ONLINE-РАДИО

Чанд соат баъди ТОП-50

Дирӯз дар меҳмонхонаи Ҳайят Душанбе маросиси Ҷоизасупории ТОП-50 барои соли 2017 баргузор шуд

Ин субҳи кормандони Радиои "Ватан" мисли ҳамеша аз соати 6-и субҳ оғоз нашуд. Баъди дар сатҳи хеле баланд баргузор шудани маросими Ҷоизасупории ТОП-50 ҳамагӣ дар меҳмонхонаи Ҳайят Душанбе ба худ иҷозат доданд, ки куфти таку давҳои шомгоҳиро бо чанд соат хоби бештар бароранд.

Имсол ҶОИЗАИ ТОП-50 аз намунаи солҳои қаблӣ чанд бартарӣ ва фарқият дошт:

1. Маросими имсола пурра мустақиман тариқи Интернет пахш шуд;
2. Имсол ин Ҷоиза фаротар аз шаҳри Душанбе буд - ТОП-50 акнун ҷумҳуриявӣ аст;
3. Миёни ғолибони имсола намояндагони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар ҳузур доштанд;
4. Колесияи ҳунарии "ШЕВО" (бренди Чармгар) намунаи либосҳои зебову дидани ва тарҳи ҷолибро ба намоиш гузоштанд;
5. Чанд таронаи зинда ва навозиши мусиқӣ барои ҳозирин фараҳи бештар дошт;

Иловатан мисли ҳамеша Маросими 7-уми Ҷоизасупории ТОП-50 бо ширкати меҳмонони зиёд - сафирону соҳибкорон, журналистону устодони муассисоти гуногуни таълимӣ, ҳунармандони театру синамо, коргардону тоҷирону варзишгарон дар як холу ҳавои гуворову самимӣ ва хостанӣ баргузор гашт. Аксу навори бештарро рӯзҳои наздик дар ин саҳифа ва саҳафоти дигари Интернет хохед дид.

Сипоси махсус ба сарпарастон ва шарикони кори мо!!!

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.