ONLINE-РАДИО

Иди Фитр муборак!!

 Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.
Ба ин муносибат ширкати телевизион ва радио кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рӯзи Саиди Фитр  табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамояд.

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.