ONLINE-РАДИО

1-июн Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон....

 Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Cоли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар шуд. Аммо баъзе кишварҳо 20 ноябр, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон ҷашн мегиранд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон  Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак амал мекунад, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.

Дар ин рузи фархунда ҳамаи кӯдакони ҷахонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хохонем.

 

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.