ONLINE-РАДИО

Аркадий Райкин: "Эхтимол ними умри ман дар беморхонахо гузашта бошад..."

Имруз 17-уми декабр солгарди вафоти Аркадий Райкин аст

Хамин рузи соли 1987 дар Маскав хунарманд, хачвнигор, Артисти халкии СССР (1968), барандаи Чоизаи Ленини (1980), Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1981) - Аркадий Исаакович РАЙКИН вафот карда буд. У дар Рига таваллуд шуда буд ва то дами маргаш мухаббату самимияти худро нисбат ба он шахр пинхон намекард. Соли 1945 Рузи Галабаро у махз дар Рига истикбол карда буд.

Барои расидан ба максаде, ки Райкин пеши худ мегузошта аст, зиёд захмат мекашидааст. «Мехнатдустии Райкин маро хайрон мекард. У нисбат ба худаш хеле берахм буд. Ман ин гуна шахсро дар умрам надида будам. Мардуми сохибистеъдодро дида будам, аммо хунарманди сарфакор, боадолат, касе ки фиребро аслан надонад, ками кам аст. Райкин дар кору эчод ягон чиро дарег намедошт» - гуфта буд Рина ЗЕЛЁНАЯ.

Худи Райкин бошад, чое навишта буд, ки «Замони актёр шуданам, ман фикр хам намекардам, ки маро хамин гуна кисмати мушкилу душвор интизор аст, интизор набудам, ки ин касб хамин гуна аз ман неру ва тавоноиро мегирад, бовар намекардам,ки ман бояд шабу руз бекор нашинам. Шаб дар мавриди кор фикр кунаму рузона машк кунаму накш биофарам. Кахрамони ман дар яке аз спектаклхо чунин чумларо ба забон меорад, ки «Кор – ин аз се як хиссаи умри мо аст». Вале барои актёр кор - ин тамоми умри у аст».

Боре у гамангез икрор шуда буд,  ки «эхтимол ними умри ман дар беморхонахо гузашта бошад». Ин вокеъият дошт. Райкин аз чанд маризи азият мекашид. Хануз дар 13 солагиаш зимистоне хунуки кашида буд. Ангина ба дилаш таъсири бад расонида буд. Ревмотизм ё тарбоду ревмокардит уро ба чойгахи бемори кашида буд. Дорухо кам фоида мекарданд, пешгуйихои духтурон хам умедворкунанда набуданд. Як вакт хамин тавр шуда буд, ки у рох намегашт ва баъдтар гуё рохравиро дубора ёд гирифт. Маризии тарбодаш гуё сабуктар шуда буд, аммо дарди дили Аркадий Райкин  як умр аз худ дарак медод.

Замони 16 солагиаш уро барои бе билет ворид шуданаш ба консерти баъди чаласаи хизби дар пойтахт чазо дода буданд, аниктараш як  муддат хабс хам мешавад.

Замони 25 солагиаш, дар айни шухрат ва кору фаъолияти хуби хунариаш,  дардхои кухнааш хам хуруч мекунад. Табибон хам дигар кам таъсир расонида метавонистанд.  У хатто хамин чумлаи кадом духтурро, ки «ин бемор дар дами марг аст…» бо гушаш мешунавад. Он вакт ба кавли мардуми мо «насибаш набудаасту намемирад», вале накл кардааст, ки баъди як муддати сихат шуданаш, муйи сафедшудаи сарашро дар оина дида, кариб худро намешиносад.  Бо тавсияи дустонаш барои пушонидани сафедихои сараш хатто муйи сарашро ранг хам мекардааст.

Сиёсатмадорони он вакт хам аз руйи наклхову далелхо борхо Райкинро ба кавли мардум «гам медодаанд».  Як  замоне хато дар руйхати мардуме, ки бояд аз Ленинград бадарга шавад,  оилаи Райкинхо хам будааст. Ба гумони голиб хамон таваччухе, ки нафарони аввали кишвари шурохо ба Райкин доштаанд ва якеи онхо хатто дар 60 солагии худаш 7 карат барои саломатии Райкин нушадааст, нагузоштанд, ки уро хам ба гирдоби тухмату бухтон печонанд.  Хам Сталин ва хам Брежнев ба  хунари Райкин таваччух ва ихлос доштаанд. 
Замони Чанги Дуюми Чахони Аркадий Райкин дар фронт барои аскарону афсарон барномахои консерти ва хунари ташкил мекардааст. 




 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.