ONLINE-РАДИО

"ПРЕСС Клуб" дар "Ватан" фаъол шуд

Ин барнома доираҳои журналистиро муттаҳид мекунад

Аллакай ду шумораи барномаи наве бо номи "Пресс Клуб" дар таҳияи ҳамкори нави мо Далери Имомалӣ пешниҳод шуд. Дар ин барнома фақат журналистон ва нафарони ба ин соҳа вобаста даъват мешаванд ва дар мавзуъҳои муҳим, шавқовар ва рузмарра суҳбат мекунанд. Меҳмони аввали мо Сардабири ҳафтаномаи СССР - Сайёфи Мизроб буданд. Меҳмони барномаи дуюми мо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки таҷрибаи зиёди кору фаъолият дар ВАО-и ватаниро доранд, ҳамчунин хеле ҷолибу шавқовар суҳбат доштанд. 
Ин лоиҳа аз ҷониби шунавандаҳои мо (ҳам онҳое, ки забони суҳбататшон тоҷики аст ва ҳам онҳое, ки забони гуфтугуяшон русӣ аст) хеле хуб қабул гашт. 
Паҳлуи дигари барои муҳим аз ин лоиҳа ҳамин аст, ки мо дар назди Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устодони машҳури журналистикаи имрузи тоҷик ва созмону ташкилоти журналистии ватанӣ ваъда додем, ки ба воситаи ин барнома Хазинаи сафо ва навори журналситони тоҷикистониро ташкил мекунем. Ва ин барнома ҳамзамон сабти видоеӣ ҳам мешавад ва он акнун дар хазинаи тиллоии Радиои "Ватан" маҳфуз дошта мешавад. 
Андешаи як бону, шунавандаи Радиои "Ватан" -ро баъди гуш кардани барномаи дуюми "Пресс Клуб" барои мо фиристод, бо сипоси фаровон ба ӯ инҷо мегузорем. Он баёнгари сатҳу сифати барномаи нави мо аст. умедворем, ки дар идома муаллифони ин тарҳ аз ҳамин сатҳ поин намеоянд ва ин лоиҳа ҳамеша ба завқу салиқаи шунавандаҳои нуктасанҷи радиои "Ватан" мувофиқ хохад буд. 

Салом . Пресс-клуб-ро гуш кардам,,, Браво тем кто работал и дал идею над такой рубрикой !!!Похвально!!! Побольше таких эфиров!!!! Очеееееень приятно и познавательно слушался эфир лично для меня. Первый выпуск не успела, гость ваш второй любознательный колкий и очень самоуверенный в разговоре (впрочем я заметила тип людей которые много читали книги-они все такие) вообщем можно сказать что у себя я подозреваю чувство влюблённости и сильную привязанность к вашему радио и все буквы озаглавлены ВАТАН


Ин барномаро барои оммаи васеи шунавандаҳои нуктасанҷи радио ва махсусан барои ҷавононе, ки дар дил орузи журналист шуданро мепарваранд, тавсия медиҳем!!! 
"Пресс Клуб" ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе соати 10:10 ва 19:10, рӯзи якшанбе бошад, соати 17:40 садо медиҳад. 

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.