ONLINE-РАДИО

Хуни тозае дар шарёни "Ватан"

Мо лоиҳаҳои нави радиоро пешниҳод мекунем.

Акнун ки мавсими таваҷҷуҳи бештар ба радио ва барномаҳои радиоӣ фаро мерасад, акнун ки эхтимоли ҷорӣ нашудани лимити барқ моро хушнуд мекунад ва акнун ки чанд тан корманди ҷавон барои таҳияи барномаҳо дар Радиои "Ватан" даври санқиширо пушти сар мекунанд, мо ба таҳия ва пешниҳоди барнома ва лоиҳаҳои наве шуруъ мекунем. Ғайрати Маъруф ва Далери Имомалӣ - акнун ду ҳамкори нави мо ҳастанд, ки яке ба таҳия ва пешниҳоди нашрҳои хабари, ки ҳама рғза 11 то ҳастанд ва дигаре барои таҳия ва тақдими якбора се лоиҳаи хуби радиоӣ - "Пресс Клуб", "Як руз дар таърих" ва "Фейсбук Нюс" омода ҳастанд. Иловатан акнун саҳифаи "Раҳораҳ" дар "Субҳи Ватан" бо сарпарастии равғанҳои мошини GP DEOGEN, GP PETROGEN ва General Super Plus, саҳифаи "Чарх" бо сарпарастии малҳами ХОНДРОКСИД, саҳифаи "Мо Ҳамсафарем" бо сарпарастии ширкати "ГАЗПРОМНЕФТ ТОҶИКИСТОН", ахбори молия ва иқтисод бо сарпарастии "КАЗКОМ" тақдим мешаванд. 
Дар мавриди боз чанд лоиҳаи хуби радиоӣ мо баъдтар хохем навишт....


Хулоса, мавсими тирамоҳу зимистони навбатӣ бо Радиои "Ватан" гарму хостанӣ ва гуворо хохад буд. 

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.