ONLINE-РАДИО

Андар боби насабхои гайриодди

Ном ва насаб хам то чое ба инсон таъсиргузор аст

Мо дар аксари филму наворхои замони шурави, ки дар тахияи онхо аз оркестр истифода шудааст, насаби ПТИЦА-ро мехондем. Бо бовари метавон гуфт, ки ин насаб хамаро дар хайрат меовард. Ки бошад ин ПТИЦА? Чаро махз ПТИЦА?

Хамин руз  (6-уми январ) -и соли  1983 дирижёри хор, Хунарпешаи халкии СССР -  Клавдий Борисович ПТИЦА вафот карда будааст.

Птица дар Рязан дар техникуми мусики тахсил карда, замони Чанги Дуюми Чахони дар ончо  дарс мегуфтааст. Соли 1937 у Консерваторияи Маскав ва баъди се сол аспирантураро хатм мекунад. Аз соли 1936 то 1946 дар чанд муассисаи мусики ба хайси хормейстер фаъолият мекунад.

Насаби Птица моро тахрик дод, ки дар мавриди ному насабхои гайриодди чанд далелро инчо чамъовари кунем, ки вокеъан гайриодди ва камчин хастанд.

 

  1. Агар барои мисол соддатарин ва маъмултарин насаб дар Русия ва миёни русзабонхо ИВАНОВ бошад, пас тахмин кардан мумкин аст, ки насаби тамоман гайриодди  - БЕЗФАМИЛЬНЫЙ аст.
  2. Насабхои ТЫКВА, НЕПЕЙПИВО, БЕДА, ДЕЛЬФИН, ВОДА, КУКЛА ва КОЛБАСА аз шумори он насабхое аст, ки барои мисол дар Маскав сабт шудааст;
  3. Насаби МАСКВА –ро хам дар пойтахти ФР шахри Москва вохурдан мумкин будааст;
  4. Гурухи насабхое хастанд, ки онхо факат аз 1 то харф иборатанд. Барои мисол, Ю, О, Е ва А на факат як харфи алифбо, балки барои баъзехо хатто насабашон аст;
  5. Солхои сиюми асри гузашта дар СССР мардум ба иваз кардани насаби худ шуруъ мекунад. Сабаби асоси ин буд, ки дар замони шурави то хамин солхо иваз кардани насаб мумкин набуд. Сабаби дуюм хамин буд, ки мардум аз насабхои тамоман хандаовару гайриодди акнун шарм медошт. Барои мисол, он вакт мардум  насабхоеро чун КОЗЁЛ, КОТИК, ДИКИЙ, БУБЛИК, ПЁСИК, Мозоль, Босой, Мухомор, Хвостик ва БУХГАЛТЕР иваз мекарданд;
  6. Он замон ва шояд холо хам хастанд насабхое, ки фавкулода гайриодди ва хатто хандаовар хастанд. Ба онхо КУКУ, АХТУНГ, ПЬЯННИЦА, ЖИВОЙ, НОЛЬ, СПАСИБО ва КОЙКА мисол шуда метавонанд;
  7. ЧАНГ, ки дар забони точики  якчанд чиро ифода мекунад (асбоби мусики, гарду чангу губор ), насаби аз хама машхур дар кишвархои осиёи аст;
  8. Дар ФР чанд оилае зиндаги мекунад, насаби хонаводагии онхо -  Ан, Ен, То ва До аст;
  9. Насаб-топонимхо хам мавчуданд. Барои мисол, одамоне хастанд, ки насаби онхо Москва, Америка,  Астрахан ва  Камчатка аст; Иловатан насабхое монанди Запорожец, Москвич,  Волынь ва  Уралец хам мавчуданд;
  10. Нафароне хастанд, ки аз ду калима ё як ибора таркиб ёфтаанд, мисли Добрый-день;
  11.  Зери таъмири дини насрони хам як катор насабхо пайдо шуда, холо хам мавчуданд. Ба онхо насабхои камчини Молитва,  Колокол,  Певчий, ва Богодух мисол шуда метавонанд;
  12.  Накл аст, ки дар соли 1874 вакте ки Александри II ислохоти низимиро мегузаронад, зарурати ба руйхатгирии низомиён пеш меояд. Хамон вакт будааанд касоне, ки ба саволи «насабат чи аст?» чавоб гуфта наметавонистаанд. Кам набудааст холате ки насабро ба ин гурух дар хамон лахза медодаанд. Барои ин ба хамон низоми нигох карда насаби «мувофик»-ро барояш фикр мекардаанд.  Маълум аст,  ки он замон баъзан насабхои хандаовару гайриодди хам, мисли Однорук, Крывой ва Рыжий дар зехни макомдорон пайдо мешудааст;

Руйхати насабхои гайриодди, шавковар ва хандаоварро метавон идома дод. Инчо чанд намунаи дигарро бе шарху тафсир меорем:

Хулоса, тули таърих мардуми хеле зиёде бо ному насаби тамоман гайриодди, амсоли ПТИЦА  зиндаги кардаанд ва холо авлодони онхо баъзан  бо хамон гуна насабхо ба гумони голиб зери саволборони хар нафари тоза ба у шиносшуда зиндаги доранд…  


 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.