ONLINE-РАДИО

10-уми декабр - Рузи Хукуки Инсон

Махз хамин руз Декларатсияи Умумии Хукуки Инсон дар соли 1948 кабул шуда буд

Имруз Рузи Чахонии Хукуки Инсон (Human Rights Day) аст. Он сар аз соли 1950 бо пешниходи СММ (резолютсияи № 423 (V)) хамасола санаи 10-уми декабр кайд карда мешавад. Махз хамин руз дар соли 1948 Асамблеяи Генералии СММ Декларатсияи умумии хукуки инсонро кабул карда буд. Ин хуччат ба гумони голиб, ки бештар аз хуччатхои дигар бо забонхои хоричи тарчума мешавад. Холо матни ин Декларатсия бо беш аз 500 забону лахчаи дунё тарчума шудааст.

Тибки хамин резолютсия кишвархои дунё бояд вобаста ба ин сана ва чорабинихои мушаххасе, ки баргузор мекунанд, маъруза пешниход кунанд. Он то чойе байёнгари вазъи хукукии шахрвандони хамон давлат хам хохад буд.

Дар СССР сар аз соли 1977 хомиёни хифзи хукуки инсон дар Рузи Хукуки Инсон дар майдони Пушкин чамъ омада, ба кавле «Митинги хомуши» - ро баргузор мекарданд. Дар ФР бошад, аз соли 2001 як чоиза таъсис дода шудааст, ки ба номи Андрей Сахаров буда, «За журналистику как поступок» ном дорад. Он чоиза дар хамин руз ба журналистони фаъол такдим мешавад.

Дар Чумхурии Африкои Чануби Рузи Хукуки Инсон дар санаи 21-уми март тачлил мешавад, хамон санае, ки акнун Наврузи байналмиллали аст ва он хамзамон хамчун рузи мубориза алайхи дискриминатсия ё табъйизи нажоди хам пазируфта шудааст. СММ хама сола ин рузро зери шиори мушаххасе баргузор мекунад. Имсол бошад, аз хамин сана маъракаи солона бахшида ба 70 солагии кабули Декларатсияи Умумии Хукуки Инсон огоз мешавад.

Умедворем, ки аввалтар аз хама барои таъмини ХУКУКИ худ икдом мекунем, баъдан барои эхтироми хукуки ИНСОНХО хамвора талош мекунем ва дар ин баробар УХДАДОРИХОИ худро хам пеши ИНСОН ва КОНУН ба ичро мерасонем.




 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.