ONLINE-РАДИО

Ба ифтихори Рузи байналмилалии китоби кудакон...

Ба ифтихори ҷаҳонии Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон аз 2 то 9 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки ин ҷашнвораро бо унвони "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!" роҳандозӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар намоиши китобии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, намоиши “Лаҳзаҳо аз фестивал”, ва намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Намоиш – фурӯши китоб рӯзи 3 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, Мактаби таълими миёнаи умумии № 32 ноҳияи Сино, соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соати 14.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода доир мегардад.

Рӯзи 4 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод, Мактаби таълими миёнаи умумии № 1 ноҳияи И. Сомонии пойтахт ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун соати 14.00 баргузор мешавад. Рӯзи 5 апрел, соати 10.00 дар Китобхона-филиали №10 ноҳияи Варзоб ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №17 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Идомаи фестивал рӯзи 6 апрел, соати 10.00 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, Мактаби таълими миёнаи умумии № 55 –и ноҳияи Шоҳмансур ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад. Фестивал рӯзи 7 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва соати 11.00 дар Мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе идома меёбад.

Рӯзи 8 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, Мактаби таълими миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 70-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрели соли 2022, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва бо супоридани тӯҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар саросари ҷаҳон ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад.

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.