ONLINE-РАДИО

Озмуни суратгирон - “Чеҳраи бонуи соҳибватан”

Ширкати ТВ ва Радиои “Ватан” дар доираи маъракаи “16 рӯзи мубориза бо хушунат” тақдим мекунад.

 

 

Радиои “Ватан” озмуни акси беҳтаринро миёни сурагирон пешниҳод мекунад. Аксҳоеро, ки баёнгари ҳайёту зиндагии зани тоҷикистонӣ аст, баёнгари ҳолатҳои гаму шодии ӯ аст ва эҳтирому самимятро нисбат ба зан-модар ифода мекунад, ба ин ОЗМУН иросол кунед!

Ғолибон аз руйи ДУ номинатсия муайян карда мешаванд:

Аксҳои беҳтарин, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, барои таҳияи тақвими мавзуӣ истифода мешаванд. Ҳар иштирокчӣ метавонад то 3 аксро ба озмун бифристад. Дар озмун фақат муаллифони аксҳо ширкат варзида метавонанд. Аксҳое, ки мазмун ва муҳтавои онҳо ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ахлоқӣ мухолифат доранд, қабул карда намешаванд.

Қабули аксҳо барои озмун – аз 24-уми октябри соли 2017
Ҷамъбаст - санаи 26-уми ноябри соли 2017

Суратҳоро бо сифати хуб ба нишонии электронии info@vatan.tj фиристода, ҳатман қайд кунед, ки барои озмун аст. Навиштани ному насаб, рақами телефон, ҷойи кор ва вазифаи худро ҳам фаромуш накунед.
Иловатан барои ҳар акс маълумоти кутоҳро ҳам бифиристед. Нависед, ки онҷо кӣ ва дар куҷо акс ёфтааст, он сурат кай  гирифта шудааст.  

Бо ширкат кардан дар ин озмун шумо ҳуқуқи истифодаи он аксҳоро дар тайвими мавзуӣ ва интишор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи расмии Радиои “Ватан” ба ихтиёри муассисони озмун мегузоред.

Ғолибонро аз рӯйи  номинатсияи аввал ташкилкунанда дар якҷоягӣ бо коршиносон интихоб мекунанд.

Озмун бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон баргузор карда мешавад.  



РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.