ONLINE-РАДИО

Видео-подкастҳои нави радиои "Ватан"

Боздиди кормандони радиои "Ватан" аз шаҳру навоҳии кишвар

   Нимаи моҳи июн соли ҷорӣ, гуруҳи эъҷодии ШТР "Ватан" барои сабти видео-подкастҳо ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуданд. Қаҳрамони аввалини мо Ҷамолиддин Шарипов аз соли 2018 инҷониб дигар ба муҳоҷират намеравад. Ин ҳосиле, ки мебинем заҳмати дасти ӯ ва аҳли оилааш аст. Ҷамолиддин дар вилояти Хатлон н. Кушониён зиндагӣ мекунад. Қаҳрамони дуюми мо Мирзомуддин Ҷалолов имкон дошт барои зисти доими бо аҳли оилааш Русияро интихоб кунад аммо не гуфт ва дар Ватан монд. Мирзомуддин сокини деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат аст. Яҳё Исломов, бошад нуҳ сол муҳоҷир дар Ҷопон буд ва ҳатто ду соли охир ширкати машваратӣ барои сайёҳонро дар онҷо таъсис дода буд давраи пондемия дар Ватан монд ва акнун чунин ширкатро инҷо фаъол кардааст. Ҳоло Яҳё дар фикри он аст, ки баъди боз шудани роҳҳо дубора муҳоҷират равад ё дар Ватан монад...? Сабти видео-подкастҳо бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода мешавад. Барои муҳтавои ин подкастҳо Радиои "Ватан" масъул буда, он инъикосгари ҳатмии мавқеи USAID, Ҳукумати ИМА ё Internews нест. Шакли пурраи видео-подкастҳо моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоии радиои "Ватан" нашр мешавад.

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.