ONLINE-РАДИО

ТОП 50 акнун фаротар аз Душанбе меравад

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар Душанбе баргузор мешавад.

       Пагоҳ - 26-уми январ, соати 18:30 Маросими 7-уми ботантанаи тақдими Диплом ба ғолибони Ҷоизаи ҳарсолаи Радиои "Ватан" - ТОП - 50 баргузор мешавад.

Дар даври интихобӣ барои Ҷоизаи ТОП- 50 ҳудуди 2 моҳ номзадҳо тариқи сомонаи махсуси ин Ҷоиза - www. top.50.tj пешнищод шудад. Аз миёни чанд сад каси пешниҳодшуда фақат 50 тан муваффақ мешаванд, ки ДИПЛОМИ ин ҶОИЗА-ро ба даст бигиранд.

Шуморо фазои озодаву мувофиқ барои ошноӣ, дидорбинӣ, суҳбатҳои хосса, суруду тарона, аксу навори диданӣ ва албатта дастурхони пурнозу неъмат интизор аст.

Сипос аз ҳама сарпарастону ҳамкорон, шарикон ва дустони беғараз барои мусоидат дар омодагӣ ва баргузории ин ҶОИЗА.

Тафсилоти бештар бо телефони +992 987260041

Аксҳои зерин аз маросими ҷоизасупорӣ аз солҳои қаблӣ аст.

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.