ONLINE-РАДИО

"Субҳи Ватан"-барнома барои мардуми бедор...

 

Радиои «Ватан”  тули 18 сол аст, ки барномаҳои хубу шуниданиро қариб дар ҳама самтҳо тули 24 соат пешниҳоди шунавандаҳо мегардонад. Кормандони ин радио талош мекунанд, табъи шумо шунавандаҳоро бо барномаҳои ҷолиб боз ҳам болидатар кунанд. “Субҳи Ватан” яке аз беҳтарин барномаҳо дар радио мебошад, ки тули 18 сол бетанафус пешкаш мешавад.  Муаллиф ва ровии ин барнома Субҳон Чалилов аст. Аввалин шоу-барномаи саҳарӣ бо забони сирф тоҷикӣ. Бо шунидани ин барнома ва бахшҳои аҷибу ғариб ва ҳазлу шухиҳои ровӣ сад дар сад кафолат медиҳем , ки тули руз руҳатон болида хоҳад гашт. Барномаи “Субхи Ватан” беш аз 50 бахшро дарбар мегирад. Тавре худи муаллифи барнома Субҳон Ҷалилов мегуяд: «Субҳи Ватан барои мардуми бедор»

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.