ONLINE-РАДИО

ВАТАН сигоркаширо тавсия НАМЕДИХАД!!!

Мо хамеша чонибдори тарзи солими зиндаги хастем!

Хамин руз (24-уми декабр) дар соли 1985 рохбари вакти Куба – Фидел Кастро эълон дошт, ки сигоркаширо бас мекунад.

Сабабхои сигоркаширо даст гирифтани мардум зиёд аст - яке мегуяд, ки асабам ором мешавад, дигари мушкилие дорад ва харчанд медонад, ки бо сигоркаши он хал намешавад, вале бозам худро тасалло медихад, сеюми ин корро барои ба касе нишон додани «замонави» буданаш мекунад, дигареро факат бояд миёни ангуштонаш холи набошанд, тамом….Вале новобаста ба хама гуна сабабу далелу мачбурихо аз бахри ин одат гузаштан мумкин аст.

 

Чанд тавсияро барои Шумо хохам гуфт, ки аллакай санчидашудаанд:

 

• Агар вокеъан хам тарки сигоркаши кардани хастед, погоху пагохи дигару баъди Соли Наву Навруз, рузи душанбе, сешанбе, аввали мох, туйи фалони….ро интизор нашуда хамин хозир сигорхои киссатонро партоед ва ба худ кавл бидихед, ки "дигар сигор намекашам";

• Баъди ин хонед, ки сигору никотин сабабгори кадом касалу маризихо мешавад. Холатхои чудогонае, ки касе шояд 40 сол аст сигор мекашаду холо хам ба назар солим метобад, бояд монеъи тарки одати сигоркаши барои шумо нагардад.

• баъди ба худ кавл додан ба волидон, хамсар дустонатон гуед, ки шумо тарки сигоркаши кардед. Хар кадар ба мардуми бештар мегуед, хамон кадар таъсираш бештар ва хубтар мешавад;

• агар сигоркаширо якбора партофта наметавонед, ин корро ба тадрич, охиста-охиста кунед - аввал шумораи сигорхоро кам карда, баъд онро бас кунед;

• хама чизеро, ки сигоркаширо ба ёдатон меорад, аз пеши назаратон гиред - хокистардон, сигорхои кадом вакте харидаатон ва имсоли ин..;

• Кушиш кунед, ки пул ва тангахои майда дар киссаатон набошанд. Шумо хатман ба онхо сигор мехаред!!!

• Барои худатон дедлайн гузоред, яъне мушаххас кунед, ки кадом руз тамоман тарки он одат хохед кард.

• Агар хохед, ки худатон бо чашм бинед, ки чи кадар сигоркаши ба шумо хисорот ва зарар меорад, рузнома тартиб дихед. Ончо хар куттии харидаатонро бо арзиши он сигор нависед. Нависед, ки дар як шабонаруз чанд дона сигор кашидед? Баъд онро дар як мох хисоб кунед, ки чи кадар пулу вакту сихатиро аз даст медихед?

• Ба каси дигар аз миёни дустонатон ки сигоркаширо партофтааст, мурочиат кунед, то ба шумо кумак расонад. Пурсед, ки чи холатро у аз сар гузаронид? Ба чи бояд бештар таваччух кард ё шояд камтар ахамият дод?

• Кушиш кунед, ки хамон чанд дакикае, ки барои сигоркаши сарф мешуд, акнун бо ягон кори дигаре машгул шавед. Яъне, агар чизеро тарк мекунед, ба чойи он чизи шавковартаре бояд ба миён ояд;

• БУбинед, ки одатан кадом вакт сигори бештар мекашед: вакти кахвануши, вакти шаробнуши ё кадом фурсати дигаре?! Вакте ки инро мушаххас кардед, хамон корро лоакал муваккатан бас кунед. Яъне, агар мушаххас кардед, ки шумо сигорро баъди нушидани машрубот бештар мекашед, бехтар аст, ки аввалтар аз хама кабули машруботро бас кунед;

• Агар якбора сигорро пурра тарк карда натавонед, дар мавриди аввал кисме аз сигорро шикаста партоеду, бокимондаашро кашед. Яъне, акалан аз кам кардани таъсири никотин сар кунед;

• Бубинед, ки кихо ва ё чи ба сигоркашиатон таъсир мерасонад: шояд хамкорон хар ним соат пас шуморо ба сигоркаши даъват мекунанд, шояд шумо вакти ба биллиардбози рафтан сигори бештар мекашидед? Мушаххас карда, як муддат речаи руз ва кори худро тагир дихед. Дар хамон фурсатхо ягон машгулияти манфиатовареро гузоред.

• Ба гапи мардум, ки "тарки одат номумкин аст, одам баъди тарки сигор фарбех мешавад, касал мешавад, асаби ва газаболуд мешавад, фоида надорад дигар тарки одат…." ва мисли инхо бовар накунед ва чидди ахамият надихед; Шояд баъди тарки одати сигоркаши рузхои аввал кадом тагироте дар чисму рухи шумо сурат бигирад, аммо бовар кунед, ки он огози сихатии бештар ва вазъи бехтари саломатии шумо аст. Шумо бехтараш дар хамин бора фикр кунед!

• Кушиш кунед, ки баъди тарки одати сигоркаши, дигар бекор намонед, дастхо бояд ба коре манфиатовару барои худатон шавковар машгул бошанд;

• Вакте ки тарки сигоркаши кардед, нушокихои табииро бештар нушед, то хамон маводи зараровар аз чисматон берун шавад.

• Вакте ки сигоркаширо партофтед, акнун ба ягон каси дигари атроф, ки рохат сигоркаши дорад, ахамият надихед. Рост аст, ки холо хатто хамонхое хам сигор мекашанд, ки худашон ба дигарон тарки ин одатро тавсия медиханд. «Хама сигор мекашад-ку…» - хамон чумлаест, ки сустирода будани шуморо бармало нишон медихад. Бехтараш шумо фикр кунед, ки чи гуна шумо аз дигарон дида иродаи кави ва тасмими чидди доред ва шумо албатта саломатии худро боз хам бехтар мекунед;

• "Тарки сигоркаши мекунам" - гуфта, ба носкаши нагузаред. Ин аввалтар аз хама нишони сустии иродаи шумо аст, баъд ин ки нос хам на камтар аз сигор зараровар аст;

• Барои тарки сигор бехтар аст, ки ягон замина, сабаб ва ё бахонае бошад: масалан занхо метавонанд максад гузоранд, ки ба кариби таваллуд кардани хастанд ва хатман сигоркаширо мепартоянд, мардхо бошад, метавонанд гуянд, ки ман барои он ки пеши духтарчаи хурдсолам буйи бад накунам, дигар сигор намекашам, ё метавонанд, ваъда диханд, ки дигар либоси онхо набояд буйи дуди тамоку кунаду модари азизашонро норохат созад…ва мисли хамин;

• Вакте ки шумо сигоркаширо партофтед, хамеша дар хотир дошта бошед, ки хамон одати тарккардаи шумо сабабгори як катор маризихои чидди мисли дикки нафас, саратони шушхо, бронхит ва дигар маризихои шушу роххои нафас, сустии камар, безурёти, паст шудани шунавои ва бинои, рехтани дандонхо, остеопороз ва гайра буда метавонист;

• Агар фикр мекунед, ки баъди тарки сигор ба калён гузаштан безарар аст, хато мекунед. Аввал ин ки калён кимматтар аст ва баъд ин ки он хам сабабгори чандин маризи ва бемори аст. Сигорхои электрони хам рохи аз хама дурусти халли ин мушкил нест! Худро бехтараш бо ин тарз одат накунонед;

Аммо шояд саду як сабабу холати дигареро инчо сигоркашхо пеш меоранд, ки бо будани онхо наметавонанд, ки тарки одат кунанд. Он вакт чи бояд кард? Ба хар сурат донишмандон ва табибон барои хамин гурухи мардум хам чанд тавсияро пешниход мекунанд:

• сигори камникотинро кашед ва ё хамин сигорхои оддиро гирифта, нимашро шиканед ва факат ними онро кашед;

• дар шиками гурусна набояд сигор кашид;

• хама хели сигорро то «баромадани буи нохуни сухта» накашед:));

• вакте ки саросема хастед, асаби хастед, бо зинапояхо боло меравед, рох гашта истодаед…бехтараш сигор накашед;

• якчо бо нушидани чой ва ё кавха сигорро тавсия намедиханд;

• пеш аз хобидан сигор кашидан нодуруст аст;

 

Умедворам, ки ин тавсияхо ба манфиат бошад ва барои тарки одати нохубу зиёноваре, мисли тамокукаши ба шумо кумак расонад.

 

                   

  

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.