Арзиши неруи барк 20 дарсад боло рафт

Арзиши неруи барк 20 дарсад боло рафт
20 января 2010

Дар Точикистон тарофахо барои истифодабарандагони неруи барк то 20 фоиз боло рафт. Дар ин бора хабаргузории Авесто бо такя ба Вазорати энергетика ва саноати чумхури хабар додаст. Гуфта мешавад, ки тарофахои нав барои истифодаи кувваи баркро хукумати чумхури кабул кард. Акнун мувофик карор ахоли барои хар як киловат соати неруи барк 9 дирам (0,09 сомони) бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда пардохт мекунад. Каблан бояд ахоли барои истифодаи неруи барк 7, 5 дирам пардохт мекард. Хамчунин хабар дода шудааст, ки тарофахои нав тибки карори хукумат аз 1 январи соли чори амал мекунад. Арзиши 1 киловат соат неруи барк барои корхонахои саноати ва гайрисаноати 21, 3 дирам (каблан 13, 68 дирам), барои созмонхои бучави 8, 5 (каблан 5, 44 дирам) ва барои истгоххои нассоси ва наклиёти барки 5, 7 дирам (каблан 3, 64 дирам) муайян карда шудааст. Ёдрас мешавем, ки каблан бонки чахони ба хукумати Точикистон пешниход карда буд, тарофахо барои истифодабари неруи баркро дар кишвар то 3 сенти амрикои баробар ба 13 дирам муайян кунад.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!