ONLINE-РАДИО

СҶТ пушидани ниқобҳои тиббиро тавсия медихад

COVID-19 дар ҳоли афзоиш аст...

Дар шабу рӯзе, ки аксар кишварҳо бо коронавирус даст ба гиребонанд ва ҳар кас чораи пешгирӣ аз сироят ёфтан ба вирусро меҷӯяд, пизишкон бо худ доштани ниқобҳои тиббиро маслиҳат медиҳанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи ниқобҳои тиббӣ чӣ мегӯяд ва ниқобҳо аз чӣ ҳимоят мекунанд?

  Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале хатари сироятро кам менамоянд. Ба таъкиди созмон, агар одам сиҳат аст ва дар атрофаш хатари таҳдиди сироят нест, пӯшидани ниқоб зарурат надорад. Ниқобро касе бояд пӯшад, ки бемор аст ва ё беморро парасторӣ мекунад. Вале дар ҳар сурат барои эҳтиёт ва пешгирӣ ҳоло дар Тоҷикистон ҳам афроде, ки бо ниқоб мегарданд кам нестанд ва талабот ба он зиёд аст.Бад ин хотир бархе аз корхонаҳои нассоҷӣ  дар ҷумҳурӣ шеваи корӣ худро тағйир дода, ба тавлиди ниқоб шурӯъ карданд. Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон мисли кишварҳои гирифтори коронавирус ҳатмӣ нест, аммо шумораи афроди ниқобпӯш дар хиёбону муассисаҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Онҳо маъмулан ниқобро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам мепӯшанд. Беш аз даҳ корхонаи дӯзандагии хурду бузург ҳоло дар Тоҷикистон ба омода кардани ниқобҳои тиббӣ машғуланд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин коргоҳҳо дар як рӯз аз 5 то 30 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунанд.  Корхонаҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба тавлиди ниқобҳои тиббӣ машғуланд мегӯянд, ин корро дар машварат бо ниҳодҳои тандурустӣ омода мекунанд. Арзиши ниқобҳои тавлиди корхонаҳои дохилӣ аз ду сомонӣ шурӯъ мешавад.    

Тавсия барои пӯшидани ниқоб

Хушбахтона ин вабои фарогир то кунун дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо мебинем мешунавем, ки духтурон тавсия медиҳанд, бо ниқоб бигардед. Мо ҳам барои пешгирӣ ниқоб мебандем. Ҳамзамон  вазорати тандурустии кишвар маслиҳат дода буд, ки баҳри пешгирӣ аз инн вирус дар ҳар корхонаву идораҳо маҳлулҳои антисептикӣ  бошанд. Бояд гуфт чораҳои пешгирӣ аз беморӣ дар кишвар пурзӯр карда мешаванд. Бо мақсади пешгирӣ беморхонаҳо, гузаргоҳҳо, фурудгоҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ поккорӣ яъне дезинфексия карда мешаванд."

Тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои пешгирӣ аз вируси корона

Бар асоси талаботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ набояд дастро обгардон кард, балки то 30 сония шуст. Набояд дастро ба даҳон, руй, бинӣ ва чашм расонид. Усули дигари муҳим барои сиҳатии инсон, ин обутоб додани бадан аст. Дар ин ҳолат бояд масуниятро баланд кард. Чун ин натанҳо барои бемориҳои сироятӣ, балки барои бемориҳои соматикӣ ҳам муҳим аст. Дар навбати аввал бояд дар бадани одам миқдори муайяни витамини С мавҷуд бошад. Ба гигиена дар хонавода ҳам бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Ҳавои хонаро зуд-зуд иваз кард, то дар ҳолати вуҷуд доштани вирусҳо он аз шуъои офтоб қобилияти фаъолнокиро аз даст медиҳад. Одамон метавонанд дастаҳои дару тирезаҳои хонаро бо маҳлули Domestos пок кунанд. Инро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҳамчун маводи безараркунанда тавсия медиҳанд. Ба ҳар ҳол ба ибораи "Эҳтиёт ними ҳаёт" бояд аҳамият дод.

 

 

РАДИОИ ВАТАН БАРОИ ҲАМКОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ШАРИКӢ ОМОДА АСТ.