ONLINE-РАДИО

Х,ушдории обух,авошиносон аз сардих,о...

Сардиву борону барф....

Шуруъ аз имруз 18 ноябр то 21 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво сардтар мешавад ва барфу боронҳои пуршиддат дар назаранд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки бинобар вазиши сахти бод ва бориши барфи тар хароб шудани хатҳои барқ, эҳтимоли афтидани дарахтон, вайрон шудан ва ба замин задани пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад. Дар робита бо пешгӯии бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар куҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд, инчунин аз гузаронидани корҳои саҳро ва рафтан ба шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.