯзҳои корӣ як соат ба таври мустақим дар эфири радиои "Ватан" садо медиҳад.

Соати пахши барнома махсус нисфирӯз интихоб шудааст то шунавандагон, ки аз соати 12 то 13 аз руи одат барои хӯроки нисфирӯз вақт ҷудо мекунанд бо “Антракт” бошанд.

Мафҳуми худи Антракт-низ танафус миёни ду пардаи намоишҳои бузурги театрӣ ё барномаҳои сиркиву консертӣ гирифта шудааст.

Дар ин як соати Антракт-и дар радиои Ватан бахшҳои гуногун ҳаст, ки бо инитихоби шунавандаҳо ё худи рови рӯз дар миён пахш мешаванд.

Бахшҳо:- Табрикоти зодрӯз, дархости мусиқӣ, "Як суол", "Далелҳои аҷиб", "Занги бе маҳал", "Синамо+театр", "Нақшаи шом", "Пайраҳа" ва дигар бахшҳо мебошад. Аксарияти бахшҳо характери хабарӣ ё тафреҳиро доранд.

 Дар ҳамаи бахшҳои барнома имкон ҳаст бо шунавандагон тариқи телефон ва вайбер дар робитаи мустақим  бошем. 

"Антракт" фарзанди нав тавлидшудаи радиои Ватан аст, ки сар аз 1-уми март бо ширкати ровӣ Далери Имомалӣ пахш мешавад.

"Антракт" - Нафаси осуда пеш аз саргармиҳои дигар.




 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.